Дуо кимии саодат

Dating > Дуо кимии саодат

Download links:Дуо кимии саодатДуо кимии саодат

Касе, ки дар ин ҷаҳон мусалмонеро ҳасад кунад, дар қиёмат хештанро бар ин си- фату сурат бинад, ки ҳақиқати ҳасад ва рӯҳи вай он аст, ки ту қасд мекунӣ ба душмане, ки вайро зиён намедорад ва зиён бо ту меояд ва ди- ни ту ҳалок мекунад ва тоатҳои ту, ки нури чашми ту дар он хоҳад буд, бо девони дафтар, номаи амал вай накд мекунанд, то ту бетоат бимонӣ. Пайғамбаримиз Муҳаммад алайҳиссалом дуо ҳам ибодат эканини марҳамат қиладилар.

Эй борлиқ мулкнинг мутлақ соҳиби Моликул-мулк! Имом Ғаззолий таълимотича, нафс икки хил: биринчиси, инсондаги ғазаб ва шаҳват қувватлари; иккинчиси, инсоннинг ўзидир. Ҳамчунин ин наваду нӯҳ аждарҳо дар даруни вай буд, пеш аз марг ва вайро хабар на- буд, то акнун, ки захми вай падид омад. Ҳаққа етишиш, ўзининг ҳақ эканини билиш. Пас, ин ҷумла аз ҷумлаи боқиёти солиҳот аст, ки Ҳақ азза ва ҷалла гуфт: «Ва-л-боқийоту-с-солиҳоту хайрун ъинда Раббика» 2. Албатта, зикр билан зикрнинг фарқи бор. Буюк, Халим Аллохдан ўзга илох йўк. Фақир бойдан бошқа кимга ҳам қўл очарди?! Ва шарҳи ҳақиқати хоб дар ин ки- тоб мумкин нест. Шақиқ-и Балхий Иброҳим Адҳамнинг лабаси бўлган. Ул зотнинг атрофларида замонанинг бир юз нафар уламолари йиғилишган экан.

Гуфт: «Ин уқубат беш аз он нест, ки ҳам аз они шумо фаро пеши шумо ниҳад». Солик бунда «фани фи Аллоҳ», яъни Аллоҳга яқинлашади нашр. Ва беш аз ин касе аз он хабар надорад. Itʼs also possible that your computer has been infected with a Spambot virus thatʼs using your computer to gather information.

- Скачать видео - это просто!

Ҳамон гуна ки худ дар китоби «Ал-мунқиз мина-з-залол» менависад, чун улуми расмии зоҳирй дарди дарунии ӯро дармон намекард ва ба «чаро? »-ҳои фаровоне, ки ҳар мутафаккири ҳушмандеро дар даврони зиндагй роҳат намегузоранд, ҷавобҳои хотирписанде намедод, дар зим- ни муддати тадрис ва пеш аз он ба таҳсили фалсафа пардохт ва гуфторҳои сӯфиён ва мутакаллимон ва ботиниёнро зеру забар кард ва дар поёни кор чун аз ҳеч роҳ оромиши хотире барояш фароҳам нашуд, аз дастгоҳи дунёӣ ва тадрису мансаб сер омад ва ҳолаш дигаргун шуд ва ба ночор аз ҳама чиз чашм пӯшид ва аз Бағдод берун шитофт ва оҳанги Шому Ҳиҷоз кард ва гӯшае гирифт ва дар ҳамин гӯшагирйҒаззолии ди- гаре шуд, ки осораш - ва билхусус китоби ҳозир - ӯро ҳамон гуна ба мо муаррифй мекунанд. Ин ҳоли вай то даҳ сол, яъне то 498 давом кард ва дар ин сол шавқи дидори зану фарзанд ӯро ба Тӯс кашонид ва як соли дигар ҳамчунон дар гӯшаи узлат бизист. Дар поёни ин сол, ниме ба исрор ва илзоми Фахрулмулк - вазири Султон Санҷар ва ними камтаре ба майли худ, тадриси Низомияи Ни- шобурро пазируфт, вале Ғаззолии Нишобур дигар буд ва Ғаззолии Бағдод дигар: ин Ғаззолие буд, ки дар бӯтаи муҷоҳидатҳо ва риёзатҳои ёздаҳсола гудохта шуда, поку беолоиш аз кор даромада буд, забоне, ки аз андешаи сар нерӯ мегирифт, яксара ба дил пайваста буд ва дарсҳоеро тақрир мекард, ки ба мукошифа ва мушоҳида аз Устоди офариниш омӯхта буд. Аз Ғаззолӣ беш аз сад китоб ва рисолаи бузургу кӯчак дар фиқҳу ҳадис ва калому ахлоқ ва фалсафаву ҷуз он бар ҷой монда, ки гули сари сабади онҳо дар забони арабӣ китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ва дар форсй хулосае аз он китоб ба номи «Кимиёи саодат» мебошад. Имом Ғаззолӣ китоби «Эҳё»-ро дар муддати гӯшагирӣ ва узлат на- вишта; ва тақсимбандии рукнҳову аслҳо ва фаслҳои он тақрибан монан- ди «Кимиёи саодат» мебошад. Китоби «Кимиёи саодат» ҳамон тавр ки гуфтем - хулоса ва эҳтимоли наздик ба яқин, хулосаи тарҷимамонанде аст, ки худи Ғ аззолӣ аз китоби «Эҳё» берун овардааст. Муқаддимаи «Кимиёи саодат» чанд сол пеш дар Теҳрон ба кӯшиши чанд тан аз некон ва донишмандон ба чоп расида ва тамоми китоб дар Ҳиндустон чанд бор чоп хӯрдааст. Як нусхае, ки саду анд сол пеш дар Ҳиндустон чоп шуда ва дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои миллӣ мавҷуд аст, нусхаи бисёр хубе аст ва менамояд, ки дар тасҳеҳи он мунтаҳои диққат ва таҳқиқ ба амал омада, вале чопи дигаре, ки дар дастрас мебо- шад, мутазаммини ислоҳоте аст, ки ғолибан аз лиҳози наздик кардани сабки иншо ба замонҳои баъд аз муаллиф ба амал омада ва бо афсӯс бо- яд гуфт, ки то андозае тасарруфоти нобаҷое будааст. Нусхае, ки китоби ҳозир аз рӯи он ба чоп мерасад, нусхае аст мутааллиқ ба ношир - оқои Сабӯҳӣ, мудири китобфурӯшӣ ва чопхонаи марказй, ки тақрибан нимаи бештар аз рукни чаҳорумро надорад ва таърихи навиштани он ба яқин муайян нест, вале аз рӯи қароине, ки сабки нигориш ва коғазу муқоиса бо нусхаҳои ҳамзамони он ба даст медиҳад, чунин бармеояд, ки таърихи он аз садаи ҳаштум наздиктар нест, сафҳаи аввали рукни саввуми китоб, ки ба хости Худованд сафҳаи аввали муҷаллиди сонии ин чоп хоҳад шуд, гиравир шуда ва дар охири ин муқаддима ба назар мерасад. Ду нусха аз китобхонаи Маҷлис ва се нусха аз китобхонаи миллӣ, то андозае, ки муяссар будааст, тарафи муроҷиаи мусаҳҳеҳ буда, ки аз миёни онҳо як нусхаи хеле кӯҳнаи китоб- 1 Барои донистани тарҷимаи ҳол ва иттилооти бисёр муфассал ва гаронбаҳои дигар дар бораи зиндагонии Ғаззолӣ раҳматуллоҳи алайҳи ба китоби нафиси донишманди мӯҳтарам оқои Ҷалол Ҳумоӣ, ки «Ғаззолинома» ном дорад, муроҷиа шавад. Дар зимни муқобила, ҳар ҷо ки дар иборат ташвиш ва печидагӣ набу- да, айни навиштаи нусхаи оқои Сабӯҳӣ барои чоп интихоб шуда ва ҳар ҷо ибҳом ва таъқиде мушоҳида шуда, ба ҳама ё бештар нусхаҳои чопӣ ва хаттӣ муроҷиа ва бидуни изофа кардани калимае аз хориҷ, иборати нус- хаи саҳеҳтар интихоб шудааст ва агар аҳёнан бо ин тартиб ҳам ишкол ба ҳамон ҳол боқй мондааст, пас аз муроҷиа ба китоби «Эҳё», гумони мусаҳҳеҳ дар поварақӣ изҳор шудааст. Ҷуз он чи дар зер ёд карда мешавад, нусхае, ки ба дасти хонандагон супурда мешавад, битамомиҳи ба нусхаи оқои Сабӯҳй шабоҳат дорад: 1 - «Чунонки» ва «чунончи» ва «балки» ва «бад-он ки» дар ин нусха ба сурати «чунонч» ва «чунонк» ва «балк» ва «бад-онк» будааст. Тасарруфоте, ки барои зебой ва осонии фаҳми матолиб раво дидаем, ҳаминҳост, ки дар зер ёдовар мешавем: 1 - Номҳои хосро ба ҷуз номи Худову расул, ки дар бештари сафҳаҳо чандин мартаба омадааст, бо ҳуруфи сиёҳ овардаем. Ин аломат «,» барои ҷудо кардани пораҳои як ҷумла аст; ин аломат «;» барои ҷудо кардани ду ҷумла аст, ки то андозае ба якдигар пайвастагӣ доранд ва рӯйҳамрафта матлабро тамом мекунанд; ин аломат «. »-ро дар поёни ҷумла гузоштаем; ҷумлаҳое, ки байни ду хатти уфуқӣ бад-ин су- 5 рат: « -. » пас аз ҷумлаҳое аст, ки пурсишеро мерасонанд; ин аломат «! » барои намудани шигифтй ва тааҷҷуб аст; ва ҳар ҷо бо аломати пурсиш бо ҳам гузошта шуда «?! », маълум медорад, ки пеш аз он пурсише аст омехта бо шигифтӣ. Ҳар ҷо калима ё таркибе будааст, ки бо сабки истеъмоли ҷорй тафовут дошта, ё ҳар ҷо тасаввур мешудааст, ки дарёфти маънии луғате барои бештари хонандагон душворӣ дошта бошад, ададе миёни ду камони кӯчак бад-ин « 1 » гузошта, дар пойини сафҳа тавзеҳи мухтасаре дар он бора додаем. Ба ҳеч рӯй иддао намекунем, ки нусха комилтарин шакли мумкин бошад, ки битавон аз «Кимиёи саодат» ба даст дод, вале мо бо андозаи худ кӯшиш кардаем ва агар дигарон андешаҳои беҳтаре доранд, албатта аз ошкор кардани он дареғ нафармоянд, чи умеди ин ҳаст, ки ин китоби нафис чопи саввумйҳам пайдо кунад ва бо камоли майлу рағбат ёдовариҳои муфиде, ки дар ин хусус ба китобфурӯшии марказӣ бира- сад, дар чопи дигар мавриди истифода қарор хоҳад гирифт ва аз назарҳои интиқодӣ, ки арбоби дониш иброз доштаанд, суди шоёне фароҳам ояд. Худованд бар равони муаллиф раҳмат фиристад ва мусаҳҳеҳу ношир ва хонандаро ҳам аз ин раҳмат бенасиб нафармояд, ба Муҳаммад ва олиҳи. Аҳмади Ором Теҳрон - Озармоҳи 1319 6 ФЕҲРАСТИ МАТОЛИБ Дебочаи китоб. ЗО Фаслиҳаштум - Муроқибати ҳаракот ва саканоти худ. Худованд ин рӯсиёҳ ва ҳама касонеро, ки дар кори ин китоб ранҷе бурдаанд, бо хо- нандагони китоб дар паноҳи Худ нигоҳ дорад, ки ҳамаи хайрот дар ин паноҳгоҳ аст ва ободонии дунёву охират аз он. Ва-л-ҳамду лиллоҳи Раб- би-л-ъоламин. Аҳмади Ором КИМИЁИ САОДАТ Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим Ва биҳи сиқатӣ Шукру сипоси фаровон, ба адади ситораи осмон ва қатраи борон ва барги дарахтон ва реги биёбон ва зарраҳои замину осмон, мар он Ху- дойро, ки ягонагӣ сифати Уст. Ва ҷалолу кибриё ва азамату уло ва маҷду баҳо хосияти Уст. Ва аз камоли ҷалоли Вай ҳеч офарида огоҳ нест ва ҳеч касро ба ҳақиқати маърифати Вай роҳ нест, балки иқрор додан ба аҷз аз ҳақиқати маърифати Вай мунтаҳои маърифати сиддиқон аст ва эътироф овардан ба тақсир дар ҳамду санои Вай ниҳояти санои фариштагон ва пайғамбарон аст. Ва ғояти ақли уқало дар мабодии ишроқи ҷалоли Вай ҳайрат аст ва мунтаҳои сайри соликону муридон дар талаби қурб ба ҳазрати ҷамоли Вай даҳшат аст. Ва гусастани умед аз асли маърифати Вай таътил аст ва даъвии камоли маърифати Вай аз хаёл ташбеҳ ва там- сил аст; насиби ҳама чашмҳо аз мулоҳизаи ҷамоли зоти Вай хирагӣ аст ва самараи ҳамаи ақлҳо аз назар ба аҷоиби сунъи Вай маърифати зарурй аст. Ҳеч кас мабод, ки дар азамати зоти Вай андеша кунад, то чй гуна аст ва чист? Ва ҳеч дил мабод, ки як лаҳза аз аҷоиби сунъи Вай ғофил монад, то ҳастии Вай ба чист ва ба кист? То ба зарурат бишино- сад, ки ҳама осори қудрати Ӯст ва ҳама анвори азамати Ӯст ва ҳама ба- 16 доеъу ғароиби ҳикмати Ӯст ва ҳама партави ҷамоли ҳазрати Ӯст ва ҳама бад-Ӯст, балки худ ҳам Ӯст, ки ҷуз Вай ҳеч чизро ҳастй ба ҳақиқат нест, балки ҳастии ҳама чизҳо партав ва нури ҳастии Ӯст. Ва дуруд бар Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки саййиди пайғамбарон аст ва роҳнамо ва роҳбари мӯъминон аст ва ами- ни асрори Рубубият аст ва баргузида ва бардоштаи ҳазрати Илоҳият аст; ва бар ҷумла ёрон ва аҳли байти вай, ки ҳар яке аз эшон қудваи уммат аст ва пайдокунандаи шариат аст. Бидон, ки одамиро ба бозӣ ва ҳарза наёфаридаанд, балки кори вай азим аст ва хатари вай бузург: чи агар вай азалӣ нест, абадист ва агарчи колбади вай хокй ва суфлй аст, ҳақиқати рӯҳи вай улвй ва Раббонй аст. Ва гавҳари вай агарчи дар ибтидо омехта ва овехта ба сифо- ти баҳимӣ ва сабъиву шайтонӣ аст, чун дар бӯтаи муҷоҳидати наҳй аз ин омезиш ва олоиш пок гардад ва шоистаи ҳазрати Рубубият шавад; ва аз асфалуссофилин то ба аъло иллиййин ҳама шебу боло кори ӯст: ва ас- фалуссофилини вай он аст, ки дар мақоми баҳоим ва сибоъу шаётин фуруд ояд, ки асири шаҳват ва ғазаб шавад; ва аъло иллиййини вай он аст, ки ба дараҷаи малоика расад, чунон ки аз дасти шаҳват ва ғазаб ха- лос ёбад ва ҳар ду асири вай гарданд ва вай подшоҳи эшон гардад. Ва чун бад-ин подшоҳӣ расад, шоистаи бандагии ҳазрати Илоҳият гардад ва ин шоистагӣ сифати малоика аст ва камоли дараҷаи одамӣ аст. Ва чун вайро лаззати унс ба ҷамоли ҳазрати Илоҳият ҳосил шуд, аз мутолиаи он ҷамол як соат сабр натавонад кард. Ва назора кардан дар он ҷамол биҳишти вай шавад ва он биҳиште, ки насиби шаҳвати чашму фарҷу шикам аст, наздики вай мухтасар шавад. Ва чун гавҳари одамӣ дар аввали офариниш ноқис ва хасис аст, мум- кин нагардад вайро аз ин нуқсон ба дараҷаи камол расонидан, илло ба муҷоҳидат ва муолиҷат. Ва чунон ки он кимиё, ки мису биринҷро ба сафову покии зари холис расонад, душвор бувад ва ҳар касе нашиносад, ҳамчунон он кимиё, ки гавҳари одамиро аз хасисияти 1 баҳимият ба сафову нафосати малакият расонад, то бад-он саодати абадӣ ёбад, ҳам душвор бувад ва ҳар касе на- донад. Ва мақсуд аз ин китоб шарҳи ахлоти ин кимиёст, ки ба ҳақиқат кимиёи саодати абадист. Ва ин китобро бад-ин маънй «КИМИЕИ САО- ДАТ» ном кардем. Ва номи «Кимиё» бар вай авлотар, чи тафовут миёни мису зар беш аз суфрат 2 нест ва самараи он кимиё беш аз танаъъуми ду- 1 Пасти ва фурумояги. Ва тафовут миёни сифоти баҳоим ва сифоти малоика чанд аст 1 , ки аз асфалуссофилин то ба аъло иллиййин ва самараи ин кимиё саодати абадист, ки муддати вайро охир нест ва ан- воъи наими вайро ниҳоят нест ва ҳеч кудуратро ба наими ӯ роҳ нест. Бидон, ки чунон ки кимиёро дар ганҷинаи ҳеч пирзан наёбанд, балки дар хизонаи мулук ёбанд, кимиёи саодати абадӣ низ ҳар ҷое набошад, дар хизонаи Рубубият бошад; ва хизонаи Худой дар осмон ҷавоҳири фа- риштагон аст ва дар замин дилҳои пайғомбарон. Пас, ҳар ки ин кимиё ҷуз аз ҳазрати нубувват ҷӯяд, роҳғалат карда бошад ва охири кори вай қаллобй 2 бошад ва ҳосили ҳоли вай пиндоре ва гумоне бошад ва дар мавсими қиёмат ифлоси вай пайдо шавад ва қаллобии вай ошкор шавад ва пиндорҳои вай расво шавад ва бо вай гӯянд: «Фа кашафно ъанка ғитоака, фа басарука-л-йавма ҳадидун» 3. Ва аз раҳматҳои бузурги Худованди таъоло яке он аст, ки саду бисту чаҳор ҳазор пайғомбарро ба халқ фиристод барои ин кор, то нусхати ин кимиё дар халқ омӯзанд ва бо эшон бигӯянд, ки гавҳари дилро дар бӯтаи муҷоҳидат чун бояд ниҳод ва ахлоқи замимаро, ки хубсу кудурати дил аз ӯст, аз вай чун бояд зудуд ва авсофи ҳамидаро ба вай чун бояд кашид. Ва барои ин буд, ки чунон ки Ҳақ таъоло ба подшоҳй ва покии Худ тамаддуҳ кард, ба фиристодани анбиё салавотуллоҳи алайҳим аҷмаъин низ тамаддуҳ кард ва миннат ниҳоду гуфт: «Йусаббиҳу лиллоҳи мо фй-с- самовоти ва мо фй-л-арзи-л-Малики-л-Қуддуси-л-ъазизи-л-Ҳаким. Ҳува- л-Лазӣ баъаса фӣ-л-уммиййина расулан минҳум, йатлу ъалайҳим ойотиҳи ва йузаккийҳим ва йуъаллимуҳуму-л-Китоба ва-л-ҳикмата ва ин кону мин қаблу ла фӣ залолин мубин» 4 ва «йузаккийҳим» он бувад, ки ахлоқи нописандида, ки сифоти баҳоим аст, аз эшон пок кунад ва «йуъаллимуҳуму-л-Китоба ва-л-ҳикмата» он аст, ки сифоти малоикаро либосу хилъати эшон гардонад. Ва мақсуд аз кимиё он аст, ки аз ҳар чи менабояд ва он сифоти нуқс аст, пок ва бараҳна шавад ва ба ҳар чй мебибояд ва он сифоти камол аст, ороста шавад. Ва сарҷумлаи ин кимиё он аст, ки рӯй аз дунё бигардонад ва ба Худои таъоло орад, чунон ки расулро алайҳиссалом таълим карду 1 Он андоза аст. Пас чашми ту имрӯз тезбин аст. Ӯст, ки барангехт дар бесаводон пайғамбаре аз эшон, ки оёти Вайро барояшон мехонад ва ононро пок мекунад ва Китобу дониш меомӯзад, агарчи буданд бештар дар гумроҳии ошкоро. Ва маънии «табтил» он бувад, ки аз ҳама чизҳо гусаста гардад ва ҳамагӣ худро ба Вай диҳад. Фазолика 2 , ин кимиё ин аст ва тафсили вай дароз аст. Аммо унвони вай маърифати чаҳор чиз аст ва аркони вай чаҳор муо- милат аст ва ҳар рукнеро аз вай даҳ асл аст, чунон ки дар феҳраст низ пайдо карда шавад: чаҳор унвон ва чаҳор рукну чиҳил асл. Тамоми ин китоб ва феҳрасти вай ин аст, ки ёд карда шавад, иншоаллоҳу таъоло. Феҳраст Унвони аввал он аст, ки ҳақиқати худро бишиносад. Унвони дуввум он аст, ки Худойро бишиносад. Унвони саввум он аст, ки ҳақиқати дунёро бишиносад. Унвоничаҳорум он аст, ки ҳақиқати охиратро бишиносад. Ва ин чаҳор маърифат ба ҳақиқат унвони мусалмонӣ аст. Аммо аркони муомилаи мусалмонй низ чаҳор аст: ду ба зоҳир тааллуқ дорад ва ду ба ботин. Он ду, ки ба зоҳир тааллуқ дорад, рукни аввал гузордани фармони Ҳақ аст, ки онро ибодат гӯянд ва рукни дув- вум нигоҳ доштани адаб аст дар ҳаракоту саканот ва маишат, ки онро муомилот гӯянд. Ва аммо он ду, ки ба ботин тааллуқ дорад, рукни аввал пок кардани дил аст аз ахлоқи нописандида, чун хашму бухл ва ҳасаду кибр ва уҷб, ки ин ахлоқро «мӯҳликот» гӯянд ва «ақаботӣ 3 роҳи дин» гӯянд ва дигар рукн оростани дил аст ба ахлоқи писандида, чун сабру шукр ва муҳаббату раҷо ва таваккул, онро «мунҷиёт» гӯянд. Рукни аввал дар ибодот аст ва он даҳ асл аст: Асли аввал дуруст кардани эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат; асли дуввум ба талаби илм машғул шудан; асли саввум дар таҳорат; асличаҳорум дар намоз хондан; асли панҷум дар закот; аслишашум дар рӯза; асли ҳафтум дар ҳаҷ кардан аст; асли ҳаштум дар Қуръон хондан; асли нӯҳум дар зикру тасбеҳ; асли даҳум дар вирдҳо ва вақти ибодот рост доштан. Рукни дуввум дар одоби муомилот ва он низ даҳ асл аст: Асли аввал одоби нон хӯрдан; асли дуввум одоби никоҳ кардан; асли 1 Ва ёд кун номи Парвардигоратро ва бигусил ба сӯи Ӯ гусастане. Рукни саввум дар буридани ақаботи роҳи дин, ки онро «мӯҳликот» гӯянд; ва он низ даҳ асл аст: Асли аввал дар пайдо кардани риёзати нафс ва илоҷи хӯи бад ва ба даст овардани хӯи нек; асли дуввум андар шаҳвати шикам ва фарҷ; асли саввум дар илоҷи шараҳи сухан ва офоти забон; асличаҳорум дар илоҷи бемории хашм ва ҳикду ҳасад; аслипанҷум дар дӯстии дунё ва бемории тамаъ; аслишашум андар илоҷи бухл ва ҳирси ҷамъ кардани мол; аслиҳафтум андар илоҷи дӯстии ҷоҳ ва ҳашмат ва офати он; асли ҳаштум андар илоҷи риё ва нифоқ дар ибодот; асли нӯҳум андар илоҷи кибру уҷб, асли даҳум андар илоҷи ғафлат ва залолату гурур. Рукни чаҳорум дар мунҷиёт ва ин низ даҳ асл аст: Асли аввал дар тавба ва берун омадан аз мазолим; асли дуввум дар сабру шукр; асли саввум дар хавфу раҷо; асличаҳорум дар дарвешй ва зӯҳд; аслипанҷум дар сидқу ихлос; аслишашум дар муҳосиба ва муроқиба; аслиҳафтум дар тафаккур; асли ҳаштум дар тавҳид ва тавак- кул; асли нӯҳум дар муҳаббат ва шавқ; асли даҳум дар зикри марг. Ва мо андар ин китоб ҷумлаи ин чаҳор унвон ва чаҳор рукн ва чаҳор аслро шарҳ кунем барои форсигӯён. Ва қалам нигоҳ дорем аз ибороти баланду муғлақ ва маънии борику душвор, то фаҳми авом онро дарёбад, чӣ агар касеро рағбат ба таҳқиқеву тадқиқе бошад варои ин, бояд ки аз кутуби тозй талаб кунад: чун китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ва китоби «Ч,авоҳиру-л-Қуръон» ва тасонифи дигар ки дар ин маънй ба тозй тас- ниф кардаем, ки мақсуди китоб авоми халқанд, ки ин маъниро ба порсӣ илтимос карданд ва суханро аз ҳадди фаҳми эшон натавон даргузошт. Эзад субҳонаҳу ва таъоло нияти эшон дар илтимос ва нияти мо дар иҷобат пок гардонод; ва тавфиқ арзонӣ дород, то аз шавоиби риё ва ку- дурати такаллуф холис гардад, то он чи ба забон гуфтаед, ба муомилот вафо карда шавад, ки гуфтори бекирдор зоеъ бувад ва фармудани бе варзидан сабаби ваболи охират бувад; иннаҳу валийу-л-иҷобат. Унвони дуввум: Дар шинохтани Ҳаққ субҳонаҳу ва таъоло. Унвони саввум: Дар маърифати дунё. Унвоничаҳорум: Дар маърифати охират. Фаслидуввум - Шинохтани ҳақиқати дил. Фаслисаввум - Ҳақиқати дил. Фасличаҳорум - Дар баёни сабаби эҳтиёҷи одамӣ ба колбад. Фаслипанҷум - Баёни шинохтани мақсуд аз лашкари дил ба мисоле. Фаслишашум - Роҳи дурусти ба кор бурдани шаҳвату ғазаб ва тану ҳавос ва акду дил. Фаслиҳафтум - Чигунагии пайдо шудани сифатҳои хубу бад дар одамӣ. Фаслиҳаштум - Муроқибати ҳаракот ва саканоти худ. Фаслинӯҳум - Чӣ гуна асли одамӣ гавҳари фариштагон аст. Фаслидаҳум - Аҷоиби олами дил. Фаслиёздаҳум - Равзани дил дар бедорӣ низ ба олами малакут кушо- да гардад. Фаслидувоздаҳум - Ҳар одамӣ бар фитрат зоида мешавад. Фаслисездаҳум - Шарафи дил аз рӯи қудрат. Фасличаҳордаҳум - Ҳақиқати нубувват ва вилоят. Фаслипонздаҳум - Илм чӣ гуна ҳиҷоби роҳ аст. Фаслишонздаҳум - Саодати одамӣ дар маърифати Худои таъоло аст. Фаслиҳафдаҳум - Аҷоиби сунъи Худои таъоло дар тани одамӣ. Фаслиҳаҷдаҳум - Одамӣ дар ин олам дар ғояти аҷзу нуқсон аст. » Дар ҷумла, ҳеч чиз ба ту аз ту наздиктар нест, чун худро нашиносӣ ди- гареро чун шиносӣ? Ва ҳамоно ки гӯйӣ: «ман хештанро ҳамешиносам» ва ғалат мекунй! Ки чунин шинохтан калиди маърифати Ҳақро нашояд, ки сутур аз хештан ҳамин шиносад, ки ту аз хештан сару рӯй ва дасту пой ва гӯшту пӯсти зоҳир беш нашиносй ва аз ботини худ ин қадар шиносӣ, ки чун гурусна шавй, нон хӯрӣ ва чун хашмат ояд, дар касе афтӣ ва чун шаҳват ғалаба кунад, қасди никоҳ кунӣ ва ҳама сутурон бо ту дар ин ба- робаранд. Пас туро ҳақиқати худ талаб бояд кард: то худ чй чизй ва аз куҷо омадаӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ кор омадаӣ ва туро барои чй офаридаанд ва саодати ту чист ва дар чист ва шақовати ту чист ва дар чист? Ва ин сифот, ки дар ботини ту ҷамъ кардаанд, баъзе сифоти сутурон ва баъзе сифоти дадгон 2 ва баъзе сифоти девон ва баъзе сифоти фариштагон аст; ту аз ин ҷумла кадомӣ? Ва кадом аст, ки он ҳақиқати гавҳари туст ва дигарон ғариби ориятанд, ки чун ин надонӣ, саодати худ талаб натавонй кард; чӣҳар якеро аз ин ғизое дигар аст ва саодате дигар аст: ғизои сутур ва саодати вай хӯрдану хуфтан ва гушнй кардан аст 3 , агар ту сутурй шабу рӯз ҷаҳди он кун, то кори шикам ва фарҷ рост дорӣ. Аммо ғизои дадон ва саодати эшон даридан ва куштану хашм рондан аст. Ва ғизои девон шар ангехтан ва макру ҳилат кардан аст, агар ту аз эшонй, ба кори эшон машғул шав, то ба роҳат ва некбахтии хеш расӣ. Ва ғизои фариштагон ва саодати эшон мушоҳидаи ҷамоли ҳазрати Илоҳият аст ва озу хашм ва сифоти баҳоиму сибоъро бо эшон роҳ нест, агар ту фариштагавҳарӣ дар асли хеш, ҷаҳди он кун, то ҳазрати Илоҳиятро бишиносӣ ва худро ба мушоҳидаи он ҷамол роҳ диҳй; ва хештанро аз дасти шаҳват ва ғазаб ха- 1 Ҳар ки худро шинохт Парвардигори хешро мешиносад. Эшонро барои он офаридаанд, то туро асир кунанд ва ба хидмати хеш баранд ва шабу рӯз сухра 1 гиранд? Е барои он, ки то ту эшонро асир кунӣ ва дар сафаре, ки туро фаропеш ниҳодаанд, эшонро сухра гирӣ ва аз яке маркаби хеш созӣ ва аз дигаре силоҳи хеш созӣ ва ин рӯзе чанд, ки дар ин манзилгоҳ бошй эшонро ба кор дорӣ, то тухми саодати хеш ба муовинати эшон сайд кунӣ. Ва чун тухми саодат ба даст овардй, эшонро дар зери пой оварй ва рӯй ба қароргоҳи саодати хеш оварй, он қароргоҳе, ки иборати хавос 2 аз он ҳазрати Илоҳият аст ва ибо- рати авом аз он биҳишт аст. Пас, ҷумлаи ин маонӣ туро донистанӣ аст, то аз худ чизе андак ши- нохта бошӣ; ва ҳар ки ин нашиносад, насиби вай аз роҳи дин қушур 3 бу- вад бувад ва аз ҳақиқату лубби 4 мағзи дин маҳҷуб бувад. Ва ҳақиқати ту он маънии ботин аст ва ҳар чи ҷуз он аст, ҳама табаъи 5 вай аст ва лашкару хидматгори вай аст ва мо онро ном дил хоҳем ниҳод. Ва чун ҳадиси дил кунем, бидон, ки он ҳақиқати одамиро мехоҳем, ки гоҳ он- ро рӯҳ гӯянд ва гоҳ нафс; ва бад-ин дил на он гӯштпора мехоҳем, ки дар си- на ниҳода аст аз ҷониби чап, ки онро қадре набошад ва он сутуронро низ бошад ва мурдаро бошад ва онро ба чашми зоҳир битавон дид ва ҳар чи онро бад-ин чашм битавон дид, аз ин олам бошад, ки онро олами шаҳодат гӯянд. Ва ҳақиқати дил аз ин олам нест ва бад-ин олам ғариб омадааст ва ба роҳгузар омадааст, он гӯштпораи зоҳир маркаб ва олати вай аст ва ҳама аъзои тан лашкари вайанд ва подшоҳи ҷумла тан вай аст ва маърифати 1 Хидматгузори бемузд, бегор. Ва маърифати ҳақиқати вай ва маърифати сифоти вай калиди маърифати Худои таъо- лост, ҷаҳди он кун, то вайро бишиносӣ, ки он гавҳари азиз аст ва аз гавҳари фариштагон аст ва маъдани аслии вай ҳазрати Илоҳият аст: аз он ҷо ома- дааст ва ба он ҷо боз хоҳад рафт. Ва ин ҷо ба ғурбат омадааст ва ба тиҷорату ҳиросат омадааст. Ва пас аз ин маънии тиҷорату ҳиросатро 1 бишиносй, иншоаллоҳу таъоло. Ва бад-ин ҳар як ишорате карда ояд. Аммо ҳастии вай зоҳир аст, ки одамиро дар ҳастии хеш ҳеч шак нест ва ҳастии вай на бад-ин колбад зоҳир аст, ки мурдаро ҳамин бошад ва ҷон набошад! Ва мо бад-ин дил ҳақиқати рӯҳҳамехоҳем. Ва чун ин рӯҳ набошад тан мурдоре бошад. Ва агар касе чашм фаропеш кунад ва колбади хешро фаромӯш кунад ва осмону замин ва ҳар чи онро ба чашм битавон дид, фаромӯш кунад, ҳастии хеш ба зарурат мешиносад ва аз хештан бохабар бувад, агарчи аз колбад ва аз замину осмон ва ҳар чи дар вай аст бехабар бувад. Ва чун касе андар ин нек тааммул кунад, чизе аз ҳақиқати охират бишиносад ва бидонад, ки раво бувад, ки колбад аз вай бозситонанд ва вай бар ҷой бошад ва нест нашуда бошад. Ва барои ин бувад, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва сал- 1 Зироат. Ва олами халқҷудост ва олами амр ҷудо, ҳар чи масоҳат ва микдору каммиятро ба вай роҳ бувад, онро олами халқ гӯянд. Ва «халқ» дар асли луғат ба маънии такдир 2 бувад. Ва дили одами- ро микдору каммият набошад ва барои ин аст, ки қисматпазир нест. Ва агар қисматпазир будӣ, раво будй, ки дар як ҷониби вай ҷаҳл будӣ ба чи- зе ва дар дигар ҷониб илм ҳам бад-он чиз ва дар як ҳол ҳам олим будӣ ва ҳам ҷоҳил ва ин муҳол бошад! Ин рӯҳ бо он ки қисматпазир нест ва микдорро ба вай роҳ нест, офарида аст ва «халқ» офариданро низ гӯянд, чунон ки такдирро гӯянд. Пас, бад-ин маънӣ аз ҷумлаи халқ аст. Ва бад-он дигар маънӣ аз олами амр аст, на аз олами халқ, ки олами амр иборат аз чизҳоест, ки масоҳату микдорро ба вай роҳ набошад. Пас касоне, ки пиндоштаанд, ки рӯҳқадимист, ғалат карданд. Ва касо- не, ки гуфтанд, ки араз аст, ҳам ғалат карданд, ки аразро ба худ қиём на- бувад ва табаъ бувад. Ва ҷон асли одамист ва ҳама қолаб табаъи вай аст, араз чӣ гуна буда бошад? Ва касоне, ки гуфтанд: «ҷисм аст», ҳам ғалат карданд, ки ҷисм қисматпазир бувад ва ҷон қисматпазир нест. Аммо чи- зе дигар ҳаст, ки онро рӯҳ гӯянд ва қисматпазир аст, валекин он рӯҳ су- туронро низ бошад. Аммо рӯҳ, ки мо онро дил мегӯем, маҳалли маъри- фати Худои таъолост ва баҳоимро ин набошад; ва ин на ҷисм аст ва на араз, балки гавҳарест аз ҷинси гавҳари фариштагон. Ва ҳақиқати вай шинохтан душвор бувад ва дар шарҳ кардани он рухсат нест. Ва дар иб- тидои рафтани роҳи дин бад-он маърифат ҳоҷат нест, балки аввали роҳи дин муҷоҳидат аст. Ва чун касе муҷоҳидат ба шарт бикунад, худ ин маърифат вайро ҳосил шавад, бе он ки аз касе бишунавад. Ва ин маъри- фат аз ҷумлаи он ҳидояте аст, ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва-л-лазина ҷоҳаду фӣно, ла наҳдийаннаҳум субулано» 3 ва касе, ки муҷоҳидат ҳанӯз тамом накарда бошад, бо вай ҳақиқати рӯҳ гуфтан раво набошад. Аммо пеш аз муҷоҳидат лашкари дилро бибояд донист, ки касе, ки лашкари дилро надонад, ҷиҳод натавонад кард. ФАСЛИ ЧАҲОРУМ 1 Огоҳ бош, ки халқу амр Худойрост. Ва дилро, ки офаридаанд, барои охират офаридаанд ва кори вай талаби саодат аст. Ва саодати вай дар маърифати Худои таъоло аст. Ва маъри- фати Худои таъоло вайро ба маърифати сунъи Худои таъоло ҳосил ояд - ва ин ҷумлаи олам аст. Ва маърифати аҷоиби олам вайро аз роҳи ҳавос ҳосил ояд. Ва ин ҳавосро қавом ба колбад аст. Пас маърифат сайди вай аст ва ҳавос доми вай аст ва колбад маркаби вай аст ва ҳаммоли доми вай аст. Пас вайро ба колбад бад-ин сабаб ҳоҷат афтод. Ва колбади вай мураккаб аст аз обу хок ва ҳарорату рутубат ва бад-ин сабаб заиф аст ва дар хатари ҳалок аст, аз дарун ба сабаби гуруснагй ва ташнагй ва аз бе- рун ба сабаби оташу об ва ба сабаби қасди душманону дадгон ва ғайри он. Пас вайро ба сабаби гуруснагиву ташнагӣ ба таом ва шароб ҳоҷат афтод. Ва бад-ин сабаб ба ду лашкар ҳоҷат бувад: яке зоҳир, чун дасту по ва даҳону дандон ва меъда ва яке ботин, чун шаҳвати таом ва шароб. Ва вайро ба сабаби дафъи душманони берунй ба ду лашкар ҳоҷат афтод: яке зоҳир, чун дасту пову силоҳ ва яке ботин, чун хашму ғазаб. Ва чун мумкин набошад ғизоеро, ки набинад талаб кардан ва душмане, ки на- бинад дафъ кардан, вайро ба идрокот ҳоҷат афтод: баъзе зоҳир ва он панҷҳавос аст: чун чашму бинӣ ва гӯшу завқ ва ламс ва баъзе ботин ва он низ панҷ аст ва манзилгоҳи он димоғ аст: чун қуввати хаёл ва қуввати тафаккур ва қуввати ҳифз ва қуввати тазаккур ва қуввати таваҳҳум. Ҳар якеро аз ин қувватҳо корест хос ва агар яке ба халал шавад, кори одамӣ ба халал шавад, дар дину дунё. Ва ҷумлаи ин лашкарҳои зоҳиру ботин ба фармони диланд. Ва вай амиру подшоҳи ҳама аст: чун забонро фармон диҳад, дар ҳол сухан гӯяд; ва чун дастро фармон диҳад, бигирад ва чун пойро фармон диҳад, бира- вад; ва чун чашмро фармон диҳад, бинигарад; ва чун қуввати тафаккур- ро фармон диҳад, бияндешад. Ва ҳамаро ба тавъу табъ мутеъу фармон- бардори ӯ кардаанд, то танро нигоҳ дорад, чандоне, ки зоди хеш барги- рад ва сайди хеш ҳосил кунад ва тиҷорати охират тамом кунад ва тухми саодати хеш бипароканад. Тоат доштани ин лашкар дилро, ба тоат дош- тани фариштагон монад Ҳақ таъолоро, ки хилоф натавонанд кардан дар ҳеч фармон, балки ба табъу тавъ фармонбардор бошанд. Ва намешиносад лашкарҳои Парвардигоратро, магар Худи У. Бидон, ки мисоли тан чун шаҳрест ва дасту пой ва аъзо пешаварони шаҳранд ва шаҳват чун омили хироҷ аст ва ғазаб чун шаҳнаи 1 шаҳр аст ва дил подшоҳи шаҳр аст ва акд вазири подшоҳ аст. Ва подшоҳро бад-ин ҳама ҳоҷат аст, то мамлакат рост кунад. Валекин шаҳват, ки омили хироҷ 2 аст, дурӯғзану фузулй ва тахлитгар 3 аст ва ҳар чи вазири ақл гӯяд, ба мухолифати он берун ояд ва ҳамеша хоҳони он бошад, ки ҳар чи дар мамлакат мол аст, ҳама ба баҳонаи хироҷ биситонад. Ва ин ғазаб, ки шаҳнаи шаҳр аст, шарир ва сахт тунду тез аст ва ҳама куштану шикастан ва рехтан дӯст дорад. Ва ҳамчунон ки подшоҳи шаҳр агар мушовират ҳама бо вазир кунад ва омили дурӯғзан ва мутаммеъро 4 молида дорад ва ҳар чи вай бар хилофи вазир гӯяд, на- шунавад ва шаҳнаро бар вай мусаллат кунад, то вайро аз фузул боздорад ва шаҳнаро низ кӯфта ва шикаста дорад, то пой аз ҳадди хеш берун наниҳад ва чун чунин кунад, кори мамлакат ба низом бувад, ҳамчунин подшоҳи дил чун кор бо ишорати вазири акд кунад ва шаҳвату ғазабро зери даст ва ба фармони акд дорад ва акдро мусаххари эшон нагардо- над, кори мамлакати тан рост бувад ва роҳи саодат ва расидан ба ҳазрати Илоҳият бар вай бурида нашавад. Ва агар ақлро асири шаҳват ва ғазаб гардонад, мамлакат вайрон шавад ва подшоҳ бадбахт гардад ва ҳалок шавад. Пас, ин ҳар ду ходими тананд ва таому шароб алафи тан аст ва танро барои ҳаммолии ҳавос офарида- 1 Доруға. Ва ҳавосро барои ҷосусии ақл офарида- анд, то доми вай бошад, ки ба вай аҷоиби сунъи Худои таъоло бидонад; пас ҳавос ходими ақланд. Ва ақлро барои дил офаридаанд, то шамъ ва чароғи вай бошад, ки ба нури вай ҳазрати Илоҳиятро бинад, ки биҳишти вай аст. Пас акд ходими дил аст. Ва дилро барои назораи ҷамоли ҳазрати Рубубият офаридаанд. Пас чун бад-ин машғул бошад, банда ва ходими даргоҳи Илоҳият бо- шад ва он чи Ҳақ таъоло гуфт, ки: «Ва мо халақту-л-ҷинна ва-л-инса илло ли йаъбудуни» 1 маънии вай ин аст. Пас дилро биёфариданд ва ин мамлакату лашкар бар вай доданд ва ин маркаби танро ба асирӣ ба вай доданд, то аз олами хок сафаре кунад, бо аъло иллиййин. Агар хоҳад, ки ҳаққи ин неъмат бигузорад ва шарти бандагй ба ҷой орад, бояд ки подшоҳвор дар садри мамлакат биниши- над ва аз ҳазрати Илоҳият қибла ва мақсад созад ва аз охират ватану қароргоҳ созад ва аз дунё манзил созад ва аз тан маркаб созад ва аз дасту пою аъзо хидматгорон созад ва аз акд вазир созад ва аз шаҳват ҷобии 2 мол созад ва аз ғазаб шаҳна созад ва аз ҳавос ҷосусон созад ва ҳар якеро ба оламе дигар муваккал кунад, то ахбори он олам ҷамъ ҳамекунанд ва аз қуввати хаёл, ки дар пеши 3 димоғ аст, соҳиббарид 4 созад, то ҷосусон ҷумла ахбор назди вай ҷамъ ҳамекунанд. Ва аз қуввати ҳифз, ки дар охи- ри димоғ аст, харитадор 5 созад, то руқъаи ахбор аз дасти соҳиббарид ме- ситонад ва нигоҳ медорад ва ба вақти хеш бар вазири ақл арза мекунад. Ва вазир бар вафқи он ахбор, ки аз мамлакат ба вай мерасад, тадбири мамлакат ва тадбири сафари подшоҳ мекунад; чун бинад, ки яке аз лаш- кар, чун шаҳвату ғазаб ва ғайри эшон - ёғӣ шуданд бар подшоҳ ва пой аз итоати вай берун ниҳоданд ва роҳ бар вай бихоҳанд зад, тадбири он ку- над, ки ба ҷиҳоди вай машгул шавад ва қасди куштани вай накунад, ки мамлакат бе эшон рост наёяд, балки тадбири он кунад, ки эшонро ба ҳадди итоат оварад, то дар сафаре, ки фаропеш дорад, ёвар бошанд, на хасм ва рафиқ бошанд, на дузду роҳзан. Чун чунин кунад, саид бошад ва ҳаққи неъмат гузорда бошад ва хилъати ин неъмат ба вақти хеш биёбад. Ва агар ба хилофи ин кунад ва ба мувофиқати роҳзанон ва душманон, ки 1 Ва наёфаридам ҷинну инсро, ҷуз барои он ки Маро парастиш намоянд. Ва ҷумлаи он ахлоқ агарчи бисёр аст, аммо чаҳор ҷинсанд: ахлоқи баҳоим ва ахлоқи сибоъ ва ахлоқи шаётин ва ахлоқи малоика; чи ба сабаби он ки дар вай шаҳвату оз ниҳодаанд, кори баҳоим кунад: чун шараҳ 1 намудан бар хӯрдан ва ҷимоъ кардан; ва ба са- баби он ки дар вай хашм ниҳодаанд, кори сагу гургу шер кунад, чун за- дану куштан ва дар халқ афтодан ба дасту забон; ва ба сабаби он ки дар вай макру ҳилат ва талбису тахлит ва фитна ангехтан миёни халқ ниҳодаанд, кори девон кунад; ва ба сабаби он ки дар вай ақл ниҳодаанд, кори фариштагон кунад, чун дӯст доштани илму салоҳ ва парҳез кардан аз корҳои зишт ва салоҳҷустан миёни халқ ва азиз доштан худро аз корҳои хасис ва шод будан ба маърифати корҳо ва айб доштан аз ҷаҳлу нодонӣ. Ва ба ҳақиқат гӯйӣ, ки дар пӯсти одамӣ чаҳор чиз аст: саге ва хуке ва деве ва фариштае, ки саг, ки накӯҳида ва мазмум аст, на барои сурату дасту пой ва пӯсти вай бувад, бал бад-он сифате. Ва ҳақиқати рӯҳи сагиву хукӣ ин маонй аст ва дар одамӣҳамин аст; ва ҳамчунин ҳақиқати шайтониву фариштагӣ ин маонӣ аст, ки гуфта омад. Ва одамиро фармудаанд, ки: ба нури акд, ки аз осори анвори фаришта- гон аст, талбису макри шайтон кашф мекунад, то вай расво шавад ва ҳеч фитна натавонад ангехт, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ҳар одамеро шайтонест ва маро низ ҳаст, лекин Худои таъоло маро бар вай нусрат дод, то мақҳури ман гашт ва ҳеч шар натавонад фармуд». Ва низ вайро 2 фармудаанд, ки: ин хинзири ҳирсу шаҳватро ва калби ғазабро ба адаб дорад ва зердаст, то ҷуз ба фармони вай нахезад ва 1 Ҳирс ва майли шадид. Агар чунин кунад, вайро аз ин ахлоқ ва сифоти некӯҳосил шавад, ки он тухми саодати вай бошад ва агар ба хилофи ин кунад ва камари хидмати эшон барбандад, дар вай ахлоқи бад падид ояд, ки тух- ми шақовати вай гардад. Ва агар ҳоли вай вайро дар хоб ё дар бедорӣ ба мисоле кашф кунанд, худро бинад камари хидмат баста пеши хуке ё пеши саге ва касе, ки му- салмонеро асир кунад дар дасти кофире, маълум аст, ки ҳоли вай чӣ бу- вад! Он кас ки фариштаро дар дасти сагу хук ва дев асир кунад, ҳоли вай аз ин фоҳиштар буда бошад. Ва бештари халқ, агар инсоф бидиҳанд ва ҳиҷоби ғафлат баргиранд, шабу рӯз камари хидмат бастаанд дар муроду ҳавои нафси хеш ва ҳоли эшон ба ҳақиқат ин аст; агарчи ба сурат бо мардум монанд ва фардо дар қиёмат маонй ошкоро шавад; ва сурат ба ранги маънй бошад, то он кас- ро, ки шаҳват ва оз бар вай ғолиб бувад, фардо ба сурати хуке бинанд ва он касро, ки хашм бар вай ғолиб аст, ба сурати гурге бинанд. Ва барои ин аст, ки касе гурге ба хоб бинад, таъбири он марде золим бошад; ва агар хуке бинад, таъбири он марде палид бошад. Барои он ки хоб намудгори марг аст: бад-он қадр, ки сабаби хоб аз ин олам дуртар мешавад, сурат табаъи маънй мебошад, то ҳар касеро бад-он сурат би- нанд, ки ботини вай чунон аст. Ва ин сиррест бузург, ки ин китоб шарҳи он эҳтимол накунад. Ва он сифотро ахлоқ гӯянд ва ҳама ахлоқ аз ин чаҳор қаҳрамон шикофад. Агар тоати хинзири шаҳват дорӣ, дар ту сифати палидиву бешармӣ ва ҳарисиву чоплусӣ ва мунофиқиву хасисй ва ҳасаду шамотат ва ғайри он падид ояд; ва агар вайро мақҳур кунй ва бо адабу зердасти акду шаръ дорӣ, дар ту сифати қаноат ва хештандорй ва шарму ором ва зарифиву порсой ва кӯтоҳдастиву бетамаъй падид ояд. Ва агар он шайтонро, ки кори вай он аст, ки ин сагу хукро аз ҷой ме- барангезад ва эшонро далер ҳамекунад ва ҳилату макр меомӯзад, тоат дорӣ, дар ту сифати гурбузӣ маккорӣ ва хиёнату тахлит иштибоҳкорӣ, ёвасароӣ ва баддаруниву фирефтан ва талбис падид ояд; ва агар вайро мақҳур дорй ва ба талбиси вай фирефта нашавӣ ва лашкари акдро нус- рат кунӣ, дар ту зиракӣ ва маърифату илми ҳикмат ва салоҳ ва ҳусни хулқ ва бузургиву риёсат падид ояд. Ва ин ахлоқи некӯ, ки бо ту бимо- над, аз ҷумлаи боқиёти солеҳот бошад ва тухми саодати ту бошад. Ва ин афъол, ки аз вай ахлоқи бад падидор ояд, вайро маъсият гӯянд; ва он ки ахлоқи некӯ аз вай падид ояд, онро тоат гӯянд. Ва ҳаракоту са- каноти одамй аз ин ду холй набувад. Ва дил ҳамчун оинаи равшан аст ва ин ахлоқи зишт чун дуде ва зулма- те аст, ки ба вай ҳамерасад ва вайро торик ҳамегардонад, то фаро роҳи ҳазрати Илоҳият набинад ва маҳҷуб шавад. Ва ин ахлоқи некӯ нурест, ки ба дил мерасад ва вайро аз зулмати маъсият мезудояд ва аз барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Иттабиъи-с-саййиата-л-ҳасаната, тамҳуҳо», «аз паи ҳар зиштй некӯие бикун, то онро маҳв кунад». Ва дар қиёмат дил бошад, ки ба саҳро ояд, иммо ё равшан ва иммо торик: «Фало йанҷу илло ман аталлоҳа би қалбин салимин» 4. Дили одамй дар ибтидои офариниш чун оҳан аст, ки аз вай оинаи равшан биёяд, ки ҳама олам дар вай биёяд - агар вайро чунон ки бояд, нигоҳ доранд - вагарна ҷумла зангор бихӯрад ва чунон шавад, ки низ аз вай оина наёяд, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Калло бал рона ъало қулубиҳим мо кону йаксибуна» 5. Балки занг бастааст бар дили эшон, он чи мекарданд. Ва чй донем, ки вайро барои ахлоқи фариштагон офаридаанд, то он ҳосил кунад, на барои дигар сифот? Бидон, ки ин бад-он шиносӣ, ки донй, ки одамӣ шарифтар ва комил- тар аст аз баҳоиму сибоъ ва ҳар чизеро, ки камоле дода бошанд, ки он ниҳояти дараҷаи вай бувад вайро барои он офарида бошанд; мисоли он ки: асб аз хар шарифтар аст, ки харро барои бор кашидан офаридаанд ва асб барои давидан дар ҷангу ҷиҳод, то дар зери савор чунон ки мебо- яд, медавад ва мепӯяд ва вайро қуввати бор кашидан низ додаанд - ҳамчун хар; ва камоли зиёдат низ вайро додаанд, ки харро надодаанд. Агар вай аз камоли хеш оҷиз ояд, аз вай полоне созанд ва бо дараҷаи хар афтад: ва ин ҳалок ва нуқсони вай бошад. Ҳамчунин гурӯҳе пиндоштаанд, ки одамиро барои хӯрдану хуфтан ва ҷимоъ кардану таматтӯъ кардан офаридаанд: ҳама рӯзгор дар ин баранд! Ва гурӯҳе пиндоранд, ки вайро барои ғалаба ва истилову мақҳур карда- ни дигар чизҳо офаридаанд, чун: арабу курду турк. Ва ин ҳар ду хатост, ки хӯрдану ҷимоъ кардан, рондани шаҳват бошад ва ин худ сутуронро додаанд ва хӯрдани шутур бештар аз хӯрдани мард аст ва ҷимоъи бунҷишк гунҷишк беш аз ҷимоъи одамй аст, пас, чаро одамй аз эшон шарифтар бошад? Ва ғалабаву истило ба ғазаб бошад ва ин сибоъро до- даанд. Пас, одамиро он чи сибоъро ва баҳоимро додаанд, ҳаст ва зиёдат аз он вайро камоле додаанд - ва он ақл аст, ки Худойро таъоло, бад-он биши- носад ва ҷумла сунъи вай бидонад ва бад-он хештанро аз дасти шаҳвату ғазаб бираҳонад. Ва ин сифати фариштагон аст ва бад-ин сифат вай бар баҳоиму сибоъ муставлй аст ва ҳама мусаххари вайанд, бо ҳар чи бар рӯи замин аст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва саххара лакум мо... Пас ҳақиқати одамӣ он аст, ки камоли вай ва шарафи вай бад-ӯст ва дигар сифатҳо ғариб ва ориятй аст ва эшонро ба муздуриву чокарии вай фиристодаанд ва барои ин аст, ки чун бимирад, на ғазаб монад ва на шаҳват монад. Ва вай монаду бас: иммо ҷавҳаре равшан ва нуронӣ, оро- ста ба маърифати Ҳақ таъоло, бар сурати малоика, то лоҷарам, рафиқи эшон бошад ва рафиқи «ал-малау-л-аъло» ин бошад. Ва эшон ҳамеша дар ҳазрати Илоҳият бошанд: «Фй мақъади сидқин ъинда Маликин Мусаххар кард барои шумо тамоми он чиро дар замин аст. Ва иммо ё, хоҳ торику музлим ва нагунсор: торикӣ бад- он ки зангор гирифта бошад аз зулмати маъсият; ва нагунсорӣ бад-он ки ором гирифта бошад бо ахлоқи шаҳвату ғазаб. Ва ҳар чи шаҳвати вай бувад, дар ин ҷаҳон бигузошта бошад. Ва рӯи дили вай аз сӯи ин ҷаҳон бошад, ки шаҳавот ва муроди вай инҷаҳонй бошад ва ин ҷаҳон зери он ҷаҳон аст: пас сари вай зер бувад ва нагунсор бошад. Ва маънии он ки гуфт: «Ва лав таро изи-л-муҷримуна нокису руусиҳим ъинда Раббиҳим» 2 ин бошад. Ва касе, ки чунин бошад, бо шаётин ба ҳам дар сиҷҷин 3 бо- шанд. Ва маънии «сиҷҷин» ҳар касе надонад: ва барои ин гуфт: «Ва мо адрока мо сиҷҷин» 4. Ва шарафи вай аз ду дараҷа аст. Яке аз рӯи илм, дуввум аз рӯи қудрат. Аммо шарафи вай аз рӯи илм бар ду табақа аст: яке он аст, ки ҷумлаи халқӯро тавонад донистан ва дигар он аст, ки пӯшидатар аст ва ҳар кас нашиносад ва он азизтар аст. Аммо он чи зоҳир аст, он аст, ки вайро қуввати маърифати ҷумлаи илмҳо ва саноатҳост, то бад-он ҷумла саноатҳо бидонад ва ҳар чи дар китобҳост бархонад ва бидонад, чун илми ҳандасаву ҳисоб ва тиббу нуҷум ва улуми шариат. Ва бо он ки вай як чиз аст, ки қисмат напазирад, ин ҳама илмҳо дар вай гунҷад, балки ҳама олам дар вай чун заррае бо- шад дар биёбоне. Ва дар як лаҳза дар фикрат ва ҳаракати хеш аз саро хок ба ало шавад ва аз машриқ ба мағриб шавад; бо он ки дар олами хок боздошта аст, ҳама осмонро масоҳат кунад ва микдори ҳар ситорае бишиносад ва масоҳат бигӯяд, ки чанд газ аст ва моҳиро ба ҳилат аз қаъри дарё барорад ва мурғро аз ҳаво ба замин оварад; ва ҳайвоноти боқувватро, чун пилу уштур ва асб, мусаххари хеш кунад. Ва ҳар чи дар олами аҷоибҳову илмҳост, пешаи вай аст. Ва ин ҷумла илмҳост, ки вайро аз роҳи панҷҳавос ҳосил шавад, бад-ин сабаб, ки зоҳир аст ва ҳамгинон роҳ ба вай донанд. Ва бештари халқ олами ҷисмонии маҳсусро донанд ва ин худ мух- тасар аст. Ва далел бар он ки андаруни дил равзане дигар аст улумро, ду чиз аст: яке хоб аст, ки дар хоб чун роҳи ҳавос баста гардад, он дари дарунӣ кушода шавад ва аз олами малакут ва аз Лавҳи Маҳфуз ғайб на- мудан гирад, то он чи дар мустақбал хоҳад будан бишиносад ва бибинад, иммо равшан, ҳамчунон ки хоҳад буд ва иммо ба мисоле ки ба таъбир ҳоҷат афтад. Ва аз он ҷо ки зоҳир аст, мардумон пиндоранд, ки касе бедор бувад, ба маърифат авлотар бувад ва ҳамебинад, ки дар бедорӣғайб наби- над ва дар хоб бинад, на аз роҳи ҳавос. Ва шарҳи ҳақиқати хоб дар ин ки- тоб мумкин нест. Аммо ин қадар бибояд донист, ки масали дил чун оина аст ва масали Лавҳи Маҳфуз чун оина, ки сурати ҳама мавҷудот дар вай аст: чунон ки суратҳо аз як оина дар дигар афтад - чун дар муқобилаи он бидорӣ - ҳамчунин суратҳо аз Лавҳи Маҳфуз дар дил пайдо ояд; чун софӣ шавад, аз маҳсусот фориғ шавад ва бо вай муносибат гирад ва то ба маҳсусот машгул бувад, аз муносибат бо олами малакут маҳҷуб бувад. Ва дар хоб аз маҳсусот фориғ шавад, лоҷарам он чи дар гавҳари вай аст, аз мутоли- аи малакут пайдо шудан гирад. Лекин агарчи ҳавос ба ҷиҳати хоб фурӯ истад, хаёл бар ҷои хеш бошад, бад-он сабаб бувад, ки он чи бинад дар кисвати мисол, хаёле бинад, сареҳу макшуф набошад ва аз ғитову пӯшиш холй набувад. Ва чун бимирад, на хаёл монад ва на ҳавос, он гоҳ корҳо беғитову бехаёл бинад ва бо вай гӯянд: «Фа кашафно ъанка ғитоака фа басарука-л-йавма ҳадидун» 1 ва гӯяд «Раббано, абсарно ва самиъно фа- рҷиъно, наъмал солеҳан» 2. Далели дигар он аст, ки ҳеч кас набошад, ки вайро фиросатҳо ва хотирҳои рост бар сабили илҳом дар дил наёмада бошад, он на аз роҳи ҳавос бошад, балки дар дил пайдо ояд ва надонанд, ки аз куҷо омад. Ва бад-ин миқдор бишиносад, ки илмҳо ҳама аз роҳи маҳсусот нест, балки аз олами малакут аст ва ҳавос, ки вайро барои ин олам офарида- анд, лоҷарам ҳиҷоби вай бувад аз мутолиаи он олами малакут, то аз вай фориғ нашавад, бад-он олам роҳ наёбад, ба ҳеч ҳол. ФАСЛИ ЁЗДАҲУМ 1 Пас баркушодем аз ту пардаи туро, пас чашми ту имруз тезбин аст. Дидем ва шунидем, пас моро бозгардон, то кори нек кунем. Балки агар дар бедорӣ касе хештанро риёзат кунад ва дилро аз дасти ғазабу шаҳват ва ахлоқи бад ва боисти дархури ин ҷаҳон берун кунад ва ҷои холӣ бинишинад ва чашм фароз кунад ва ҳавосро муаттал кунад ва дилро бо олами малакут муносибат диҳад, бад- он ки «Аллоҳ-Аллоҳ» бардавом мегӯяд - ба дил, на ба забон, то чунон шавад, ки аз хештан бехабар шавад ва аз ҳама олам бехабар шавад ва аз ҳеч чиз хабар надорад, магар аз Худои азза ва ҷалла. Чун чунин шавад, агарчи бедор бувад, он равзан кушода шавад ва он чи дар хоб бинанд ди- гарон, вай дар бедорӣ бинад ва арвоҳи фариштагон дар суратҳои некӯ вайро падидор ояд ва паямбаронро дидан гирад ва аз эшон фоидаҳо ёбад ва мададҳо гирад ва малакути замину осмон ба вай намоянд. Ва касеро, ки ин роҳ кушода шавад, коре азим бинад, ки дар ҳадди васф наёяд. Ва он ки расул алайҳиссалом гуфт: «Зуввият лийа-л-арзу фа урийту машориқаҳо ва мағорибаҳо» 1 ва он ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва ка золика ну- рий Иброҳима малакута-с-самовоти ва-л-арзи ва ли йакуна мина-л- муқинина» 2 ҳам дар ин ҳол будаст. Балки улуми ҳама анбиё аз ин роҳ бу- вад, на аз роҳи ҳавосу таълим; ва бидояти ҳама муҷоҳида будааст, чунон ки Ҳақ субҳона ва таъоло гуфт: «Ва-зкури-сма Раббика ва табаттал илайҳи табтилан» яъне: «аз ҳама чизҳо пок гардад ва гусаста ва ҳамагии худ ба Вай деҳ ва ба тадбири дунё машғул магард, ки Ӯ худ кори ту рост кунад». «Раб- бу-л-машриқи ва-л-мағриби ло илоҳа илло Ҳува фа-ттахизху вакилан» 3 ва чун вайро вакил кардӣ, ту фориғ гард ва бо халқ маёмез ва дар эшон маё- вез. «Ва-сбир ъало мо йақулуна ва-ҳҷурҳум ҳаҷран ҷамилан» 4. Ин ҳама таълими риёзат ва муҷоҳидат аст, то дил софй шавад аз адовати халқ ва аз шаҳвати дунёву аз машғалаи маҳсусот. Ва роҳи сӯфиён ин аст ва ин роҳи нубувват аст. Аммо илм ҳосил кардан ба тариқи тааллум роҳи уламост ва ин низ бузург аст, лекин мухтасар аст ба изофат бо роҳи нубув- ват ва илми анбиёву авлиё, ки бе воситаи таълими одамиён, аз ҳазрати ҳақ бар дилҳои эшон мерезад. Ва дурустии ин роҳҳам ба таҷрибат маълум 1 Печида ва тумор шуд барои ман замин, пас нишон дод ба ман машриқҳо ва мағрибҳои онро. Агар туро ба завқ ин ҳосил нашудааст ва ба таълим низ ҳосил нашудааст ва ба бурҳони ақлӣ маълум нагаштааст, боре камтар аз ин набувад, ки бад-ин имон дорӣ ва тасдиқ кунӣ, то аз ҳар се дараҷа маҳрум набошӣ ва кофир нагардӣ. Ва ин аз аҷоиби аломатҳои дил аст ва бад-ин шарафи дили одамӣ маълум шавад. Ва аз умуми ин шоистагйҲақ таъоло хабар дод бад-ин иборат, ки гуфт: «А ласту би Раббикум? Чунон ки агар касе гӯяд: ҳар оқил, ки бо вай гӯйй: «На ду аз яке бештар аст? » Гӯяд, ки: «Бале рост бувад». Агар ҳар оқиле ин ба гӯши сар нашунида бошад ва ба забон нагуфта бошад, валекин ҳама даруни вай бад-ин тасдиқ оганда бошад. Ҳамчунон ки ин фитрати одамиён аст, маърифати Рубубият низ фитрати ҳама аст, чунон ки гуфт: «Ва лаин саалтаҳум ман халақа-с-самовоти ва-л-арза ла йақулунналлоҳу» 3 ва дигар гуфт: «Фитраталлоҳи-л-латй фатара-н-носа ъалайҳо» 4 ; ва ба бурҳони ақлӣ ва ба таҷрибат маълум шудааст ва ин ба пайғамбарон махсус нест, чи пайғамбар ҳам одамй аст: «қул иннамо ано башарун мислукум» 5. Лекин касе, ки вайро ин роҳ кушода шуд, агар салоҳи ҷумла халқ вай- ро бинамоянд; ва бад-он даъват кунанд, ончи вайро намуданд, онро ша- риат гӯянд ва вайро паямбар гӯянд ва ҳолати вайро мӯъҷиза гӯянд; ва 1 Ҳар мавлуде бар фитрат ислом зоида мешавад, пас падару модараш вайро яҳудй ё насронй ё маҷусй мегардонанд. Ва воҷиб нест, ки ҳар киро ин ҳол падид ояд, ба халқ ва ба даъват машғул шавад, балки дар қудрати Ҳақ таъоло ҳаст, ки вайро ба даъвати халқ машғул накунад: иммо бад-он сабаб ки ин ба вақте бувад, ки шариат тоза бувад ва ба даъвати дигар ҳоҷат набувад ва ё бад-он са- баб, ки даъватро шарте дигар бувад, ки дар ин валй мавҷуд набувад. Пас бояд ки имон дуруст дорй ба вилоят ва каромати авлиё ва бидонй, ки аввали кор ба муҷоҳидат тааллуқ дорад ва ихтиёрро ба вай роҳҳаст, валекин на ҳар ки корад, даравад ва на ҳар ки равад, расад, на ҳар ки ҷӯяд, ёбад. Валекин ҳар кор, ки азизтар бувад, шароити он бештар бувад ва ёфти он нодиртар бувад. Ва ин шарифтарин дараҷоти одамӣ аст дар мақоми маърифат ва талаб кардани ин, бе муҷоҳидат ва бе пире роҳ рафта ва пухта, рост наёяд ва чун ин ҳар ду бошад, то тавфиқ мусоидат накунад ва то дар азал вайро бад-ин саодат ҳукм накарда бошанд, ба му- род нарасад. Ва ёфтани дараҷати имомат, дар илми зоҳир ва дар ҳама корҳои ихтиёрӣҳамчунин аст. Акнун бидон, ки аз рӯи қудрат вайро низ шарафе аст, ки он ҳам аз хосияти малоика аст ва ҳайвоноти дигарро он набошад. Ва он он аст, ки ҳамчунон ки олами аҷсом мусаххар аст малоикаро, то ба дастурии Эзади таъоло, чун савоб бинанд ва халқро бад-он мӯҳтоҷ бинанд, борон оваранд ба вақти баҳор ва бод ангезанд ва ҳайвонотро дар раҳим ва наботро дар замин сурат кунанд ва биёроянд. Ва ба ҳар ҷинсе аз ин корҳо гурӯҳе аз малоика муваккаланд. Дили одамй низ, ки аз ҷинси гавҳари малоика аст, вайро низ қудрате додаанд, то баъзе аз аҷсоми олам мусаххари вайанд. Ва олами хоси ҳар касе тани вай аст ва тан мусаххари дил аст, ки маълум аст, ки дил дар ангушт нест ва илму иродат дар ангушт нест ва чун дил бифармояд, ангушт биҷунбад; ва чун дар дил сурати хашм па- дид ояд, арақ аз ҳафт андом кушода шавад. Ва ин чун борон аст. Ва чун сурати шаҳват дар дил падид ояд, боде падид ояд ва ба ҷониби олати шаҳват шавад. Ва чун андешаи таом хӯрдан кунад, он қуввате ки дар зе- ри забон аст, ба хидмат бархезад ва об рехтан гирад, то таомро тар ку- 38 над, чунон ки битавон хӯрд. Ва ин пӯшида нест, ки тасарруфи дил дар тан равон аст ва тан мусах- хари дил аст, валекин бибояд донист, ки раво бувад, ки баъзе аз дилҳо шарифтар ва қавитар бувад ва ба ҷавоҳири малоика монандатар бувад, ки аҷсоми дигари беруни тани вай мутеъи вай гардад, то ҳайбати вай, масалан, бар шере афтад, шер мутеъ ва забуни вай гардад ва ҳиммат дар беморе бандад, беҳтар шавад ва ваҳм бар тандурусте афканад, бемор ша- вад ва андеша дар касе афканад, то ба наздики вай ояд, ҳаракате дар бо- тини он кас падидор ояд ва ҳиммат дар он бандад, ки борон ояд, биёяд. Ин ҳама мумкин аст ба бурҳони акдй ва маълум аст ба таҷрибат ва он ки ӯро чашмзадагӣ гӯянд ва сеҳр гӯянд, ҳам аз ин боб аст ва аз ҷумлаи таъсири нафси одамӣ аст дар аҷсоми дигар, то нафсе, ки ҳасуди хабис бошад, масалан, сутуре некӯ бибинад, ба чашми ҳасад дар он сутур ни- гарад ва ҳалоки вай таваҳҳум кунад, он сутур дар вақт ҳалок шавад, чу- нон ки дар хабар аст: «Ал-ъайну тудхилу-р-раҷула-л-қабра ва-л-ҷамала- л-қидра» 1. Пас, ин низ аз аҷоиби қудратҳои дил аст ва ин чунин хосият чун касе- ро падид ояд, агар доъии халқ бошад, мӯъҷиза гӯянд ва агар доъй набо- шад, каромот гӯянд, агар дар кори хайр бошад, он касро набӣ гӯянд ё валй ва агар дар кори шарр бошад, он касро соҳир гӯянд ва сеҳру каро- моту мӯъҷизот аз хавоси қудрати дили одамӣ аст, агарчи миёни эшон фарқҳои бисёр аст, ки ин китоб баёни он эҳтимол накунад 2. Ва чун раво бошад, ки касе зирак ва софидил 1 Чашм мардро дохили гур ва шутурро дохили дег мекунад. Ҳар киро ин се хосият ҷамъ бувад, вай аз пайғамбарони бузург бошад, ё аз авлиёи бузург. Ва агар яке бувад аз ин ҳар се, ҳамин дараҷа ҳосил бошад. Ва дар ҳар яке низ тафовути бисёр аст, ки касе бошад, ки аз ҳар яке вайро андаке бошад ва касе бувад, ки бисёре. Ва камоли расули мо - саллаллоҳу алайҳи ва саллам - бад-он бувад, ки вайро ин ҳар се хосият ба ғояти камол бувад. Ва Эзад субҳонаҳу ва таъоло чун хост, ки халқро ба нубуввати вай роҳ диҳад, то мутобиати вай кунанд ва роҳи саодат аз вай биёмӯзанд, аз ин ҳар се хосият намудгоре ҳар касеро бидод: хоб намуд- гори як хосият аст. Ва фиросати рост 2 намудгори он дигар ва хотири рост зеҳну ҳуш дар улум намудгори он дигар. Ва одамиро мумкин нест, ки ба он чизе имон орад, ки вайро ҷинси он набошад, ки ҳар чи вайро намудгори он набувад, худ вайро сурати он мафҳум нашавад. Ва барои ин аст, ки ҳеч кас ҳақиқати Илоҳият ба камол нашиносад, илло Аллоҳ таъоло. Ва шарҳи ин таҳқиқ дароз аст ва дар ки- тоби «Маъонӣ асмоиллоҳ» бурҳони равшан бигуфтаем. Ва мақсуд он аст: акнун, ки мо раво дорем, ки берун аз ин се хосият, анбиё ва авлиёро хосиятҳо бошад, ки моро аз он хабар нест, ки бо мо намудгори он нест. Пас, чунон ки мегӯем, ки Худойро таъоло кас ба ка- мол нашиносад, магар Худои азза ва ҷалла, мегӯем, ки расулро алайҳиссалом кас ба камол нашиносад, магар расул ва он, ки ба дараҷаи фавқи вай аст. Пас, аз одамиён қадри паямбар ҳам паямбар шиносад. Ва моро ин микдор беш маълум нест, чи агар моро хоб набудӣ ва касе моро ҳикоят кардй ки: «Касе бияфтад ва ҳаракат накунад ва набинад ва нашу- навад ва бидонад, ки фардо чй хоҳад буд ва чун шунавову бино бувад, ин наметавонист донист» ҳаргиз мо инро бовар надоштеме. Ва одамӣҳар чи надида бошад, бовар накунад! Ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Бал каззабу бимо лам йуҳиту би ъилмиҳи ва ламмо йаътиҳим таъвилуҳу» 3. Ва гуфт: «Ва из лам йаҳтаду биҳи фа сайақулуна ҳозо ифкун қадимун» 4. Ва аҷаб мадор, ки анбиёву авлиёро сифате бошад, ки дигаронро аз он 1 Ва омӯхтем ӯро аз пеши Худамон донише. Ва эшон аз он лаззатҳо ва ҳолатҳои шариф ёбанд, ки мебинӣ ки касе, ки вайро завқи шеър нест, бад-он сабаб лаззат вазни са- моъ наёбад ва агар касе хоҳад, ки вайро маънии он тафҳим кунад, ната- вонад, ки вай аз ҷинси ин хабар надорад. Ҳамчунин акмаҳ кӯри модар- зод ҳаргиз маънии алвон ва лаззати дидори он фаҳм накунад. Пас аҷаб мадор дар қудрати Худои таъоло, ки баъзе аз идрокот пас аз дараҷаи нубувват офаринад. Ва беш аз ин касе аз он хабар надорад. Ва ҳамоно ки шунида бошӣ аз сӯфиён, ки гӯянд: «Илм ҳиҷоб аст аз ин роҳ» ва инкор карда бошй. Ин суханро инкор макун, ки ин ҳақ аст, чи маҳсусот ҳосил шавад, чун бад-он машғул ва мустағрақ бошй, аз ин маҳҷуб бошй. Ва масали дил чун ҳавзе аст ва масали ҳавос чун панҷҷӯй аст, ки об аз вай ба ҳавз ояд, аз берун. Агар хоҳй, ки оби софӣ аз қаъри ҳавз барояд, тадбир он аст, ки ин об ҷумла аз вай берун кунӣ. Ва гили сиёҳ, ки аз аса- ри ин об аст, ҳам берун кунӣ ва роҳи ҳама ҷӯйҳо бибандӣ, то низ об на- ёяд ва қаъри ҳавз ҳамеканӣ, то оби софй аз даруни ҳавз падидор ояд ва то ҳавз бад-он об, ки аз берун даромадааст, машғул бошад, мумкин на- шавад аз даруни вай об барояд. Ҳамчунин ин илм, ки аз даруни дил бе- рун ояд, ҳосил наёяд, то аз ҳар чи аз берун даромадааст, холй нашавад. Аммо олим агар хештанро холӣ кунад аз илми омӯхта ва дил бад-он машгул надорад, он илми гузашта вайро ҳиҷоб набошад ва мумкин бу- вад, ки ин фатҳ вайро барояд, ҳамчунон ки чун дил аз хаёлоту маҳсусот холӣ кунад, хаёлоти гузашта вайро ҳиҷоб накунад. Ва сабаби ҳиҷоб он аст, ки чун касе эътиқоди аҳли суннат биёмӯхт ва далелҳои вай чунон ки андар ҷадал ва мунозира гӯянд, биёмӯхт ва ҳамагии хеш бад-он дод ва эътиқод кард, ки варои ин худ ҳеч илм нест ва агар чизе дигар дар дили вай ояд, гӯяд: «Ин хилофи он аст, ки ман шу- нидаам ва ҳар чи хилофи он аст, ботил бошад» мумкин нашавад, ки ин касро ҳаргиз ҳақиқати корҳо маълум шавад, ки: Он эътиқод, ки авоми халқро биёмӯзанд, қолаби ҳақиқат бувад на ай- ни ҳақиқат; маърифати тамом он бувад, ки ҳақоиқ аз он қолаб макшуф шавад, чунон ки мағзи аз пӯст. Ва ба ҳукми он ки пиндор ғолиб шавад бар касе, ки чизе омӯхта бошад, ғолиб он бувад, ки ин қавм маҳҷуб бошанд аз ин дараҷа. Ва ин ҳоли ҷадалиён аст. Пас агар касе аз ин пиндор берун ояд, илм ҳиҷоби ӯ набошад ва он гоҳ чун ин фатҳ вайро барояд, дараҷаи вай ба ғояти камол расад ва роҳи вай эминтар бувад ва дурусттар бувад, ки касе, ки қадами вай дар илм росих нашуда бошад, бештар он бошад, ки муддате дароз дар банди хаёле ботил бимонад ва андак мояи шубҳате вайро ҳиҷоб кунад ва олим аз чунин хатар эмин бошад. Пас, маънии ин ки: «илм ҳиҷоб аст», бояд ки бидонй ва инкор накунӣ, чун аз касе шунида бошй, ки вай ба дараҷаи мукошифат расида бошад! Аммо ин ибоҳатиён 1 ва ин мабтуқони 2 беҳосил, ки дар ин рӯзгор па- дид омадаанд ва ҳаргиз эшонро худ ин ҳол набудааст, валекин иборати чанд музайяф 3 аз томоти 4 сӯфиён бигирифтаанд ва шуғли эшон он бо- шад, ки хештанро ҳама рӯз мешӯянд ва ба фӯта ҳулла, лунг ва мураққаъ либоси васладор ва саҷҷода меороянд ва он гоҳ илмрову уламоро мазаммат мекунанд. Эшон куштанианд ва шайтони халқанд ва душмани Худову расуланд, ки Худову расул илмрову уламоро мадҳ гуф- таанд ва ҳама оламро ба илм даъват кардаанд, ин мудбари нагунбахт мутаввақи ибоҳатӣ, чун соҳиби ҳолате набошад ва илм ҳосил накарда бошад, вайро ин сухан кай раво бошад? Ва масали вай чун касе бошад, ки шунида бошад, ки кимиё аз зар беҳтар бувад, ки аз вай зар бениҳоят ояд, чун ганҷҳои зар пеши вай ниҳанд, даст ба вай набарад ва гӯяд: «Зар ба чй кор ояд ва вайро чйқадр бошад; кимиё бояд, ки асл он аст», зар фаро наситонад ва кимиё худ ҳаргиз надониста бувад, мудбару муфлис ва гурусна бимонад; ва аз шодии ин сухан ки «ман худ бигуфтам, ки ки- миё аз зар беҳтар бувад», тараб мекунад ва лоф мезанад. Пас мисоли кашфи анбиёву авлиё чун кимиёст ва мисоли илми уламо чун зар аст ва соҳиби кимиёро бар ин соҳиби зар фазл аст бар ҷумла. Валекин ин ҷо як дақиқаи дигар аст, ки агар касе чандон кимиё дорад, ки аз вай сад динор беш ҳосил наёяд, вайро фазл набошад бар касе, ки вай ҳазор динор зар дорад. Чунон ки кутуби кимиёву ҳадиси он ва толи- 1 Касоне, ки ба далоили ғайрисаҳеҳ ва номашрӯъ, мухолифати авомиру навоҳии шаръро ҷоиз ва мубоҳ медонанд. Кори сӯфиён низ ҳамчунин бошад ва азиз камёб бувад ва он чи бу- вад, андак бувад ва нодир бувад, ки ба камол расад. Пас, бояд ки бад-ин бишиносй, ки ҳар касро, ки аз ҳолати сӯфиён чизе падид меояд андак, вайро бар ҳама олам фазл набошад, ки бештари эшон он бошад, ки аз авоили кор бар эшон чизе пайдо ояд ва он гоҳ аз он бияфтад ва тамом нашавад. Ва баъзе бошад, ки савдоеву хаёле бар эшон ғолиб шавад ва онро ҳақиқате набошад ва эшон пиндоранд, ки он корест. Ва аз даҳ нӯҳ чунин бошад. Ва чунон ки дар хоб ҳақиқат аст ва азғоси аҳлом 1 аст, дар он ҳол ҳамчунин бошад, балки фазли сирри уламо касеро бувад, ки андар он ҳол чунон комил шуда бошад, ки ҳар илм, ки бад-ин тааллуқ дорад, ки дигаронро ба тааллум бувад, вай худ бе таал- лум бидонад ва ин сахт нодир бувад. Пас бояд ки бо асли роҳи тасаввуф ва ба фазли эшон имон дорӣ ва ба сабаби ин мутаввиқони рӯзгор эътиқод дар эшон табоҳ накунй ва ҳар ки аз эшон дар илму уламо таън кунад, бидонӣ, ки аз беҳосилй кунад. Бидон, ки ин бад-он маълум шавад, ки бидонӣ, ки саодати ҳар чизе дар он аст, ки лаззату роҳати вай дар он бувад. Ва лаз- зати ҳар чизе дар он аст, ки муқтазои табъи вай бувад. Ва муқтазои табъи ҳар чизе он аст, ки вайро барои он офаридаанд; чунон ки лаззати шаҳват дар он аст, ки ба орзуи хеш расад ва лаззати ғазаб дар он аст, ки интиқом кашад аз душман ва лаззати чашм дар суратҳои некӯст ва лаз- зати гӯш дар овозҳову алҳони хуш аст. Ҳамчунин лаззати дил дар он аст, ки хосияти вай аст ва вайро барои он офаридаанд ва он маърифати ҳақиқати корҳост, ки хосияти дили одамист. Аммо шаҳвату ғазаб ва да- рёфтани маҳсусот ба панҷҳавос, ин худ баҳоимрост. Ва барои ин аст, ки одамӣҳар чи надонад, дар табъи вай тақозо ва таҷассуси он бувад, то бидонад; ва ҳар чиро донад, бад-он шод бошад ва табаҷҷӯҳ шодй кунад ва бад-он фахр оварад. Ва агар дар чизе хасис бу- вад - чун шатранҷ, масалан - агар касеро, ки донад, гӯянд, ки таълим ма- 1 Хобҳои парешон ва бемаънӣ. Ва чун бидонистӣ, ки лаззати дил дар маърифати корҳост, донӣ, ки маърифат ҳарчанд ба чизе бузургтар ва шарифтар бувад, лаззат бештар бувад, ки касе, ки вай аз асрори вазир хабар дорад, бад-он шод бувад; ва агар аз асрори малик хабар дорад ва андешаи вай дар тадбири мамлакат бидонад, бад-он шодтар бувад. Ва он кас ки ба илми ҳандаса шаклу микдори осмонҳо бидонад, бад-он шодтар бувад аз он ки илми шатранҷ донад. Ва он кас ки донад, ки шатранҷ чун бояд ниҳод ва биниҳад, лаззат бештар аз он ёфт, ки он кас ки донад, ки чун бояд бозид бозй кардан ва ҳамчунин ҳарчанд маълум шарифтар, илми он шарифтар ва лаззати вай бештар. Ва ҳеч мавҷуд шарифтар аз Он нест, ки шарафи ҳама мавҷудот ба Вай аст ва подшоҳу малики ҳама олам Ӯст ва ҳама аҷоиби олам осори сунъи Вай аст. Пас ҳеч маърифат аз ин маърифат шарифтар ва лазизтар нест ва ҳеч назора хуштар аз назораи ҳазрати Рубубият набошад. Ва муқтазои табъи дил он аст, барои он ки муқтазои табъи ҳар чиз хосияти вай бувад, ки вайро барои он офаридаанд; агар диле бошад, ки дар вай тақозои ин маърифат ботил шуда бошад, ҳамчун тане бошад бемор, ки дар вай тақозои ғизо ботил шуда бошад. Ва бошад, ки гул дӯсттар дорад аз нон ва агар вайро илоҷ накунанд, то шаҳвати табиӣ боз ҷои хеш ояд ва ин шаҳвати фосид аз вай бишавад, бадбахти ин ҷаҳон бошад ва ҳалок ша- вад. Ва он кас ки шаҳвати дигар чизҳо бар вай ғолибтар аз хоҳиши маърифати ҳазрати Илоҳият шудааст, бемор аст, агар илоҷ накунад, бадбахти он ҷаҳон бувад ва ҳалок шавад. Ва ҳама шаҳватҳову лаззатҳои маҳсусот, ки ба тани банӣ Одам тааллуқ дорад, лоҷарам ба марг ботил шавад ва ранҷе, ки дар он бурда бошад, ботил шавад ба марг. Ва лаззати маърифат, ки ба дил тааллуқ дорад, ба марг азъофи он шавад, балки равшантар шавад ва лаззати азъофи он шавад, ки заҳмати дигар шаҳватҳо бархезад. Ва шарҳи он ба тамомӣ дар асли муҳаббат - дар охири китоб - пайдо карда шавад, ин шоаллоҳу таъоло. Ва бад-ин ҳар ду китоб ҳам одамӣ хештаншиноси тамом нагардад, ки ин ҳама шарҳи баъзе аз сифоти дил аст. Ва ин як рукн аст аз вай ва дигар рукни одамӣ тан аст. Ва андар офариниши тан низ аҷоиб бисёр аст ва андар ҳар узве аз зоҳиру ботини вай маонии аҷиб аст ва ан- дар ҳар яке ҳикматҳои ғариб аст. Ва андар тани одамӣ чанд ҳазор рагу пай ва устухон аст, ҳар яке бар шакле ва сифате дигар ва ҳар яке барои ғаразе дигар. Ва ту аз ҳама беха- бар бошӣ, балки ин микдор донӣ, ки: дасту пой барои гирифтан ва раф- тан аст ва забон барои гуфтан аст. Аммо он ки чашм аз даҳ табақаи мух- талиф таркиб кардаанд, ки агар аз даҳ яке кам шавад, дидор ба халал шавад, надонӣ ва надонй, ки он ҳар табақае барои чист ва ба чӣ ваҷҳ дар дидор бад-он ҳоҷат аст; ва микдори чашм худ пайдост, ки чанд аст ва шарҳи илми вай дар муҷалладҳои бузург гуфтаанд! Балки агар ин надонй, аҷиб нест. Ва низ надонй, ки аҳшои ботин аъзои дарунй чун кабиду ҷигар тиҳолу испурч марора талхадон ва куля гурда ва ғайри он аз барои чист: кабид барои он аст, ки таомҳои мухталиф, ки аз меъда ба вай расад, ҳамаро як сифат гардонад, ба ранги хун, то шоистаи он шавад, ки ғизои ҳафт андом шавад ва чун хун дар ҷигар пухта шуд, пораи дурде аз вай бимонад ва он савдо бувад. Тиҳол барои он аст, то он савдо аз вай биситонад; ва бар сари вай кафе аз зардоб гардонад; ва он сафро бувад. Марорат барои он аст, то он сафро аз вай бикашад. Ва чун хун аз ҷигар берун ояд, тунуку рақиқ ва беқавом бувад, куля барои он аст, то об аз вай биситонад, то хун бесафрову бесавдо ва боқавом ба уруқ расад. Агар мароратро офате расад, сафро бо хун бимонад; аз вай иллати ярақон хезад ва дигар иллатҳои сафроӣ дар вай падидор ояд. Ва агар тиҳолро офате расад, савдо бо хун бимонад; иллатҳои савдой дар вай пай- до ояд. Ва агар куляро офате расад, об дар хун бимонад; истисқо падидор ояд. Ва ҳамчунин ҳар ҷузверо аз аҷзои зоҳиру ботин барои коре офарида- анд, ки тан бе он ба халал бошад; балки тани одамӣ, бо мухтасарии вай, мисоле аст аз ҳама олам, ки аз ҳар чи дар олам офаридааст, андар вай намудгоре аст: устухон чун кӯҳ аст ва арақ чун борон аст ва мӯй чун да- рахтон аст ва димоғ чун осмон аст ва ҳавос чун ситорагон аст. Ва тафсили ин низ дароз аст; балки ҳама аҷноси офаринишро дар вай мисоле аст: чун хуку саг ва гургу сутур ва деву париву фаришта - чунон ки аз пеш гуфта омадааст. Балки аз ҳар пешаваре, ки дар олам аст, дар вай намуд- 45 горе дар аст: он қувват, ки дар меъда аст, чун таббох аст, ки таом ҳазм кунад; ва он, ки софии таомро ба ҷигар фиристад ва суфлро таҳмонда ба амъо рӯдаҳо , чун ассор аст; ва он, ки таомро дар ҷигар хун кунад, рангрез аст; ва он, ки хунро дар сина шири сапед гардонад ва унсайайн ду байза нутфаи сафед гардонад, чун гозур шӯянда аст; ва он, ки дар ҳар ҷузве ғизо аз ҷигар ба хештан кашад, чун ҷаллоб фурӯшандаи гулом аст; ва он, ки дар куля об аз ҷигар мекашад, то дар масона меравад, чун саққост; ва он, ки суфлро берун андозад, чун каннос аст; ва он ки сафрову савдо ангезад дар ботин, то танро табоҳ кунад, чун айёри ҳарзагард, дузд муфсид аст; ва он, ки сафрову иллатҳоро дафъ кунад, чун раиси одил аст. Ва шарҳи он низ дароз аст. Ва мақсуд аз ин он аст, ки бидонй, ки чанд омилҳост мухталиф ва дар ботини ту; ҳар яке ба коре машғул ва ту дар хоби хуш бошй ва эшон ҳеч аз хидмати ту наёсоянд ва ту на эшонро бидонй ва на шукри он ки эшонро ба хидмати ту ба пой кардаанд, ба ҷой оварй! Агар касе як рӯз гуломи хешро ба хидмати ту фиристад, ҳама рӯз, балки ҳама умр ба шукри вай машғул бошӣ ва Онро, ки чунин чандин ҳазор пешаварро дар даруни ту ба хидмати ту фиристодааст, ки дар ҳама умри ту як лаҳза аз хидмати ту фурӯ нанишинанд, аз Вай худ ёд наёварй! Ва донистани таркиби тан ва манфиати аъзои вайро илми ташреҳ хо- нанд. Ва он илме аст азим ва халқ аз он ғофил бошанд ва нахонанд. Ва он, ки хонад, барои он хонад, то дар илми тиб устод шавад. Ва тиббу ил- ми тиб худ мухтасар аст ва агарчи ба вай ҳоҷат аст, ба роҳи дин тааллуқ надорад. Аммо касе, ки назар дар тан барои он кунад, то аҷоиби сунъи Худои таъоло бинад, вайро се сифат аз сифоти Илоҳият зарурй шавад: яке он ки бидонад бинокунандаи ин қолаб ва Офаринандаи ин шахс, Қодире аст баркамол, ки ҳеч нуқс ва аҷзро ба қудрати Вай роҳ нест, ки аз қатраи об чунин шахс тавонад офарид ва Он, ки ин тавонад кард, зинда кардан аз паси марг бар Ӯ осонтар бувад; дуввум он, ки Олиме аст, ки илми вай муҳит аст ба ҳама корҳо, ки ин чунин аҷоиб бо чунин ҳикматҳои ғариб мумкин нагардад, илло ба камоли илм; саввум он ки лутфу раҳмат ва инояти Вайро ба бандагон ҳеч ниҳоят нест, ки аз ҳар чи дар мебоист, Офаридгор дар офаридани ҳеч чиз боз нагирифтааст, балки он чи ба за- рурат мебоист, чун: дилу ҷигар ва димоғу усули ҳайвон бидод; ва он чи ба вай ҳоҷат бувад, агарчи зарурате набувад, чун: дасту пой ва чашму за- бон, ҳама бидод; ва он чи на бад-он ҳоҷат бувад ва на зарурат, валекин 46 дар вай зиёдат зинат бувад ва бар он ваҷҳ некӯтар бувад, он низ бидод, чун: сиёҳии мӯй ва сурхии лаб ва кӯжии абрӯй ва ҳамвории мижгони чашм ва ғайри он. Ва ин лутфу иноят на бо одамӣ танҳо карду бас, балки бо ҳама офаридаҳо, то сорхак пашша ва занбӯру магас, ки ҳар яке эшонро ҳар чи боист, бидод ва ҳама шакли эшон ва зоҳири эшонро ба нақшҳо ва рангҳои некӯ биёрост. Пас назар дар тафсили офариниши тани одамй, калиди маърифати сифоти Илоҳият аст бар ин ваҷҳ ва бад-ин сабаб ин илм шариф аст, на бад-он сабаб, ки табибонро бад-он ҳоҷат аст. Ва ҳамчунон ки ғароиби шеъру тасниф ва санъат, ҳарчанд ки бештар донй, азамати шоиру мусанниф ва сонеъ дар дили ту зиёдат бувад, аҷоиби сунъи Эзади таъоло ҳамчунин мифтоҳи илм аст ба азамати Со- неъ - ҷалла ҷалолуҳу - ва ин низ бобе аз маърифати нафс аст, валекин мухтасар аст ба изофат бо илми дил, ки ин илми тан аст ва тан чун мар- каб аст ва дил чун савор. Ва мақсуди офариниш савор аст на маркаб, ки маркаб барои савор аст, на савор барои маркаб. Валекин ин микдор низ гуфта омад, то бидонӣ, ки бад-ин осонй хештанро ба тамомӣ натавон шинохт, бо он ки ба ту ҳеч чиз наздиктар аз ту нест ва касе, ки худро на- шинохта бошад ва даъвои шинохти чизи дигар кунад, ҳамчун муфлисе бошад, ки худро таом натавонад дод ва даъвои он кунад, ки дарвешони шаҳр ҳама нони вай мехӯранд: ва ин ҳам зишт бувад ва ҳам муҳол. Чун талаби вай накунй ва вайро зоеъ кунӣ ва аз вай ғофил бошӣ, ғабне ва хусроне азим бошад. Ҷаҳди он кун, ки дили худро бозҷӯӣ ва аз миёни машғалаи дунё берун орй ва вайро ба камоли хеш расонӣ, ки шарафу иззи вай дар он ҷаҳон пайдо хоҳад шуд, ки шодие бинад беандӯҳ ва бақое бефано ва қудрате беаҷз ва маърифате бешубҳат ва ҷамоли Ҳазрате бекудурат. Аммо дар ин ҷаҳон, шарафи вай бад-он аст, ки вайро истеъдод ва шоистагй бошад, ки бад-он шарафу иззи ҳақиқӣ расад, вагарна аз вай ноқистар ва бечоратар имрӯз кист? Ки асири гуруснагй ва ташнагй ва 47 гармову сармо ва бемориву дард ва андӯҳу ранҷ ва хашму оз аст ва ҳар чи вайро дар он роҳат асту лаззат, зиёни кори вай аст; ва ҳар чи вайро манфиат кунад, бо талхию ранҷ аст. Ва касе, ки азизу шариф бувад, ба илм бувад, ё ба қуввату қудрат, ё ба ҳиммату иродат, ё ба ҷамоли сурат. Агар дар илми вай нигарӣ, аз вай ҷоҳилтар кист? Ки агар як раг дар димоғи вай каж каҷ шавад, вай дар хатари ҳалок ва девонагӣ афтад ва вай надонад, ки аз чй хост ва илоҷи вай чист? Ва бошад, ки илоҷи он дар пеши вай бошад ва ҳамебинад ва надонад. Ва агар дар қудрату қуввати вай нигоҳ кунй, аз вай оҷизтар кист? Ки бо магасе барнаёяд ва агар сорхакеро бар вай мусаллат кунанд, дар дасти вай ҳалок шавад; ва агар занбӯре сари неш фаро вай кунад, бехоб ва беқарор шавад. Ва агар дар ҳиммати вай нигарй, ба як донг сим ё зар, ки аз вай ба зиён ояд, мутағаййир шавад ва ранҷур гардад ва агар як луқма аз вай даргу- зарад - ба вақти гуруснагӣ мадҳуш шавад. Ва аз ин хасистар чӣ бошад? Ва агар дар ҷамоли сурати вай нигарй, пӯсте аст бар рӯи мазбалае даркашида ва агар ду рӯз хештанро нашӯяд, расвоиҳо бар вай пайдо ша- вад, ки аз хештан сер ояд ва ганд аз вай бархезад. Ва расвотару гандатар аз он чи чиз аст, ки вай ҳамеша дар ботини хеш дорад ва ҳаммоли вай аст, рӯзе чанд бор ба дасти хеш аз хештан бишӯяд?! Рӯзе шайх Абӯсаиди Абулхайр раҳматуллоҳи алайҳи мегузашт бо сӯфиён, фаро ҷое расид, ки таҳоратҷой чоҳи мустароҳ пок ҳамекарданд ва наҷосат бар роҳ буд. Сӯфиён ҳама ба як сӯй гурехтанд ва бинӣ биги- рифтанд. Ва шайх биистоду гуфт: «Эй қавм, донед, ки ин наҷосат фаро ман чӣ мегӯяд? » Мегӯяд, ки: «Дӣ дар бозор будам, ҳама кисаҳои хеш бар ман ҳамеафшондед, то маро ба даст овардед; як шаб бо шумо сӯҳбат беш накардам, бад-ин сифат гаштам! Маро аз шумо мебояд гурехт ё шуморо аз ман? Ва ба ҳақиқат чунин аст, ки одамй дар ин олам дар ғояти нуқсон ва аҷзу нокасй аст ва рӯзи бозори вай фардо хоҳад буд. Агар «кимиёи сао- дат» бар гавҳари дил афканад, то аз дараҷаи баҳоим ба дараҷаи фариш- тагон расад. Ва агар рӯй ба дунёву шаҳвати дунё орад, фардо сагу хукро бар вай фазл бувад, ки эшон ҳама хок шаванд ва аз ранҷ бираҳанд ва вай дар азоб бимонад. Пас чунон ки шарафи худ бишинохт, бояд ки нуқсон ва бечорагии худ бишиносад, ки маърифати нафс аз ин ваҷҳҳам мифтоҳе аст аз мафотеҳи маърифати Ҳақ таъоло. Ва ин микдор кифоят бувад дар шарҳи хештаншиносй, ки чунин ки- 48 тоб беш аз ин, ки гуфта омад, эҳтимол накунад. Фасли дуввум - Шинохтани танзеҳ ва тақдиси Ҳақ таъоло аз танзеҳ ва тақдиси хеш. Фасли саввум - Маърифати подшоҳӣ рондани Ҳақ таъоло. Фасличаҳорум - Дунболаи фасли пеш. Фаслипанҷум - Ташбеҳи табиӣ ва мунаҷҷим ба мӯрча. Фаслишашум - Ташбеҳи халқ ба гурӯҳе нобино. Фаслиҳафтум - Ташбеҳи кавокиб ва буруҷ ба дастгоҳи подшоҳӣ. Фасли ҳаштум - Шинохтани маънии тасбеҳоти чаҳоргона. Фасли нуҳум - Мутобиати шариат роҳи саодат аст. Фасли даҳум - Роҳҳои ғалат ва ҷаҳли аҳли ибоҳат. Ва ин калима далели он аст, ки нафси одамй чун оина аст, ки ҳар ки дар вай нигарад, ҳақро мебинад! Ва бисёр халқ дар худ менигарад ва ҳақро на- мебинад, пас лобуд аст шинохтани он ваҷҳ аз назар 3 , ки он оинаи маърифат аст. Ва ин бар ду ваҷҳ аст, яке аз он он аст, ки ғомизтар аст ва бештари фаҳмҳо он эҳтимол накунад ва шарҳи он ба авом натавон кар- дан; савоб набувад гуфтани он. Аммо он ваҷҳ, ки ҳама кас фаҳм тавонад кард, он аст, ки одамӣ аз зоти хеш ҳастии зоти Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бишиносад ва аз сифоти хеш сифоти Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бишино- сад ва аз тасарруф дар мамлакати хеш - ва он тану аъзои вай аст - тасар- руфи Ҳақ дар ҷумлаи олам бишиносад. Ва шарҳи ин он аст, ки чун худро авло 4 ба ҳастӣ бишинохт ва медонад, ки пештар аз ин ба соле чанд, нест буд ва аз вай на ном буду на нишон, чунон ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло гуфт: «Ҳал ато ъало-л-инсони ҳийнун мина-д-даҳри лам йакун шайъан мазкуро. Иннохалақно-л-инсона мин нутфатин амшоҷин набталийҳи фа ҷаъалноҳу самиъан басиро 5 ». Ва он чи одамӣ бад-он роҳ барад аз асли офариниши хеш, он аст, ки донад, ки пеш аз ҳастии хеш нутфае буд: қатраи оби ганда, дар вай ақл на ва самъу басар на ва сару дасту пой ва забону чашм на ва рагу паю ус- тухону пӯсту гӯшт на; бал обе буд сапеди яксифат. Пас ин ҳама аҷоиб дар вай падид омад; иммо вай худро падид овард, ё вайро касе падид овард. Ва чун ба зарурат бишиносад, ки акнун, ки бар дараҷаи камол аст, аз офаридани як сари мӯй оҷиз аст, донад, ки он вақт, ки қатраи об буд, оҷизтар ва ноқистар буд; пас, ба зарурат вайро аз ҳаст шудани зоти хеш ҳастии зоти Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло маълум шавад. Ва чун дар аҷоиби тани хештан нигарад, аз рӯи зоҳир ва аз рӯи ботин 1 Эй инсон худатро бишинос, то Худоятро бишносӣ. Пас гардонидем ӯро шунаво ва бино. Ки аз чунон қатраи оби ҳақиру муҳин хору ночиз , чунин шахси бокамол ва боҷамоли пурбадоеъ ва аҷоиб биёфаринад. Ва чун дар ғароиби сифоти хеш ва манофеъи аъзои хеш нигарад, ки ҳар якеро барои чӣҳикмат офаридаанд, аз аъзои зоҳир, чун дасту пой ва чашму забону дандон ва аз аъзои ботин, чун сипурзу ҷигар ва заҳраву ғайри он, илми Офаридгори хеш бишиносад, ки ба ниҳояти камол аст ва ба ҳама чизе муҳит ва бидонад, ки аз чунин олим ҳеч чиз ғоиб натавонад бувад, ки агар ҳама ақли уқало дар ҳам зананд ва эшонро умрҳои дароз диҳанд ва андеша мекунанд, то як узв аз ҷумлаи ин аъзо ваҷҳе дигар дар офариниши он берун оранд, беҳтар аз ин, ки ҳаст, натавонанд! Агар хоҳанд, масалан, ки сурате дигар такдир кунанд дандонро, ки дандонҳои пешро сарҳо тез аст, то таом бибуррад ва дигаронро сар паҳн аст, то та- омро ос кунад ва забон дар бари вай чун миҷрафаи ҷорӯби осиёбон, ки таом ба осиё андозад ва қуввате, ки дар зери забон аст, чун чашмае, ки об резанд бад-он вақт, ки бояд чандон, ки об мерезад, то таом тар шавад ва ба гулӯ фурӯ хазад ва дар гулӯ намонад, ҳама уқалои олам ҳеч сурати ди- гар натавонанд андешидан бакамолтар аз ин ва некӯтар аз ин. Ва ҳамчунин дастро панҷ ангушт, чаҳор дар як саф ва ибҳом аз эшон дуртар ва ба боло кеҳтар, чунон ки бо ҳар яке аз эшон кор мекунад ва бар ҳама мегардад ва ҳар якеро се банди зоҳир ва вайро ду банди зоҳир, чунон со- хта, ки агар хоҳад қабз кунад ва агар хоҳад аз вай миҷрафае созад ва хоҳад миғрафа чумча ва кафча созад ва хоҳад гирд кунад ва силоҳ созад ва хоҳад паҳни боз кунад ва кафчалез кафгир ва табақ созад ва аз вуҷӯҳи бисёр ба кор дорад. Агар ҳама уқалои олам хоҳанд, ки ваҷҳи дигар ан- дешанд ва дар ниҳоди ин ангуштҳо, ки ҳама дар як саф, ё се аз як сӯй ва ду аз як сӯ, ё ин ки панҷ аст, шаш боист ё чаҳор, ё ин ки се банд боистӣ ё чаҳор, чунин ҳар чи андешанд ва гӯянд, ҳама ноқис бувад ва комилтарин ин аст, ки Худои таъоло офаридааст. Ва бад-ин маълум шавад, ки илми Офаридгор бар ин шахс муҳит аст ва бар ҳама чизе мутталеъ аст. Ва дар ҳар ҷузве аз аҷзои одамӣҳамчунин ҳикматҳост, ҳарчанд ҳар ан- доза касе ин ҳикматҳо бештар донад, тааҷҷуби вай аз азамати илми Ху- дои таъоло бештар бувад. Ва чун одамӣ дар ҳоҷатҳои хеш нигарад, аввал ба аъзо, он гаҳ ба таому либос ва маскан ва ҳоҷати таом ба борон ва боду меғ абр ва сармову гармо ва ба санъатҳое, ки онро ба салоҳ орад ва ҳоҷатҳои санъатҳо ба олот аз оҳану чӯб ва мису биринҷ ва ғайри он ва 52 ҳоҷати он олот ба ҳидоят ва маърифат, ки чун созанд ва он гоҳ нигоҳ ку- над, ин ҳама офарида ва сохта бинад бар тамомтарин ва некӯтарин ваҷҳе ва аз ҳар яке чандон анвоъ, ки мумкин набудӣ, ки агар наёфаридӣ, дар хотири ҳеч кас даромадй ва ё дартавонистӣ хост, нохоста ва нодониста, ҳама ба лутф ва раҳмат сохта бинад. Аз ин ҷо вайро сифате дигар маълум гардад, ки ҳаёти авлиё бад-он аст ва он лутфу раҳмат ва иноят аст ба ҳама офаридагон, чунон ки гуфт: «сабақат раҳматӣғазабӣ» 1 ва чу- нон ки расул алайҳиссалом, гуфт: «Шафқати Худои таъоло бар бандагон беш аст аз шафқати модар бар фарзанди ширхора». Пас, аз падид омадани зоти хеш, зоти Ҳаққ субҳонаҳу ва таъоло бибинад ва дар бисёре тафосил ва аҷзову атрофи хеш камоли қудрати Ҳақ бинад ва дар аҷоиби ҳикматҳо ва манофеъи атрофи хеш камоли илми Ҳақ бинад ва дар иҷтимоъ он чи дар мебоист, ба зарурат ё ба ҳоҷат; ё барои некӯӣ ва зи- нат 2 , ки ҳама бо хеш офарида ёбад, лутфу раҳмати Худои таъоло бинад. Пас бар ин ваҷҳ маърифати нафс оина ва калиди маърифати Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бошад. Маънии танзеҳ ва такдис дар Ҳақ таъоло он аст, ки пок ва муқаддас аст аз ҳар чи дар ваҳм ояд ва хаёл бан- дад ва муназзаҳ аст аз он ки Вайро бо ҷой изофат кунанд - агарчи ҳеч ҷой аз тасарруфи Вай холӣ нест. Ва одамӣ намудгори ин дар хештан ме- бинад, ки ҳақиқати ҷони вай, ки мо онро дил гуфтем, муназзаҳ аст аз он ки дар ваҳму хаёл ояд. Ва гуфтем, ки вайро микдору каммият нест ва қисматпазир нест ва чун чунин бошад, вайро ранг набувад. Ва ҳар чи вайро ранг набувад ва микдор набувад, ба ҳеч ҳол ба хаёл наёяд. Дар хаёл чизе ояд, ки чашм онро дида бувад, ё ҷинси онро дида бувад ва ҷуз алвон дар вилояти чашму хаёл нест. Ва ин, ки табъ тақозо кунад, ки чизе чй гуна аст? Маънй он бувад, ки чй шакл дорад, хурд аст ё бузург аст? Чизе, ки ин сифатро ба вай роҳ набувад, суоли чигунагиро дар вай ботил ояд. Хоҳӣ бидонй, ки чизе бошад, ки чигунагй ба вай роҳ набувад, дар ҳақиқати худ 1 Пеши гирифтааст бахшоиши Ман ба хашми Ман. Агар касе пурсад, ки: «Рӯҳ чӣ гуна чиз аст? » Чавоб он бувад, ки: «Чигу- нагиро ба вай роҳ нест! » Чун худро бад-ин сифот бидонистӣ, бидон, ки Ҳақ таъоло бад-ин тақдис ва танзеҳ авлотар аст ва мардумон аҷаб медоранд, ки мавҷуде бу- вад бе чуну бе чӣ гуна ва эшон худ чунонанд ва худро намешиносанд. Балки одамӣ агар дар тани хештан талаб кунад, ҳазор чиз ёбад, ҳама бе- чуну бе чӣ гуна, ки онро худ чашм набинад, масалан, чун ишқ ва дард, ки чашм набинад ва агар хоҳад, ки чунй ва чигунагй талаб кунад, натавонад, ки чун ин чизҳо шаклу лавн надорад, ин суолро ваҷҳе набувад. Бал, агар касе ҳақиқати овоз талаб кунад, ё ҳақиқати бӯй ё ҳақиқати таъм, то чй гуна аст, оҷиз ояд. Ва сабаб он аст, ки «чун» ва «чй гуна» тақозои хаёл аст, ки аз ҳоссаи чашм ҳосил шудааст, он гоҳ аз ҳар чизе насиби чашм меҷӯяд ва он чи дар вилояти гӯш аст - чун овоз, масалан - чашмро дар вай ҳеч насиб нест, бал талаби вай чунӣ ва чигунагии овозро муҳол аст, ки овоз муназзаҳ аст аз насиби чашм, чунон ки лавну шакл муназзаҳ аст аз насиби гӯш. Ҳамчунин он ки ҳоҷат аст, дил дарёбад ва ба ақл бишино- сад, муназзаҳ аст аз ҷумлаи насиби ҳавос. Ва чунӣ ва чигунагй дар маҳсусот бувад. Ва инро таҳқиқе ва ғаврест, ки дар кутуби маъқулот шарҳ кардаем ва дар ин китоб ин кифоят бувад. Ва мақсуд он аст, ки одамӣ аз бечуниву бечигунагии хеш, бечуниву бечигунагии Ҳақ таъоло битавонад шинохт ва бидонад, ки чунон ки ҷон мавҷуд аст ва подшоҳи тан аст ва ҳар чи аз тани вай вайро чуниву чигунагӣ аст, ҳама мамлакати вай аст ва вай бечуну бечигуна аст, ҳамчунин Подшоҳи олам бечуну бе- чигуна аст. Ва ҳар чи чуниву чигунагӣ дорад, чун маҳсусот, ҳама мамла- кати Вай аст. Дигар навъ аз танзеҳ он аст, ки Вайро ба ҳеч ҷой изофат на- кунад, чунон ки ҷонро ба ҳеч чиз изофат натавон кард ва натавон гуфт, ки дар даст аст ё дар пой аст ё дар сар аст ва ё дар ҷои дигар, балки ҳама андомҳои тан қисматпазир аст ва вай қисматпазир нест. Ва қисматнопазир дар қисматпазир муҳол бошад, ки фурӯ ояд: он гоҳ вай низ қисматпазир шавад! Ва бо он ки ба ҳеч узв изофат напазирад, ҳеч узв аз тасарруфи вай холй нест, балки ҳама дар фармону тасарруфи вайанд ва вай подшоҳи ҳама аст, чунон ки ҳама олам дар тасарруфи Подшоҳи олам аст ва Вай муназзаҳ аст аз он ки Вайро бо ҷои хос изофат кунанд. Ва тамо- ми ин навъ аз такдис бад-он ошкоро шавад, ки хосияту сирри рӯҳ ошкоро бигӯӣ ва андар он рухсат нест. Ва тамомии он ки: «Инналлоҳа халақа Ода- ма ъало суратиҳи» бад-он ошкор шавад. Як боби дигар аз маърифат монд: ва он маърифати подшоҳй рондани Вай аст дар мамла- кат, ки чй гуна аст ва бар чй ваҷҳ аст ва кор фармудани Вай малоикаро ва фармонбардории малоика Вайро ва рондани корҳо бар дасти малоика, фиристодани фармон аз осмон ба замин ва ҷунбонидани осмонҳову сито- рагон ва дарбастани корҳои аҳли замин ба осмонҳо ва калиди арзоқ ба ос- мон ҳаволат кардан, ки ин ҷумла чй гуна аст? Ва ин бобе азим аст дар маърифати Ҳақ таъоло ва инро «маърифати афъол» гӯянд, чунон ки он пештарро «маърифати зот» гӯянд ва «маъри- фати сифот» гӯянд. Ва калиди ин низ ҳам маърифати нафс аст. Ва чун надониста бошй, ки подшоҳии хеш дар мамлакати хеш чун меронӣ, чӣ гуна хоҳй донистан, ки Подшоҳи олам чун меронад!? Аввало хештанро бишинос ва як феъли хеш бидон: масалан, чун хоҳй, ки «бисмиллоҳ» бар коғаз кашӣ, аввал рағбате ва иродате дар ту падид ояд, пас ҳаракате ва ҷунбише дар дили ту падид ояд - ин дили зоҳир, ки аз гӯшт аст ва дар ҷониби чап аст ва ҷисме латиф аз ӯҳаракат кунад ва ба димоғ шавад. Ва ин ҷисми латифро табибон «рӯҳ» гӯянд, ки ҳаммоли қувватҳои ҳисс ва ҳаракат аст. Ва ин рӯҳе дигар аст, ки баҳоимро бувад ва маргро бад-ин роҳ бувад ва он рӯҳи дигар, ки мо онро «дил» ном кардем - баҳоимро набувад ва ҳаргиз бинамирад, ки он маҳалли маърифати Ху- дой аст таъоло. Чун ин рӯҳ ба димоғ расад ва сурати «бисмиллоҳ» дар хизонаи аввали димоғ, ки ҷои қуввати хиёл аст, пайдо омада бошад, аса- ре аз димоғ ба аъсоб пайвандад, ки аз димоғ берун омадааст ва ба ҷумла атроф расида ва дар сарангуштҳо баста чун риштаҳо ва он бар соиди ка- се, ки наҳиф бувад, битавон дид. Пас аъсоб биҷунбад, пас сарангуштонро биҷунбонад, пас ангушт қаламро биҷунбонад, пас қалам ҳибрро биҷунбонад, пас сурати «бисмиллоҳ», бар вафқи он ки дар хизонаи хаёл аст, бар коғаз падидор ояд, ба муовинати ҳавос, хусусан чашм аз ҷумла, ки дар бештар ҳоҷат ба вай бошад. Пас, чунон ки аввали ин кор рағбате буд, ки дар ту падидор омад, ав- вали ҳама корҳо сифате аст аз сифоти Ҳақ таъоло, ки иборат аз он «иро- 55 дат» ояд. Ва чунон ки аввал асари ин иродот дар дили ту падид ояд, он гаҳ ба воситаи ин ба дигар ҷойҳо расад, аввал асари иродати Ҳақ таъоло бар арш пайдо ояд, он гаҳ ба дигарон расад. Ва чунон ки ҷисме латиф чун бухоре, аз роҳи рагҳои дил ин асар ба димоғ расонад ва ин ҷисмро «рӯҳ» гӯянд, ҷавҳаре латиф аст Ҳақ таъолоро, ки он асар ба Арш расонад ва аз Арш ба Курсӣ расонад; ва он ҷавҳарро «фаришта» хонанд ва «рӯҳ» хонанд ва «Рӯҳул-қудус» хонанд. Ва чунон ки асари дил ба димоғ расад ва димоғ зери дил аст дар ҳукми вилоят ва тасарруф, асари иродоти аввал аз Ҳақ таъоло ба Курсй расад ва Курсй зери Арш аст. Ва чунон ки сурати «бисмиллоҳ», ки феъли ту хонанд ва муроди туст, дар хизонаи аввал аз димоғ падид ояд ва феъл бар вафқи он падид ояд, сурати ҳар чи дар олам падид хоҳад омад. Аввало нақши он дар Лавҳи Маҳфуз падид ояд ва чунон ки қуввате, ки дар димоғ аст латиф, аъсобро биҷунбонад, то аъсоби дасту ангуштро биҷунбонад, то ангушт қаламро биҷунбонад, ҳамчунин ҷавоҳири латиф, ки бар Аршу Курсй муваккаланд, осмону ситораҳоро биҷунбонанд. Ва чунон ки қуввати димоғ ба равобити автор 1 ва аъсоб ангуштро биҷунбонад, он ҷавоҳири латиф, ки эшонро малоика гӯянд - ба воситаи кавокиб ва равобити шуооти эшон ба олами суфло, табоеъи уммаҳоти 2 олами суфлиро биҷунбонанд, ки онро чаҳор табъ гӯянд ва он: ҳарорат ва рутубат ва бурудат ва юбусат аст. Ва чунон ки қалам мидодро пароканда кунад ва ҷамъ кунад, то сурати «бисмиллоҳ» падид ояд, ин ҳарорат ва бурудат обу хоку уммаҳоти ин мураккаботро биҷунбонад. Ва чунон ки коғаз қабул кунад мидодро, чунон ки бар вай бипароканад ё ҷамъ кунад, рутубат ин мураккаботро қобили шакл кунад ва юбусатро ҳофизи ин шакл гардонад, то нигоҳ дорад ва раҳо накунад, чи агар рутубат набуд, худ шакл напазирад ва агар юбусат набуд, шакл нигоҳ надорад. Ва чунон ки чун қалам кори хеш тамом бикард ва ҳаракати хеш ба сар бурд, сура- ти «бисмиллоҳ» бар вафқи он нақш, ки дар хизонаи хаёл будааст, пади- дор ояд, ба муовинати ҳоссаи чашм - ҳамчунин чун он ҳарорат ва буру- дат ин уммаҳоти мураккаботро таҳрик кунад - ба муовинати малоика, сурати ҳайвон ва наботу ғайри он дар ин олам падидор ояд, бар вафқи он сурат, ки дар Лавҳ-ул-Маҳфуз аст. Ва чунон ки аввали кор дар ҷумлаи тан аз дил хезад, он гоҳ ба ҳама аъзо бипароканад, аввали корҳо дар 1 Ҷамъи «ватар», ба маънои «торҳо»; «мушакҳо». Ва чунон ки он хосиятро аввал пазиранда дил аст ва дигар ҳама дуни вай, дилро изофате диҳад, то пиндоранд, ки ту сокини дилӣ, ҳамчунин чун истилои Ҳақ таъоло бар ҳама ба воситаи Арш аст, пиндоранд, ки Вай со- кини Арш аст. Ва ҳамчунон ки чун ту бар дил муставлй шудй ва кори дил рост шуд, тадбири ҳама мамлакати тан битавонӣ кард, ҳамчунин чун Эзад - азза ва ало - ба офариниши Арш бар Арш муставлй шуд ва Арш рост биистод ва муставӣ шуд, тадбири мамлакат сохта шуд ва ибо- рат чунин омад ки ки: «Иставо ъало-л-ъарши, йудаббиру-л-амра. Ва бидон, ки ин ҳама ҳақиқат аст ва аҳли басиратро ба мукошифаи зоҳир маълум шудааст ва ин маънй бидонистаанд ба ҳақиқат, ки: Инналлоҳа ъазза ва ҷалла халақа Одама ъало суратиҳи 1. Ва ба ҳақиқат бидон, ки подшоҳрову подшоҳиро, ҷуз подшоҳон надо- нанд: агар на он будӣ, ки туро подшоҳй дода будандӣ бар мамлакати хеш ва нусхате мухтасар аз мамлакат ва подшоҳии Худованди олам ба ту дода будандӣ, ҳаргиз Худованди олам натавонистӣ шинохт. Пас шукр кун он Подшоҳеро ки туро биёфарид ва подшоҳй дод ва мамлакате дод бар намудгори мамлакати Хеш ва аз дил арши ту сохт ва аз рӯҳи ҳайвонй, ки манбаъи он дил аст, Исрофили ту сохт ва аз димоғ курсии ту сохт ва аз хизонаи хаёлот лавҳ-ул-маҳфузи ту сохт ва аз чашму гӯш ва аз ҷумлаи ҳавос фариштагони ту сохт ва аз қуббаи димоғ, ки манбаъи аъсоб аст, осмону ситораи ту сохт ва аз ангушту қалам ва мидод табоеъи мусаххари ту сохт ва туро ягонаву бечуну бечигуна биёфарид ва бар ҳама подшоҳ кард; он гоҳ туро гуфт: «Зинҳор! Аз хештану подшоҳии хештан ғофил набошй, ки он гоҳ аз Офаридгори хеш ғофил шуда бошй, ки: «Фа инналлоҳа халақа Одама ъало суратиҳи, фа-ъриф нафсака, ё инсону, таъриф Раббака». Ва мақсуд аз ин ишорат он аст, то он, ки зирак бувад, ин ҷумла эътиқод кунад ва азамати Ҳақ - азза ва ҷалла бад-ин ҷумла бишиносад; ва он, ки балид кундзеҳн, камҳуш бувад, ин микдор бидонад, ки чӣ гуна ғофил аст ва чӣ гуна мағбун, ки аз мутолиати чунин ҳазрате - бо ин ҳама ҷамол - маҳрум мондааст. Ва аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият, худи халқ чй хабар до- рад ва ин микдор, ки гуфта омад, аз он ҷумла, ки халқ битавонад шинохт, худ чист!? Мисоли эшон чун мӯрчае аст, ки бар коғаз мера- вад ва коғазе мебинад, ки сиёҳ мешавад ва бар вай нақше пайдо меояд. Нигоҳ кунад сари қаламро бинад, шод шавад ва гӯяд: «Ҳақиқати ин кор бишинохтам ва фориғ шудам: ин наққошйқалам мекунад». Ва ин масали табиӣ аст, ки ҳеч чиз надонист аз таҳаррукоти олам ҷуз дараҷаи бозпа- син. Пас, чун мӯрчаи дигар биёмад, ки чашми вай фарохтар буд ва масо- фати дидори вай бештар, гуфт: «Ғалат кардӣ, ки ман ин қалам мусаххар мебинам ва варои вай чизе дигар ҳамебинам, ки ин наққошй вай меку- над». Ва бад-ин шод шуд ва гуфт: «Ҳақиқат ин аст, ки ман донистам, ки наққош ангушт аст, на қалам ва қалам мусаххар аст». Ва ин мисоли мунаҷҷим аст, ки назари вай бештар бикашид ва бидид, ки табоеъ му- саххари кавокибанд, валекин надонист, ки кавокиб мусаххари фаришта- гонанд ва ба дараҷоте, ки варои он бувад, роҳ наёфт. Ва чунон ки ин тафовут миёни табий ва мунаҷҷим аз олами аҷсом аф- тод ва аз вай хилофе хост, миёни касоне, ки ба олами арвоҳ тараққӣ кар- данд, ҳам ин хилоф аст, ки бештари халқ, чун аз олами аҷсом тараққӣ карданд ва чизе беруни аҷсом бозёфтанд, бар аввал дараҷа фуруд ома- данд ва роҳи меъроҷ ба олами арвоҳ бар эшон баста шуд. Ва дар олами арвоҳ, ки он олами анвор аст, ҳамчунин ақаботу ҳуҷуб бисёр аст, баъзе дараҷаи вай чун кавкаб ва баъзе чун қамар ва баъзе чун шамс. Ва ин мароқӣ нардбонҳо меъроҷи касоне аст, ки малакуту-с-самавот ба эшон 58 намоянд, чунон ки дар ҳаққи Халил алайҳиссалом хабар дод, Ҳаққ азза ва ҷалла: «Ва казолика нурий Иброҳима малакута-с-самовоти ва-л- арзи» 1 , то он ҷо, ки гуфт: «Иннӣ ваҷҷаҳту ваҷҳй ли-л-лазй фатара-с- самовоти ва-л-арза» 2. Ва барои ин буд, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Инна лиллоҳи азза ва ҷалла сабъина ҳиҷобан мин нурин лав кашафаҳо ла-ҳтарақат сабоҳоту ваҷҳиҳи кулла ман адрака басараҳу» 3. Ва шарҳи ин дар китоби «Мишко- ту-л-анвор ва мисфоту-л-асрор» гуфтаем, аз он ҷо талаб бояд кард. Ва мақсуд он аст, ки бидонй, ки табиии бечора, ки чизе бо ҳарорату рутубат ва бурудату юбусат ҳаволат кард, рост гуфт, ки агар эшон дар миёнаи асбоби илоҳй набудандй, илми тиб ботил будӣ; валекин хато аз он ваҷҳ кард, ки чашми вай мухтасар буд, ба аввал манзил фуруд омад ва аз ӯ асле сохт, на мусаххаре ва худованде сохт, на чокаре. Ва вай худ аз ҷумла чокарони бозпасин аст, ки дар саффу-н-ниъол пойгаҳ бошад. Ва мунаҷҷим, ки ситораро дар миёни асбоб оварад, рост гуфт, ки агар на чунин будӣ, шабу рӯз баробар будй, ки офтоб ситорае аст, ки рӯшноӣ ва гармй дар олам аз вай аст. Ва зимистону тобистон баробар будй, ки гар- мии тобистон аз он аст, ки офтоб ба миёни осмон наздик шавад ва дар зимистон дур шавад. Ва он Худой, ки дар қудрати Вай ҳаст, ки офтобро гарму равшан офарид, чй аҷаб агар Зуҳалро сарду хушк офаринад ва Зӯҳраро гарму тар офаринад: ин дар мусалмонйҳеч қадҳ айб, сарзаниш накунад. Мунаҷҷим аз он ҷо ғалат кард, ки аз нуҷум аслу ҳаволатгоҳ сохт ва мусаххарии эшон набидид ва надонист, ки: «Ва-ш-шамса ва-л-қамара ва-н-нуҷума мусаххаротин би амриҳи» 4. Ва мусаххар он бошад, ки вайро ба кор доранд, пас эшон коргаронанд, на аз ҷиҳати хеш, балки бакор- доштагонанд, аз ҷиҳати уммоли фариштагон, чунон ки аъсоби мус- таъмал ба кор водошташуда аст дар таҳти таҳрики атроф, аз ҷиҳати қуввате, ки андар димоғ аст. Ва кавокиб ҳам аз чокарони бозпасинанд, агарчи дар дараҷаи нақибонанд сардорон, раисон ва ба саффу-н-ниъол наянд, чун чаҳор табъ, ки эшон мусаххарони бозпасинанд, чун қалам дар китобат. ФАСЛИ ШАШУМ 1 Ва инчунин намудем ба Иброҳим мулки осмонҳову заминро. Ва ма- сали эшон чун гурӯҳе нобиноёнанд, ки шунида бошанд, ки ба шаҳри эшон пил омадааст, хоҳанд, ки вайро бишиносанд, пиндоранд, ки ба даст вайро битавон шинохт: дастҳо дар вай бипармосиданд палмоси- данд , якеро даст бар гӯши вай омад ва якеро бар пой ва якеро бар рон ва якеро бар дандон; чун бо дигар нобиноён расиданд васфи пил аз эшон пурсиданд. Он, ки даст бар пой ниҳода буд, гуфт: монандаи сутуне аст; ва он, ки даст бар дандон ниҳода буд, гуфт: монандаи амуде аст; ва он, ки бар гӯш ниҳода буд, гуфт: монандаи гилеме аст. Ҳама рост гуф- танд ва ҳама хато карданд, ки пиндоштанд, ки ҷумлаи пилро дарёфтаанд ва наёфта буданд. Ҳамчунин мунаҷҷим ва табиб, ҳар якеро чашм бар яке аз чокарони даргоҳи ҳазрати Илоҳй афтод, аз салтанат ва истилои вай аҷаб доштанд, гуфтанд: «Подшоҳ худ ин аст»: «Ҳозо Рабби» 1. То касеро, ки вайро роҳ боздоданд, нуқсони ҳама бидид ва варои он диду гуфт: «Ин дар зери дигаре аст ва он чи дар зер бувад, худоиро нашояд: ло уҳиббу-л- офилина» 2. Ва фалаку-л-кавокиб он равоқ аст. Ва дувоздаҳ 1 Ин Парвардигори ман аст. Ва ноибони вазир фариштагони дигаранд, ки дараҷаи эшон дараҷаи фурӯтари фариштаи муқаррабтарин аст. Ва ба ҳар яке амале дигар муфавваз аст. Ва ҳафт ситора ҳафт савор аст, ки чун нақибон, ҳамеша гирди он полгонаҳо мебароянд ва аз ҳар полгона фармоне аз навъи дигар бад-эшон мерасад. Ва он ки вайро чаҳор унсур гӯянд, чун: оташу об ва боду хок, чун чаҳор чокари пиёдаанд, ки аз вата- ни хеш сафар накунанд. Ва чаҳор табоеъ ҳарорат ва бурудат ва рутубат ва юбусат, чун чаҳор каманд аст дар дасти эшон, масалан, чун ҳол бар касе бигардад, ки рӯй аз дунё бигардонад ва андӯҳу бим бар вай муставлӣ шавад ва неъматҳои дунё дар дили вай нохуш гардад, вайро андӯҳ оқибати кори хеш бигирад, табиб гӯяд, ки ин бемор аст ва ин ил- латро молихулиё гӯянд ва илоҷи вай табихи ҷӯшонида афтимун аст. Ва табиӣ гӯяд: «Асли ин иллат аз табиати хушкй хезад, ки бар димоғ муставлӣ шавад ва сабаби ин хушкйҳавои зимистон аст ва то баҳор наёяд ва рутубат бар ҳаво ғолиб нашавад, вай салоҳ напазирад». Ва мунаҷҷим гӯяд: «Ин савдоест, ки вайро пайдо омадааст ва савдо аз Уторид хезад, ки вайро бо Миррих мушокилате 1 афтад номаҳмуд; то он гоҳ ки Уторуд ба муқоринаи саъдайн ё ба таслиси 2 эшон нарасад, ин ҳол ба салоҳ наёяд». Ва ҳама рост мегӯянд, валекин: Золика маблағуҳум мина-л-ъилми 3. Аммо ин, ки дар ҳазрати Илоҳият ва Рубубият ба саодати вай ҳукм карданд ва ду нақиби ҷалду кордонро, ки эшонро Уториду Миррих гӯянд, аз он фиристоданд, то пиёдае аз пиёдагони даргоҳ, ки вайро ҳаво гӯянд, каманди хушкиро бияндозад ва дар сару димоғи вай афканад ва рӯи вай аз ҳама лаззоти дунё бигардонад ва ба тозиёнаи биму андӯҳ ва ба зимоми лаҷом ва афсор иродат ва талаб вайро ба ҳазрати Илоҳият даъват кунад, ин на дар илми тиб ва на дар табиат ва на дар нуҷум бошад, балки аз баҳри илми нубувват берун ояд, ки муҳит аст ба ҳама атрофи мамлакат ва ба ҳама уммолу нуқабо ва чокарони ҳазрат ва шинохтааст, ки ҳар яке барои чӣ шуғланд ва ба чӣ фармон ҳаракат кунанд ва халқро ба куҷо мехонанд ва аз куҷо бозмедоранд. Пас, ҳар яке он чи гуфт, рост гуфт, валекин аз сирри подшоҳи мамла- кат ва аз сирри ҷумла исфаҳсолорони мамлакат хабар надошт. Ва Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, бад-ин тариқ ба балову беморӣ ва савдову меҳнат халқро ба ҳазрати Хеш мехонад ва мегӯяд: «Ин на беморӣ аст, ки он ка- 1 Мувофиқату мутобиқат ва тарзи қарор гирифтан. Мақсуд аз саъдайн Зӯҳра ва Муштарӣ аст, таслиси ду кавкаб дар мавқеъе аст, ки фосилаи он ду ба андозаи се бурҷ бошад; масалан яке дар Сунбула бошад, дигаре дар Ҷадӣ. » Пас он мисоли пешин, минҳоҷи роҳи рост подшоҳии одамӣ бувад, дар даруни тани хеш ва ин мисол ҳам минҳоҷи мамлакати вай аст, беруни та- ни хеш. Ва бад-ин ваҷҳ, ин маърифат низ ҳам аз маърифати хеш ҳосил ояд: бад-ин сабаб буд, ки маърифати нафси худ унвони аввал сохтем. Чун аз танзеҳи худ танзеҳи Вай бишинохтӣ, «субҳоналлоҳи» бишинохтй. Ва чун аз подшоҳии худ тафсили подшоҳии Вай бишинохтӣ, ки ҳама асбоби васоит мусаххари Вайанд - чун қалам дар дасти котиб - маънии «ал-ҳамду лиллоҳи» бишинохтӣ, ки чун мунъим ҷуз Вай набувад, ҳамду шукр ҷуз Вайро набошад. Ва чун бишинохтй, ки ҳеч касро аз сари хеш фармон нест, «ло илоҳа иллаллоҳу» бишинохтй. Акнун вақти он аст, ки маънии «Аллоҳу акбар» бишиносӣ ва бидонӣ, ки ин ҳама бидонистаӣ ва аз Ҳақ таъоло ҳеч чиз бинадонистӣ, ки маънии «Аллоҳу акбар» он аст, ки гӯӣ, ки Худой бузургтар аст ва ҳақиқати ин он бошад, ки бузургтар аз он аст, ки халқ Вайро ба қиёси хеш битавонад шинохт, на маънияш он аст, ки Вай аз дигаре бузургтар аст, ки ҷуз Вай, ҳеч чизи дигар нест, то Вай аз он бузургтар бувад, ки ҳама мавҷудот аз нури вуҷуди Ӯст: ва нури офтоб чизе набошад, ҷуз офтоб, то битавон гуфт, ки офтоб аз нури хеш бузургтар аст; балки маънии «Аллоҳу акбар» он аст, ки Вай бузургтар аз он аст, ки ба қиёси ақл одамй Вайро битаво- 1 Бало нахуст барои пайғамбарон аст, пас аз он барои авлиё аст, пас аз он барои ҳар кас, ки дараҷа ва рутбааш фузунтар ва фазилаташ бештар бошад. Маъозаллоҳ, ки тақдис ва танзеҳи Вай чун тақдис ва танзеҳи одамӣ бувад, балки Вай пок аст аз мушобиҳати ҳама офаридаҳо, то ба одамй чӣ расад! Ва маъозаллоҳ, ки подшоҳии Вай чун подшоҳии одамй бошад бар тани хеш, ё сифоти Вай чун илму қудрат ва дигар сифот, чун сифоти одамӣ бувад! Балки ин ҳама намудгор аст, то ҳамоно чизе аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият, бар қадри аҷзи башарият, одамиро ҳосил ояд. Ва масали ин намудгор чунон аст, ки агар кӯдаке моро пурсад, ки: «Лаззати риёсат ва салтанату мамлакат доштан чӣ гуна лаззате бошад? », бо вай гӯем: «Ҳамчун лаззати чавгон задан ва гӯй бозидан», ки вай ҷуз ин лаззат надонад ва ҳар чи вайро набувад, ба қиёси он тавонад шинохт, ки вайро бошад. Ва маълум аст, ки лаззати салтанат бо лаззати чавгон задан ҳеч муносибат надорад, валекин дар ҷумла номи лаззату шодӣ бар ҳар ду афтад; пас, дар ном, аз ваҷҳи ҳамли баробар бошад, бад-ин сабаб на- мудгор маърифати кӯдаконро шояд. Кори ин намудгор ва ин мисолҳо ҳамчунин ҳамедон. Пас: Ҳақро камолу ҳақиқати ҷуз Вай нашиносад. Ва ваҷҳи он, ки маърифат саодати абадист, аз пеш гуфта омад. Аммо он ки бандагӣ ва ибодат сабаби саодати одамй аст, он аст, ки сари кори одамӣ, чун бимирад, бо Ҳақ хоҳад буд: Ва илайҳи-л-марҷиъу ва-л-масиру 1. Ва ҳар киро қароргоҳ бо касе хоҳад буд, саодати вай он бувад, ки дӯстдори вай бувад ва ҳарчанд дӯсттар дорад, саодати вай бештар бувад, аз он ки лаззату роҳати вай дар мушоҳидаи маҳбуб зиёдат бувад. Ва дӯстии Ҳақ таъоло бар дил ғолиб нашавад, илло ба маърифат ва бисёрии зикр, ҳар кас, ки касеро дӯст дорад, зикри вай бисёр кунад, ҳарчанд зикри вай бисёр кунад, вайро дӯстдортар шавад. Ва барои ин буд, ки ваҳй омад ба Довуд алайҳиссалом: «Ано буддука-л-лозиму фа- лзим буддака» яъне: «Чораи ту Манам ва сари кори ту бо Ман аст, як со- ат аз зикри Ман ғофил мабош». Пас, даст бидоштан аз маъсият сабаби фароғати дил аст ва ба ҷой овардани тоат сабаби ғолиб шудаи зикр аст. Ва ин ҳар ду сабаби муҳаббат аст, ки тухми саодат аст ва иборат аз вай «фалоҳ» аст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Қад афлаҳа ман тазакко ва закара-сма Раббиҳи фа салло» 1. Ва чун ҳама аъмол, онро нашояд, ки ибодат бувад, балки баъзе шояд ва баъзе нашояд ва аз ҳама шаҳавот мумкин нест даст бидоштан - ва низ раво нест даст бидоштан - чи агар таом нахӯрад, ҳалок шавад ва агар му- бошират накунад, насл мунқатеъ шавад. Пас, баъзе шаҳавот даст бидоштанй аст ва баъзе карданй аст; пас ҳадде бояд, ки ин аз он ҷудо шавад. Ва ин ҳадд аз ду ҳол берун набувад: ё одамй аз акду ҳаво ва иҷтиҳоди хеш гирад ва ба назари хеш ихтиёр ҳамекунад, ё аз дигаре ги- рад. Ва муҳол бувад, ки ба ихтиёру иҷтиҳоди вай гузоранд, чи ҳаво, ки бар вай ғолиб бошад, ҳамеша роҳи Ҳақ бар вай пӯшида медорад; ва ҳар чи муроди вай дар он бувад, ба сурати савоб ба вай менамояд. Пас бояд ки зимоми ихтиёр ба дасти вай набошад, балки ба дасти дигаре бошад; ва ҳар кас онро нашояд, ки басиртарини халқ бояд ва он анбиёанд салавотуллоҳу алайҳим аҷмаъин. Пас, ба зарурат, мутобиати шариат ва мулозимати ҳудуду аҳком зару- рати роҳи саодат аст; ва маънии бандагй он бувад. Ва ҳар ки аз ҳудуди шариат даргузарад, ба тасарруфи хеш дар ҳалок афтад ва бад-ин сабаб гуфт Эзади таъоло: «Ва ман йатаъадда ҳудудаллоҳи фа қад залама нафсаҳу» 2. Ваҷҳи аввал - ҷаҳли гурӯҳе аст, ки ба Худои азза ва ҷалла имон надо- ранд, чи Вайро аз ганҷинаи хаёлу ваҳм талаб карданд ва чуниву чигунагии 1 Ҳароина растагор шуд касе, ки худро пок кард ва номи Парвардигори хешро ба ёд овард, пас дуруд фиристод. Ва масали ин чун касе аст, ки хатте некӯ бинад набишта, пиндорад, ки он аз худ набишта омад, бе котибе қодир ва олиму мурид, ё худ ҳамчунин ҳамеша набишта будааст. Касе, ки нобиноии вай то бад-ин ҳад бувад, аз роҳи шақоват бинигарад! Ва ба ваҷҳи ғалати табий ва мунаҷҷим аз пеш ишорат карда омад. Ваҷҳи дуввум - ҷаҳли гурӯҳе аст ба охират, ки пиндоштанд, ки одамӣ чун набот аст ва ё чун ҳайвоне дигар; чун бимирад, нест шавад ва бо вай на итоб бувад ва на иқобу на савоб. Ва сабаби ин ҷаҳл аст ба нафси хеш, ки аз хештан ҳамон мешиносад, ки аз хару гову гиёҳ; ва он рӯҳ, ки ҳақиқати одамӣ аст, онро намешиносад, ки он абадӣ аст ва ҳаргиз намирад, валекин колбад аз вай бозситонанд ва онро марг гӯянд. Ва ҳақиқати он дар унвони чаҳорум гуфта ояд. Ваҷҳи сеюм - ҷаҳли касоне аст, ки эшон ба Худои таъоло ва охират имон доранд, имоне заиф, валекин маънии шариат нашинохтаанд ва гӯянд, ки: «Худойро азза ва ҷалла ба ибодати мо чӣҳоҷат аст ва аз маъсияти мо чӣ ранҷ, ки Вай подшоҳе аст, аз ибодати халқ мустағнӣ ва ибодату маъсият наздики Вай ҳар ду баробар аст». Ва ин ҷоҳилон дар Қуръон ҳамебинанд, ки мегӯяд: «Ва ман тазакко фа иннамо йатазакко ли нафсиҳи» «Ва ман ҷоҳада,фа иннамо йуҷоҳиду ли нафсиҳи» «Ва ман ъамила солиҳан, фа ли нафсиҳи» 1. Ин мудбир ҷоҳиле аст ба шариат, ки мепиндорад, ки маънии шариат он аст, ки кор барои Худой мебояд кард, на барои хеш. Ва ин ҳамчунон аст, ки бемор парҳез накунад ва гӯяд: «Табибро аз он чи, ки фармони вай барам ё набарам! » Ин сухан рост аст, валекин вай ҳалок шавад, на аз сабаби ҳоҷати табиб, валекин аз он ки роҳи ҳалоки вай парҳез нокардан аст ва табиб вайро да- лолат карда ва роҳ намуда; ва даллолро аз он чӣ зиён, ки вай ҳалок ша- вад? Ва чунон ки бемории тан сабаби ҳалоки ин ҷаҳон аст, бемории дил сабаби шақовати он ҷаҳон аст; ва чунон ки доруву парҳез сабаби салома- тии тан аст, тоату маърифат ва парҳези маъсият низ сабаби саломати дил аст: «Ва ло йанҷу, илло ман атоллоҳа би қалбин салимин» 2. Ваҷҳи чаҳорум - ҷаҳли касоне аст ҳам ба шариат аз ваҷҳе дигар, ки 1 Ва ҳар кас тазкияи нафс кунад, ҳароина барои худ тазкия карда бошад. Ва касе, ки муҷоҳада кунад, пас, ҳароина барои худ муҷоҳада кардааст. Ва ҳар кас кори некӯ кунад, пас, барои худ кардааст. Ва ин мумкин нест, ки одамиро аз ин офаридаанд; ва ин ҳамчунон бо- шад, ки касе гилеми сиёҳ хоҳад, ки сапед кунад. Пас, машғул будан бад- ин талаб муҳол бувад! » Ва ин аҳмақон надонистанд, ки шаръ бад-ин на- фармудааст, балки фармудааст, ки хашму шаҳватро адаб кунанд; ва чу- нон доранд, ки бар шаръу ақл ғолиб набошад ва саркашӣ накунад ва ҳудуди шариат нигоҳ дорад ва аз кабоир дур бошад, то сағоир аз вай афв кунанд ва аз вай даргузоранд. Ва ин мумкин аст ва бисёр кас бад-ин ра- сидаанд. Ва расул алайҳиссалом нагуфт, ки: «хашм набояд ва шаҳват набояд» ва вай нӯҳ зан дошт ва мегуфт: «Ано башарун ағзибу камо йағзибу-л- башару» - Ман башарам ва хашмгин шавам, чунон ки башар хашмгин шавад». Ва Ҳақ таъоло гуфт: «Ва-л-козимина-л-ғайза ва-л-ъофина ъани- н-носи»; сано гуфт бар касе, ки хашм фурӯ хӯрд, на бар касе, ки вайро хашм набуд. Ваҷҳи панчум - ҷаҳли касоне аст ба сифоти Ҳақ таъоло, ки гӯянд: «Ҳақ таъоло раҳиму карим аст, ба ҳар сифат, ки бошад, бар мо раҳмат кунад». Ва надонанд, ки чунон ки карим аст, шадиду-л-иқоб аст. Ва на- мебинанд, ки бисёр халқро дар балову беморй ва гуруснагӣ медорад - дар ин ҷаҳон - бо он ки кариму раҳим аст; ва намебинанд, ки то ҳиросат накунанд ва тиҷорат накунанд, мол ба даст наёранд ва то ҷаҳд накунанд, илм наёмӯзанд ва ҳаргиз дар талаби дунё тақсир накунанд ва нагӯянд: «Худои азза ва ҷалла кариму раҳим аст, бе тиҷорат ва ҳиросат рӯзӣ бидиҳад, бо он ки Худои азза ва ҷалла рӯзй замон кардааст ва мегӯяд, «Ва мо мин доббатин фй-л-арзи илло ъалаллоҳи ризқуҳо» 1. Ва кори охират бо амал ҳаволат мекунад ва мегӯяд: «Ва ан лайса ли-л-инсони ил- ло мо саъо» 2. Чун ба карами Вай имон надоранд, аз дунё ва талаби ризқ даст бинадоранд ва он чи дар охират гӯянд, ба сари забон бошад ва талқини шайтонӣ бувад ва асле надорад. Ваҷҳи шашум - ҷаҳли касоне аст, ки ба хештан мағрур шаванд ва гӯянд: «Мо ба ҷое расидем, ки маъсият моро зиён надорад ва дини мо дуқуллае 3 гаштааст, наҷосат напазирад». Ва бештари ин аҳмақон чунон мухтасар бошанд, ки агар касе дар як сухан ҳишмати эшон фурӯ ниҳад ё руунати 4 эшон бишиканад, ҳама умр дар адовати вай нишинанд ва агар 1 Ва нест ҷунбандае дар замин, магар ин ки бар Худост рӯзии ӯ. Ва ин аблаҳон, ки дар мардӣҳанӯз дуқулла нашудаанд, ки бад-ин чизҳо бок надоранд 1 , ин даъво эшонро кай мусаллам бошад? Пас, агар ба масал, касе низ чунон шудааст, ки адовату шаҳват ва риёву хашм гирди вай нагардад, ҳам маъзур нест бад-ин даъво, чи дараҷаи вай аз дараҷаи анбиё дарнагузарад ва эшон ба сабаби хатову маъсият навҳа мекарданд ва мегиристанд ва ба узр машғул мешуданд! Ва сиддиқони саҳоба аз сағоир ҳазар мекарданд, балки аз бими шубҳате аз ҳалол мегу- рехтанд. Пас, ин аҳмақ ба чй донистааст, ки дар ҷуволи макру ҳилаи шайтон нест ва дараҷаи вай аз дараҷаи эшон даргузашт? Ва агар гӯяд: «Паямбарон ҳамчунин буданд, валекин он чи мекарданд, барои насиби халқ мекарданд», чаро вай низ барои насиби халқҳамон накунад, ки ме- бинад, ки ҳар ки вайро мебинанд, табоҳ мешавад?! Ва агар гӯяд: «Табоҳии халқ маро зиён надорад», чаро расул алайҳиссаломро зиён медошт? Ва агар зиён намедошт, хештанро дар уқубати тақво чаро ме- дошт ва як хурмо аз садақа аз даҳон берун андохт ва агар бихӯрдй, халқро аз он чй зиён будй, ки ҳамаро мубоҳ будӣ хӯрдани он? Ва агар зиён медошт, чаро ин аҳмақро қадаҳҳои набид шароби хурмо ва мавиз зиён намедорад? Охир дараҷаи вай фавқи дараҷаи пайғамбарон нест ва беш аз он нест, ки дараҷаи сад қадаҳ шароб фавқи дараҷаи як хурмо! Пас чун хештанро бад-ин пойгаҳ биниҳад, ки сад хуми шароб вайро табаҳ бинагардонад ва пайғамбарро алайҳиссалом ба кӯзаи об мухтасар биниҳод, ки як хурмо вайро бигардонад, вақти он бошад, ки шайтон бо сиблати вай бозӣ мекунад ва абҳалони ҷаҳон аз вай зуҳка 2 созанд, ки дареғ бувад, ки уқало ҳадис кунанд, ё бар вай ханданд! Аммо бузургони дин эшонанд, ки бишиносанд, ки ҳар ки ҳаво асиру зердасти вай нест, вай ҳеч кас нест, балки сутуре аст. Пас бад-ин биши- носанд, ки нафси одамӣ маккор аст ва фиребанда аст, ҳама даъвои дурӯғ кунад ва лоф занад, ки ман зердастам, аз вай бурҳоне хоҳад. Ва бар рос- тии вай ҳеч бурҳон нест, албатта, ҷуз он ки ба ҳукми хеш набошад ва ба ҳукми шаръ бошад. Агар ба тавъ ҳамеша тан дар ин диҳад, худ рост мегӯяд ва агар ба талаби рухсат ва таъвилу ҳилат 3 машғул шавад, бандаи шайтон аст ва даъъвои вилоят ҳамекунад. Ва ин бурҳон то ба охири на- маънии «зебо» истеъмол мешавад, «руунат» низ ба ҷои ҳишмату ҷалол ва такаббур ё ба худ бастани бузургӣ, ки он низ навъе аз аҳмақӣ аст, ба кор рафтааст. Ва тан дардодани нафс ба мутобиати шариат ҳанӯз аввал дараҷаи мусалмонӣ аст. Ваҷҳи ҳафтум - Аз ғафлату шаҳват хезад, на аз ҷаҳл. Ва ин ибоҳати гурӯҳе аст, ки эшон аз ин шубҳатҳои гузашта худ ҳеч шунида набошанд, валекин гурӯҳеро бинад, ки эшон бар роҳи ибоҳат мераванд ва фасод мекунанд ва сухани музайяф ҳамегӯянд ва даъвои тасарруф ва вилоят мекунанд ва ҷомаи эшон медоранд. Вайро низ ин ба табъ хуш ояд, ки бар табъи вай шаҳвату батолат ғолиб бувад ва ризо надиҳад бар он ки фасод кунад ва нагӯяд, ки «Маро аз ин уқубате хоҳад буд», ки он гоҳ он фасод бар вай талх шавад, балки гӯяд: «Ин худ фасод нест, ки ин тӯҳмат ва ин ҳадис аст»; ва на тӯҳматро маънӣ донад ва на ин ҳадисро. Ин марде бошад ғофили пуршаҳват ва шайтон дар вай ком ёфта ва ба сухан ба ислоҳ наёяд, ки шубҳати вай на аз сухан афтодааст. Ва бештари ин қавм аз ин ҷумла бошанд, ки Ҳақ таъоло гуфт дар ҳаққи ҳамгинон: «Инно ҷаъално ъало қулубиҳим акиннатан ан йафқаҳуҳу ва фй озониҳим вақран. Ва ин тадъуҳум ила-л-ҳудо фа лан йаҳтаду изан абадо» 1. Ва низ мегӯяд: «Ва изо закарта Раббака фӣ-л- Қуръони ваҳдаҳу валлав ъало адбориҳим нуфуро» 2. Пас муомилат бо эшон ба шамшер авлотар, ки ба ҳуҷҷат. Ва сухан ин ҷумла кифоят бувад дар насиҳат ва ғалати аҳли ибоҳат. Дар ин унвон аз он гуфта омад, ки сабаби ин ҷумла ё ҷаҳл аст ба нафси худ ё ҷаҳл аст ба Ҳақ, ё ҷаҳл аст ба рафтани роҳ аз худ ба ҳақ, ки онро шариат гӯянд. Ва ҷаҳл чун дар коре бувад, ки мувофиқи табъ бувад, душ- вор зоил шавад. Ва бад-ин сабаб аст, ки гурӯҳеанд, ки бе шубҳате бар роҳҳои ибоҳат раванд ва гӯянд, ки: «Мо мутаҳаййирем». Ва агар бо вай гӯӣ: «Мутаҳаййир дар чӣ чизй? Натавонад гуфт, ки вайро худ на талаб бувад ва на шубҳат. Ва масали вай чун касе бувад, ки бо табиб гӯяд, ки ман беморам ва нагӯяд ки чй беморй аст: илоҷи вай натавон кард, то пайдо наёяд, ки чӣ беморист. Ва савоб он бувад, ки вайро гӯянд: «Дар ҳар чи хоҳӣ, мутаҳаййир мебош, аммо дар ин ки ту офаридаӣ ва Офа- ридгори ту олим ва қодир аст ва ҳар чи хоҳад, тавонад кард, андар ин ба шак мабош» ва ин маънй вайро ба тариқи бурҳон маълум кунад, чунон ки шарҳ карда омад. Ва агар ононро ба ростӣ ва ҳудо бихонӣ, ҳаргиз роҳ наёбанд. Фасли дуввум - Ҳақиқати дунё ва офати дунё ва ғарази дунё. Фасли саввум - Асли дунё се чиз аст: таому либос ва маскан. Фасличаҳорум - Мисолҳо дар ҷодуи дунё ва ғафлати аҳли дунё. Фаслипанҷум - На ҳар чи дар дунёст мазмум аст. Ва дунёву охират иборат аст аз ду ҳолат: он чи пеш аз марг аст ва он на- здиктар аст, онро «дунё» гӯянд; ва он чи пас аз марг, онро «охират» 1 гӯянд! Ва мақсуд аз дунё зоди охират аст, ки одамиро дар ибтидои офа- риниш сода офаридаанд ва ноқис, валекин шоистаи он ки камол ҳосил кунад ва сурати малакутро нақши дили хеш гардонад, чунон ки шоистаи ҳазрати Илоҳият гардад, бад-он маънӣ ки роҳ ёбад, то яке аз наззорагиё- ни ҷамоли Ҳазрат бошад. Ва мунтаҳои саодати вай ин аст ва биҳишти вай ин аст ва вайро барои ин офаридаанд. Ва наззорагӣ натавонад буд, то чашми вай боз нашавад ва он ҷамолро идрок накунад ва он ба маърифат ҳосил ояд. Ва маърифати ҷамоли Илоҳиятро калид маърифати аҷоиби сунъи илоҳӣ аст. Ва сунъи илоҳиро калиди аввал ин ҳавоси одамй аст. Ва ин ҳавос мумкин набувад, илло дар ин колбади мураккаб аз обу хок. Пас бад-ин сабаб ба олами обу хок афтод, то ин зод баргирад ва маърифати Ҳақ таъоло ҳосил кунад ба калиди маърифати нафси хеш ва маърифати ҷумлаи офоқ, ки мудрак аст ба ҳавос. То ин ҳавос бо вай мебошад ва ҷосусии вай мекунад, гӯянд вайро ки: «Дар дунёст». Ва чун ҳавосро видоъ кунад ва вай бимонаду он чи сифати зоти вай аст, пас гӯянд: «Вай ба охи- рат рафт». Пас, будани одамй дар дунё ин аст. Ва ғизои дил маърифат ва муҳаббати Ҳақ таъоло аст, ки ғизои ҳар чизе муқтазои табъи вай бошад, ки он хосияти вай бувад. Ва аз пеш пайдо карда омад шарҳ дода шуд , ки хосияти дили одамй ин аст. Ва сабаби 1 Дар ин таъриф маънии луғавии ду калима: «дунё» наздик ва «охират» он чи аз пас дарояд манзур будааст. Ва тааҳҳуди нигоҳдорӣ ва парастории тан барои дил мебояд, ки тан фонӣ аст ва дил боқӣ. Ва тан дилро ҳамчун уштур аст ҳоҷиро - дар роҳи ҳаҷ, ки уштур барои ҳоҷӣ бояд, на ҳоҷӣ барои уштур ва агарчи ҳоҷиро ба за- рурат тааҳҳуди уштур бояд кард ба алафу обу ҷома, то он гоҳ ки ба Каъба расад ва аз ранҷи вай бираҳад; валекин бояд ки тааҳҳуди уштур ба қадри ҳоҷат кунад. Пас агар ҳама рӯзгор дар алаф додан ва оростан ва тааҳҳуд кардани вай кунад, аз қофила бозмонад ва ҳалок шавад. Ҳамчунин одамй, агар ҳама рӯзгор тааҳҳуди тан кунад, то қуввати вай ба ҷой дорад ва асбо- би ҳалок аз вай дур дорад, аз саодати хеш бозмонад. Ва ҳоҷати тан дар дунё се чиз аст: хӯрданӣ барои ғизост ва пӯшиданиву маскан барои сармову гармо, то асбоби ҳалок аз вай боздо- рад. Пас зарурати одамӣ аз дунё барои тан беш аз ин нест, балки усули дунё худ ин аст. Ва ғизои дил маърифат аст ва ҳарчанд беш бошад, беҳтар. Ва ғизои тан таом аст ва агар зиёдат аз ҳадди хеш бувад, сабаби ҳалок гардад. Аммо он аст, ки Ҳақ таъоло шаҳвате бар одамй муваккал кардааст, то мутақозии вай бошад дар таом ва маскану ҷома, то тани вай, ки маркаби вай аст, ҳалок нашавад. Ва офариниши ин шаҳват чунон аст, ки бар ҳадди хеш бинаистад ва бисёр хоҳад; ва акдро биёфаридааст, то вайро бар ҳадди хеш бидорад ва шариатро бифиристодааст - бар за- бони анбиё алайҳимуссалом, то ҳудуди вай пайдо кунад. Лекин ин шаҳват ба аввали офариниш биниҳодааст - дар кӯдакй, ки ба вай ҳоҷат бувад ва ақл аз пас офаридааст. Пас шаҳват аз пеш ҷой гирифтааст ва муставлӣ шуда ва саркашӣҳамекунад; акду шаръ пас аз он биёмад, то ҳамагй вайро ба талаби қуту ҷома ва маскан машгул накунад ва бад-ин сабаб худро фаромӯш накунад ва бидонад, ки ин қуту ҷома барои чй ме- бояд ва вай худ дар ин олам барои чист? Ва ғизои дил, ки зоди охират аст, фаромӯш накунад. Пас, аз ин ҷумла ҳақиқати дунё ва офати дунёву ғарази дунё бишинохтӣ, пас, акнун бояд ки шохаҳо ва шӯъбаҳои дунё бишиносӣ. Ва одамӣ дилу танро ба ин машғул кардааст: 1 аммо дил ба дӯстӣ ва талаби вай машгул медорад ва аммо танро ба ислоҳи он ва сохтани кори он машғул медорад. Ва аз машғул доштани дил ба дӯстии он, дар дил сифатҳо падид мео- яд, ки он ҳама сабаби ҳалок бувад, чун: ҳирсу бухл ва ҳасаду адоват ва ғайри он; ва аз машғул доштани тан бад-он, машғулии дил падид меояд, то худро фаромӯш кунад ва ҳамаро ба кори дунё машғул дорад. Ва чунон ки асли дунё се чиз аст: таому либос ва маскан, асли саноат, ки зарурати одамй аст, низ се чиз аст: барзгариву ҷавлоҳӣ бофандагӣ ва банноӣ. Лекин ин ҳар якеро фурӯъанд, ки баъзе сози он ҳамекунанд, чун ҳаллоҷ ва ресандаи ресмон, ки сози ҷавлоҳ мекунанд ва баъзе онро тамом мекунанд, чун дарзй дӯзанда , ки кори ҷавлоҳ тамом кунад. Ва ин ҳамаро ба олот ҳоҷат афтод, аз чӯбу оҳан ва пӯст ва ғайри он. Пас, оҳангару дуруд- гар дуредгар ва харроз кашшоф - касе, ки бо чарм кор мекунад пайдо омад. Ва чун ин ҳама пайдо омад, эшонро ба муовинати якдигар ҳоҷат буд, ки ҳар касе ҳама корҳои худ наметавонист кард. Пас, фароҳам омаданд паҳлӯи ҳамдигар омаданд, иҷтимоъ карданд , то дарзӣ кори ҷавлоҳ ва оҳангар мекунад ва оҳангар кори ҳар ду мекунад ва ҳамчунин ба ҳамин қисм - аз ҳамин қарор ҳар яке коре ҳамекунанд. Пас миёни эшон муоми- лате падид омад, ки аз он хусуматҳо хост, ки ҳар яке ба ҳаққи хеш ризо на- медод ва қасди якдигар мекарданд. Пас ба се навъи дигар ҳоҷат афтод аз саноот: яке саноати сиёсату салтанат, дигар саноати қазову ҳукумат, дигар фиқҳ, ки бад-он қонуни васотат миёни халқ бидонанд. Ва ин ҳар яке пешае аст, агарчи бештари он ба даст тааллуқ надорад. Пас бад-ин ваҷҳ машғалаҳои дунё бисёр шуд ва дарҳам пайваст. Ва халқ дар миёни он хештанро гум карданд ва надонистанд, ки аслу аввали ин ҳама се чиз беш набувад: таому либосу маскан. Ин ҳама барои ин се мебояд ва ин се барои тан мебояд ва тан барои дил мебояд, то маркаби вай бошад; ва дил барои Ҳақ азза ва ҷалла мебояд. Пас худрову Ҳақро фаромӯш карданд, монанди ҳоҷие, ки худро ва Каъбаро ва сафарро фаромӯш кунад ва ҳама рӯзгори хеш бо тааҳҳуди уштур оварад. Пас дунёву ҳақиқати дунё ин аст, ки гуфта омад: ҳар ки дар вай бар са- ри пой омодаи кӯч кардану рафтан ва муставфир касе, ки корашро та- 1 Ба тавре ки дар ин чанд сатр мушоҳида мешавад, пас аз тақсими дунё ба се чиз, зоҳиран ин тавр ба назар мерасад, ки ғайр аз яке, ки ҳамон аъёни чизҳо бошад, дуввуму саввум зикр нашуда, вале бо муроҷиа ба фасли «Баёну ҳақиқати-д-дунё» дар китоби саввуми «Эҳёу улуми-д-дин» возеҳ мешавад, ки дуввум ва саввуми ин тақсим алоқаву машғулии дили одамӣ ва тани одамй бо ин аъён мебошад, ки бидуни зикри аломати тақсим дар ҳамин ҷо низ мулоҳиза мешавад. Ва сабаби ин ҷаҳл аст, ки расул алайҳиссалом гуфтааст: «Дунё ҷодутар аст аз Ҳоруту Морут 1 , аз вай ҳазар кунед! » Ва чун дунё бад-ин ҷодуӣ аст, фариза бошад макру фирефтани вайро бидонистан ва ба тимсоли кори вай халқро рав- шан кардан. Пас, акнун вақти он аст, ки мисолҳои вай бишунавй. Бидон, ки аввал ҷодуии дунё он аст, ки хештанро ба ту намояд, чунон ки ту пиндорй, ки вай сокин аст ва бо ту қарор гирифта. Ва вай ҷунбон аст ва бар давом аз ту гурезон аст, валекин ба тадриҷ ва зарра-зарра ҳаракат мекунад. Ва масали вай чун соя аст, ки дар вай нигарй сокин намояд ва вай бардавом ҳамеравад. Ва маълум аст, ки ум- ри ту ҳамчунин бардавом меравад ва ба тадриҷҳар лаҳзате камтар меша- вад. Ва он дунёст, ки аз ту мегурезад ва туро видоъ мекунад ва ту аз он бехабарӣ. Дигар сеҳри вай он аст, ки хештанро ба ту дӯсте бина- мояд, то туро ошиқ кунад ва фаро ту намояд, ки туро сохта хоҳад буд ва ба касе дигар нахоҳад шуд. Ва он гоҳ, ногоҳ аз ту, ба душмани ту шавад. Ва масали он чун зане нобакори муфсид аст, ки мардонро ба хештан ғарра кунад гӯл занад , то ошиқ кунад; ва он гоҳ ба хона барад ва ҳалок кунад. Исо алайҳиссалом дунёро дид дар мукошифоти хеш дар сурати пирза- не, гуфт: «Чанд шавҳар дорӣ». Гуфт: «Дар адад наёяд аз бисёрй». Гуфт: «Бимурданд ё талоқ доданд? » Гуфт: «На, ки балки ҳамаро бикуштам». Гуфт: «Пас, аҷаб аз ин аҳмақони дигар, мебинанд, ки бо дигарон чй мекунӣ ва он гаҳ дар ту рағбат мекунанд ва ибрат намегиранд! Дигар сеҳри дунё он аст, ки зоҳири хеш ороста дорад ва ҳар чи балову меҳнат аст, пӯшида дорад, то ҷоҳил ба зоҳири вай нига- рад, ғарра шавад. Ва масали вай чун пирзане аст зишт, ки рӯй дарбандад ва ҷомаҳои дебову пирояи бисёр бар худ кунад, ҳар ки аз дур вайро би- бинад, фитна дилбохтаву ошиқ шавад ва чун чодар аз вай бозканад, пушаймон шавад ва фазоеҳи вай мебинад. Ва дар хабар аст, ки дунёро рӯзи қиёмат биёваранд бар сурати аҷузаи зишти сабзчашм ва дандонҳои 1 Ҳорут ва Морут дар Бобул таълими сеҳру ҷоду мекарданд. Гӯянд: «Ин он дунёст, ки ба саба- би ин ҳасаду душманй варзидед бо якдигар ва хунҳо рехтед ва раҳим би- буридед ва ба вай ғарра шудед». Он гоҳ вайро ба дӯзах андозанд, гӯяд: «Худоё, куҷоянд дӯстон? Бифармояд, то эшонро низ бибаранд ва ба дӯзах андозанд. Касе, ки ҳисоб баргирад, то чанд будааст аз азал, ки дар дунё набуд ва дар абад чанд аст, ки нахоҳад буд? Ва ин рӯзе чанд дар миёни азал ва абад чанд аст? Донад, ки масали дунё чун роҳи мусофире аст, ки аввали манзили вай маҳд гаҳвора аст ва охири манзили вай лаҳад гӯр аст ва дар миёни вай манзиле чанд аст маъдуд: ҳар соле чун манзиле ва ҳар моҳе чун фарсанге ва ҳар рӯзе чун миле ва ҳар нафасе чун гоме. Ва вай бардавом меравад. Якеро он роҳ фарсанге монда ва якеро каму якеро беш ва вай сокин нишаста, ки гӯӣҳамеша ин ҷо хоҳад буд, тадбири корҳое кунад, ки то даҳ сол бошад, ки бад-он мӯҳтоҷ нашавад ва вай то даҳ рӯз зери хок хоҳад шуд! Бидон, ки масали аҳли дунё дар лаззате, ки меёбанд, боз 1 он расвоию ранҷ, ки аз дунё хоҳанд дид дар охират, ҳамчун касе аст, ки таоми чарбу ширин бисёр бихӯрад, то меъдаи вай табоҳ шавад, он гоҳ фазиҳате аз меъда ва нафас ва қазои ҳоҷати хеш мебинад ва ташвир хиҷлат, шармсорй мехӯрад ва пушаймон мешавад, ки лаззат гузашт ва фазиҳат бимонд. Ва чунон ки ҳарчанд таом хуштар, сакди вай гандатар, ҳарчанд лаззати дунё бештар, оқибати он расвотар ва ин худ дар вақти ҷон кандан падидор ояд, ки ҳар киро неъмату богу бӯстон ва канизакон ва гуломон ва зару сим беш бувад, ба вақти ҷон кандан ранҷи фироқ беш бу- вад аз он кас, ки андак дорад. Ва он ранҷу азоб ба марг зоил нашавад, бал- ки зиёдат шавад, ки он дӯстӣ сифати дил аст ва дил бар ҷои хеш бошад ва намирад. Бидон, ки корҳои дунё, ки пеш ояд, мухтасар намояд ва мардум пиндоранд, ки шуғли вай дароз нахоҳад буд ва бошад мумкин аст - чӣ басо , ки аз сад кори вай яке падидор ояд ва умр дар он шавад! Ва Исо алайҳиссалом мегӯяд: «Масали ҷӯяндаи дунё чун масали хӯрандаи оби дарёст: ҳарчанд беш хӯрад, ташнатар мешавад, мехӯраду мехӯрад, то ҳалок шавад ва ҳаргиз он ташнагӣ аз вай бинашавад». Ва ра- сули мо - ъалайҳи афзалу-с-саловоти ва акмалу-т-таҳийоти - мегӯяд: «Ҳамчунон, ки раво набошад, ки касе дар об равад ва тар нагардад, раво набошад, ки касе дар дунё шавад ва олуда нагардад». Масали касе, ки дар дунё ояд, масали касе аст, ки меҳмон шавад наздики мизбоне, ки одати вай он бувад, ки ҳамеша сарой ороста дорад барои меҳмонон ва эшонро мехонад, гурӯҳе пас аз гурӯҳе; ва табақи заррин пеши вай ниҳад, бар вай нукду миҷмараи оташдон, манқал симин бо уду бухур 1 , то вай муаттар шавад ва хушбӯй гардад ва нуқл бихӯраду табақу миҷмар бигузорад, то қавми дигар даррасад. Пас ҳар кас расми вай донад ва оқил бошад, уду бухур барафканад ва хушбӯй шавад ва нукд бихӯрад ва табақу миҷмар ба дили хуш бигузорад ва шукр бигӯяду биравад. Ва касе, ки аблаҳ бошад, пиндорад, ки ин ба вай доданд, то бо хештан бибарад, чун ба вақти рафтан аз вай бозситонанд, ранҷуру дилтанг шавад ва фарёд даргирад. Дунё низ ҳамчунон меҳмонсарой аст - сабил вақф, моли ҳама бар роҳгузариён, то зод бар- гиранд ва дар он чи дар сарой аст, тамаъ накунанд. Масали аҳли дунё дар машғулии эшон ба кори дунё ва фаромӯш кардани охират чун масали қавме аст, ки дар киштӣ бошанд ва ба ҷазирае расиданд, барои қазои ҳоҷат ва таҳорат берун омаданд ва киштибон мунодо кард, ки: «Ҳеч кас мабод, ки рӯзгори бисёр барад ва ҷуз ба таҳорат машгул шавад, ки киштӣ ба таъҷил хоҳад рафт». Пас, эшон дар он ҷазира пароканда шуданд; гурӯҳе, ки оқилтар буданд, сабук таҳорат карданд ва бозомаданд, киштӣ фориғ ёфтанд, ҷое, ки хуштар ва мувофиқ буд, бигирифтанд. Ва гурӯҳе дигар дар аҷоиби он ҷазира аҷаб бимонданд ва ба назора бозистоданд ва дар он шукуфаҳо ва мурғони хушовоз ва сангрезаҳои мунаққашу мулавван нигаристанд, чун бозома- данд, дар киштӣҳеч ҷои фарох наёфтанд, ҷои тангу торик бинишастанд ва ранҷи он мекашиданд. Гурӯҳи дигар назора ихтисор накарданд, балки он сангрезаҳои ғариб ва некӯтар чиданд ва бо худ биёварданд ва дар киштӣҷои он наёфтанд, ҷои танг бинишастанд ва борҳои он сангрезаҳо бар гардан ниҳоданд. Ва чун як ду рӯз баромад, он рангҳои некӯ бигар- дид ва торик шуд ва бӯйҳои нохуш аз он омадан гирифт, ҷой наёфтанд, ки биандозанд, пушаймонӣ хӯрданд ва бору ранҷи он бар гардан ме- кашиданд. Ва гурӯҳе дигар дар аҷоиби он ҷазира мутаҳаййир шуданд, то аз киштӣ дур афтоданд ва киштӣ бирафт ва мунодои киштибон нашуниданд ва дар ҷазира мебуданд, то баъзе ҳалок шуданд - аз гуруснагӣ ва баъзеро сибоъ ҳалок кард. Он гурӯҳи аввал масали мӯъминони парҳезкор аст. Ва гурӯҳи бозпасин масали кофирон, ки худ ва Худойро азза ва ҷалла ва охиратро фаромӯш карданд ва ҳамагӣ худро ба дунё доданд, ки «Истаҳаббу-л-ҳайота-д-дунё ъала-л- 1 Чизи хушбӯй, ки бар оташ сӯзанд. Ва он ду гурӯҳи миёнин масали осиён аст, ки асли имон нигоҳ доштанд, валекин даст аз дунё бинадоштанд: гурӯҳе бо дарвешӣ таматтӯъ карданд ва гурӯҳе бо таматтӯъ неъмати бисёр ҷамъ карданд, то гаронбор шуданд. Балки дар дунё чизҳост, ки он на дунёст, чи илму амал дар дунё бошад ва он на аз дунё бувад, ки он дар сӯҳбати одамӣ ба охират равад. Аммо илм биъайниҳи бо вай бимонад; ва аммо амал агар- чи биъайниҳи бинамонад, асари он бимонад. Ва ин ду қисм бувад: яке покй ва сафои ҷавҳари дил, ки аз тарки маосӣҳосил шавад ва яке унс ба зикри Худой - азза ва ҷалла, ки аз мувозибат бар ибодат кардан ҳосил шавад. Пас, ин ҷумла аз ҷумлаи боқиёти солиҳот аст, ки Ҳақ азза ва ҷалла гуфт: «Ва-л-боқийоту-с-солиҳоту хайрун ъинда Раббика» 2. Ва лаззати илм ва лаззати муноҷот бо Худо розу ниёз кардан ва лаззати унс ба зикри Худои таъоло бештар аст ва он аз дунёст ва на аз дунёст. Пас, ҳама лаззатҳо мазмум нест, балки лаззате, ки бигузарад ва бинамонад. Ва он низ ҷумла мазмум нест, ки ин ду қисмат: яке он аст, ки агарчи вай аз ду- нёст ва пас аз марг бинамонад, валекин муин мададгор, ёвар аст бар кори охират ва бар илму амал ва бар бисёр гаштани мӯъминон, чун: қуту никоҳ ва либосу маскан, ки ба қадри ҳоҷат бувад, ки ин шарти роҳи охират аст. Ҳар кас аз дунё бар ин қадар қаноат кунад ва қасди вай аз ин фароғат бувад бар кори дин, вай аз аҳли дунё набошад. Пас мазмум аз дунё он бошад, ки мақсуд аз вай на кори дин бошад, балки вай сабаби ғафлату батар 3 ва қарор гирифтани дил дар ин олам ва нафрат гирифтани вай аз он олам бувад. Ва барои ин буд, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Ад-дунё малъунатун ва малъунун мо фиҳо илло зикруллоҳи ва мо волоҳу». Гуфт: «Дунё ва ҳар чи дар он аст, малъун аст, илло зикри Худои таъоло ва он чи бар он муовинат кунад». Ин микдор аз шарҳи ҳақиқат ва мақсуди дунё кифоят бувад, боқӣ дар қисми саввум аз аркони муомилот, ки онро ақаботи роҳи дин гӯянд, 1 Дӯсттар доштанд зиндагии дунёро ба охират. Фасли дуввум - Ҳақиқати марг. Фасли саввум - Туии ту на бад-ин қолаб аст. Фасличаҳорум - Нигоҳ доштани эътидоли рӯҳи инсонӣ. Фаслипанҷум - Маънии ҳашру нашр ва баъсу иода. Фаслишашум - Мушоҳидаи биҳишту дӯзах дар ин дунё. Фаслиҳафтум - Маънии азоби қабр. Фасли ҳаштум - Ҳақиқат ва дараҷоти азоби қабр. Фасли нӯҳум - Аждарҳои гӯрро ба чашми сар натавон дид. Фасли даҳум - Азоби қабр барои ҳама нест. Фасли ёздаҳум - Роҳи озмоиши эминй аз азоби қабр. Фасли дувоздаҳум - Се ҷинси оташи дӯзахи рӯҳонй. Фасли сездаҳум - Оташи рӯҳонӣ дардноктар аз оташи ҷисмонист. Фасли чаҳордаҳум - Манозили сайру сафари рӯҳ дар дунё. Фасли понздаҳум - Ба гумони заиф ҳам инкори охират раво нест. Ва ҳақиқати марг надонад, то ҳақиқати зиндагонӣ надо- над. Ва ҳақиқати зиндагонӣ надонад, то ҳақиқати рӯҳ надонад. Ва маърифати ҳақиқати рӯҳ, маърифати нафси худ аст, ки баъзе аз шарҳи вай гуфта омад. Ва бидон, ки аз пеш гуфта омад, ки: одамӣ мураккаб аст аз ду асл: яке рӯҳ ва дигар колбад. Рӯҳ чун савор аст ва колбад чун маркаб. Ва ин рӯҳро дар охират ба воситаи колбад ҳолате аст ва биҳишту дӯзахе аст. Ва вайро ба сабаби зоти худ низ ҳолате аст, бе он ки қолабро дар он ширкате бу- вад. Ва вайро барои қолаб низ биҳиштеву дӯзахе аст ва саодатеву шақовате аст. Ва мо наиму лаззати дилро, ки бе воситаи қолаб бошад, ном «биҳишти рӯҳонӣ» мекунем ва ранҷу алам ва шақовати вайро, ки бе қолаб бувад, «оташи рӯҳонй» мегӯем. Аммо биҳишту дӯзах, ки қолаб дар миён бошад, ин худ зоҳир аст ва ҳосили он, ашҷору анҳор ва ҳуру қусур ва матъуму машруб ва ғайри он аст. Ва ҳосили дӯзах - оташу мор ва каждуму заққум 1 ва ғайри он. Ва си- фати он ҳар ду дар Қуръон ва ахбори он машҳур аст ва фаҳми ҳамгинон онро дарёбад; ва тафсили он дар китоби «Зикр-ул-мавт» аз китоби «Эҳё» гуфтаем. Ва ин ҷо бар ин иқтисор кунем ва ҳақиқати марг шарҳ кунем ва ба маънии биҳишту дӯзахи рӯҳонӣ ишорат кунем, ки инро ҳар касе на- шиносад. Ва ин ки гуфт: «Аъадту ли ъибодийа-с-солиҳина мо ло ъайнун раат ва ло узунун самиъат ва ло хатара ъало қалби башарин» 2 дар биҳишти рӯҳонй бувад. Ва аз даруни дил равзане аст ба олами малакут, ки аз он равзан ин маонй ошкоро шавад ва дар вай ҳеч шубҳате намонад. Ва ка- серо, ки он роҳ кушода шавад, вайро яқине равшан ба саодат ва шақовати охират падид ояд, на ба тариқи тақлид ва самоъ; бал ба тариқи басират ва мушоҳидат, бал ҳамчунон ки табиб бишиносад, ки қолабро саодате ва шақовате аст дар ин ҷаҳон, ки онро сиҳҳат ва мараз гӯянд; ва вайро асбобе аст чун дору ва парҳез ва чун бисёр хӯрдан ва парҳез нокардан, ҳамчунин маълум шавад бад-ин мушоҳидат, ки дилро, 1 Дарахте аст, ки дӯзахиён аз он хӯранд. Ва ибодату маърифат доруи он сао- дат аст ва ҷаҳлу маъсият заҳри он саодат аст. Ва ин илме аст ба ғоят азиз ва бештари касоне, ки эшонро уламо гӯянд, аз ин ғофил бошанд, балки инро мункир бошанд ва ҷуз фаро биҳишту дӯзахи колбад роҳ набаранд ва дар маърифати охират ҷуз самоъу тақлид ҳеч роҳ нашиносанд. Ва мо- ро андар ин шарҳу таҳқиқи ин бурҳон кутуб аст дароз ба тозӣ ва андар ин китоб чандон гуфта ояд, ки касе, ки зирак бувад ва ботини вай аз олоиши таассуб ва тақлид пок бувад, ин роҳ бозёбад ва кори охират дар дили вай собит ва мӯҳкам шавад, ки имони бештари халқ ба охират за- иф ва мутазалзил аст. Ва ин рӯҳи ҳайвониро манбаъ дил аст, он гӯшт, ки дар ҷониби чап ниҳодааст. Ва вай чун бухоре латиф аст аз ахлоти ботини ҳайвон ва вайро мизоҷе мӯътадил омадааст ва вай аз дил ба воситаи уруқи завориб рагҳо ки онро набзу ҳаракат бошад, ба димоғ ва ҷумлаи андомҳо мерасад. Ва ин рӯҳҳаммоли қувваи ҳиссу ҳаракат аст. Ва чун ба димоғ расад, ҳарорати вай кам шавад ва мӯътадил гардад ва чашм аз вай қуввати басар пазирад ва гӯш аз вай қувваи шунидан пазирад ва ҳамчунин ҳама ҳавос. Ва масали вай чун чароғе аст, ки дар хонаи гирд мебарояд, ҳар куҷо мерасад деворҳои хона аз вай равшан мешавад. Пас чунон ки рӯшноии чароғ дар девор пайдо меояд, ба қудрати Эзади таъоло ҳамчунин қуввати биной ва шунавой ва ҷумлаи ҳавос аз ин рӯҳ дар аъзои зоҳир падид меояд. Агар дар баъзе уруқ суддае ва банде аф- тад, он узв, ки пас аз он бандгоҳ бошад, муаттал аз кор монда шавад ва мафлуҷ гардад ва дар вай қуввати ҳис ва ҳаракат набошад ва табиб ҷаҳди он кунад, ки судда бикушояд. Ва масали ин рӯҳ чун оташи чароғ аст ва масали дил чун фатила ва ма- сали ғизо чун равған: ҳамчунон ки равған аз чароғ бозгирӣ, чароғ бими- рад, чун ғизо бозгирӣ мизоҷи мӯътадили ин рӯҳ ботил шавад ва ҳайвон бимирад ва ҳамчунон ки агарчи равған бувад, фатила чун бисёр равған бихӯрад, табоҳ шавад ва низ дигар равған напазирад. Ҳамчунин дил ба 80 рӯзгори дароз чунон шавад, ки қабули ғизо накунад ва ҳамчунон ки чизе бар чароғ занӣ, чароғ фурӯ мирад, агарчи равған ва фатила бар ҷой бу- вад, чун ҳайвонеро захме азим расад, бимирад. Ва ин рӯҳ, то мизоҷи вай мӯътадил бувад, чунон ки шарт аст маонии латифро чун қуввати ҳис ва ҳаракат қабул мекунад, аз анвори малоикаи самовӣ ба дастурии Эзади таъоло. Чун он мизоҷ аз вай ботил шавад - ба ғалабати ҳарорат ё бурудат ё ба сабае дигар - шоиста набошад қабули он осорро, чун оинае, ки то рӯи вай рост ва софӣ бошад, суратҳо қабул мекунад, аз ҳар чи сурат дорад, чун дурушт шавад ва зангор бихӯрад, он сурат қабул накунад, на аз он сабаб, ки суратҳо ҳалок шуд ё ғоиб шуд, лекин шоистагии вай қабули онро ботил шуд. Ҳамчунин шоистагии ин бухори латифи мӯътадил, ки онро рӯҳи ҳайвонӣ ном кардем, дар эъти- дол мизоҷи вай бастааст; чун аз эътидол ботил шавад, қабул накунад ва чун қувватҳои ҳиссу ҳаракат қабул накунад, аъзо аз эътои анвори ӯ маҳрум монад, беҳиссу ҳаракат шавад, гӯянд: «Бимурд». Маънии марги рӯҳи ҳайвонй ин бувад ва фароҳамоварандаи ин асбоб, то ин мизоҷ аз эътидол бияфтад, офаридаест аз офаридаҳои Худой азза ва ҷалла, ки вайро «Малакулмавт» гӯянд ва халқ аз вай ном донанд ва ҳақиқати вай шинохтан дароз аст. Ин маънии марги ҳайвонот аст. Аммо марги одамй бар ваҷҳи дигар аст, чи вайро ин рӯҳи ҳайвонӣҳаст ва рӯҳи дигар аст, ки мо онро «рӯҳи инсонй» гӯем ва «дил» ном кардем - дар баъзе аз фусули гузашта - ва вай на аз ҷинси он дигар рӯҳ аст, ки он ҷисме аст чун ҳавои латиф ва чун бухоре пухташуда ва софигашта ва нузҷёфта. Аммо ин рӯҳи инсонӣҷисм нест, чи қисматпазир нест ва маърифати Ҳақ - азза ва ҷалла - дар вай фуруд ояд: чунон ки Ҳақ азза ва ҷалла қисмат напазирад ва якест, маҳалли маърифати яке ҳам яке бошад, қисмат напазирад. Пас дар ҳеч ҷисми қисматпазир фурӯ наояд, бал дар чизе ягонаи ноқисматпазир фуруд ояд. Пас, фатила ва оташи чароғ ва нури чароғ, ҳар се такдир кун фарзу тасаввур кун : фатила чун қолаби дил ва оташи чароғ мисли рӯҳи ҳайвонӣ; ва нури чароғ мисли рӯҳи инсонӣ аст. Ва чунон ки нури чароғ латифтар аз чароғ бувад ва гӯй ба вай ишорат натавон кард 1 , рӯҳи инсонӣ латиф аст ба изофат бо рӯҳи ҳайвонӣ ва вай ишоратпазир нест. Ва ин мисол рост бувад, чун аз рӯи латофат назар кунӣ, лекин аз ваҷҳе дигар рост нест, ки нури чароғ табаъи чароғ аст ва фаръи вай ва чун чароғ ботил шавад, вай ботил шавад. Ва рӯҳи инсонй табаъи рӯҳи 1 Мақсуд он аст, ки ҷисм нест, то битавон онро ба ишора нишон дод. Пас, ин рӯҳи ҳайвонӣ, чун маркаб аст рӯҳи инсониро аз ваҷҳе ва аз ваҷҳе чун олате, чун ин рӯҳи ҳайвониро мизоҷ ботил шавад, қолаб би- мирад ва рӯҳи инсонӣ бар ҷои хеш бимонад, валекин беолату бемаркаб шавад. Ва марги маркабу табоҳии олат, саворро зоеъ ва маъдум нагар- донад, валекин беолат кунад. Ва ин олат, ки вайро доданд, барои он доданд, то маърифату муҳаббати Ҳақ азза ва ҷалла сайд кунад: агар сайд кардааст, ҳалок шуда- ни олат хайри вай аст, то аз бори вай бираҳад. Ва он ки расул алайҳиссалом гуфт: «Марг тӯҳфа ва ҳадяи мӯъмин аст», он бувад, ки касе дом барои сайд дорад ва бори он ҳамекашад, чун сайд ба даст оварад, ҳалоки дом ғанимати вай бошад ва агар - ва-л-ъиёзу биллоҳ - пеш аз он ки сайд ба даст оварад, ин олат ботил шавад, ҳасрату мусибати онро ниҳоят набошад ва ин аламу ҳасрат аввал азоби қабр бувад, наъузу биллоҳи минҳу. Ва вай мустаъмили он аст. Ва чунон ки ҳақиқати «туии ту» на дасту пой аст, ҳамчунин на пушту шикаму сар аст ва на ин қолаби туст: агар ҳама мафлуҷ шавад, раво бошад, ки бар ҷой бошӣ. Ва маънии марг он аст, ки ҳама тан мафлуҷ шавад, ки маънии мафлуҷии даст он аст, ки тоати ту надорад, ки агар тоат медошт, ба сифате медошт, ки онро «қудрат» гӯянд. Ва он сифати нуре бувад, ки аз чароғи рӯҳи ҳайвонй ба вай мера- сид. Чун дар уруқ, ки масолики роҳҳои он рӯҳ аст, суддае афтод, қудрат аз вай бишуд ва тоат мутааззир шуд. Ҳамчунин ҷумлаи қолаб, ҳама тоа- ти ту, ки медорад, ҳам ба воситаи рӯҳи ҳайвонӣ медорад, пас чун мизоҷи вай табоҳ шавад ва тоат надорад, онро «марг» гӯянд ва ту бар ҷои хеш бошӣ, агарчи тоатпазир бар ҷои хеш нест. Ва ҳақиқати туии ту ин қолаб чун бошад? Ва агар андеша кунй, донй, ки ин аҷзои ту на он аҷзост, ки дар кӯдакӣ будааст, ки он ҳама ба бухор 82 мутаҳаллил таҳлил рафта, аз байн рафта шудааст ва аз ғизо бадали он бозомада, пас, қолаб ҳамон нест ва ту ҳамонӣ. Пас, туии ту на бад-ин қолаб аст; қолаб агар табоҳ шавад, гӯ табоҳ шав! Ту ҳамчунон зиндаӣ ба зоти хеш. Аммо авсофи ту ду қисм аст: яке ба мушорикати қолаб, чун гурусна- гиву ташнагӣ ва хоб, ки ин бе меъда ва бе ҷисм рост наёяд, ин ба марг ботил шавад; ва яке он ки қолабро дар он ширкате набувад, чун маъри- фати Ҳақ таъоло ва ҷамоли ҳазрати Вай ва шодӣ бад-он; ин сифати зоти туст, бо ту бимонад. Ва маънии «ал-боқийоту-с-солиҳот» ин бувад. Ва агар бадали ин, ҷаҳл бувад ба Худои азза ва ҷалла, ин низ сифати зоти ту аст, бимонад; ва он нобиноии рӯҳ бувад ва тухми шақовати ту бувад: «Ва ман кона фйҳозиҳи аъмо фа ҳува фӣ-л-охирати аъмо ва азаллу сабило» 1. Пас ба ҳеч ҳол, ту ҳақиқати марг надонй, то ин ду рӯҳ бинашиносӣ ва фарқи миёни эшон ва тааллуқ ба якдигар. Ва ахлот чаҳор аст: хуну балғам ва сафрову савдо. Ва асли ин чаҳор обу оташу хоку ҳавост. Ва ихтилофу эътидоли мизоҷ аз ин тафовути мақодири ҳарорату бурудат ва рутубату юбусат аст. Ва мақсуди санъати тиб он аст, ки эътидоли ин чаҳор табъ дар ин рӯҳ нигоҳ дорад, то бад-он шоиста бошад, ки маркаб ва олати он рӯҳи дигар гардад, ки онро «рӯҳи инсонӣ» гуфтем; ва он аз ин олам нест, бал- ки аз олами улвист ва аз ҷавоҳири малоика аст. Ва ҳубути фуруд омада- ни вай бад-ин олам ғариб аст аз табиати зоти вай. Валекин ин ғурбат барои он аст, то аз ҳудо 2 зоди худ баргирад, чунон ки азза ва ҷалла гуфт: «Қулна-ҳбиту минҳо ҷамиъан. Фа иммо йаътийаннакум миннйҳудан фа ман табиъа ҳудойа фа ло хавфун ъалайҳим ва ло ҳум йаҳзанун» 3. Ва он ки Ҳақ азза ва ҷалла гуфт: «Иннӣ холиқун башаран мин тинин, фа изо саввайтуҳу ва нафахту фиҳи мин руҳй» 4 , ишорат ба ихтилофи ин ду олами рӯҳ аст, ки якеро бо тин гил ҳаволат кард ва аз эътидоли 1 Ҳар ки дар ин дунё нобино бошад, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст. Пас, чун биояд бар шумо аз Ман ҳидояте, касоне, ки ҳидояти Маро пайравӣ кунанд, биме надоранд ва андӯҳгин нашаванд. Он гоҳ гуфт: «ва нафахту фиҳи мин руҳй», ин бо Худ изофат карду бас. Ва ин бар мисоли он бувад, ки касе хирқаи карбос сӯхта 1 кунад, то муҳайё шавад қабули оташро, он гоҳ наздики оташ барад ва нафх кунад дамад , то оташ дар вай афтад. Ва чунон ки он рӯҳи ҳайвонӣ ва суфлиро эътидоле аст ва табиб асбоби эътидоли он бишиносад, то беморӣ аз вай дафъ кунад ва вайро аз ҳалок нигоҳ дорад, ҳамчунин рӯҳи инсонии улвиро, ки аз ҳақиқати дил аст, эътидоле аст, ки илми ахлоқ ва риёзат, ки аз шариат шиносанд, эътидо- ли онро нигоҳ дорад ва он сиҳҳати вай бошад, чунон ки пас аз ин дар миёни аркони мусалмонӣ гуфта ояд. Пас, маълум шуд, ки то касе ҳақиқати арвоҳи одамиро нашиносад, мумкин нест, ки охиратро ба басират бишиносанд, чунон ки мумкин нест, ки Ҳақро азза ва ҷалла бишиносад, то худро нашиносад. Пас ши- нохтани нафси худ калиди маърифати Ҳақ аст ва калиди маърифати охират аст. Ва асли дин «ал-имону биллоҳи ва-л-йавми-л-охири» 2 аст ва бад-ин сабаб ин маърифатро тақдим кардем. Аммо як сирр аз асрори авсофи вай ва асл он аст, ки бинагуфтем, ки рухсат нест дар гуфтани он, ки афҳом эҳтимоли он накунад. Ва тамомии маърифати Ҳақ азза ва ҷалла ва маърифати охират, бар он мавқуф аст. Ҷаҳди он кун, то аз худ, ба тариқи муҷоҳида ва талаб бишиносй, ки агар аз касе бишунавй, тоқати самоъи он надорй, ки бисёр кас он сифат дар ҳаққи Ҳақ таъоло бишуниданд ва бовар надоштанд ва инкор карданд ва гуфтанд: «Ин худ мумкин нест». Ва ин на танзеҳ 3 аст, балки таътил аст 4. Пас, ту тоқати самоъи он дар ҳаққи одамӣ чун дорӣ, балки он сифат дар ҳаққи Ҳақ сареҳ, на дар Қуръон аст ва на дар ахбор, ҳам барои ин сабаб, ки чун бишунаванд инкор кунанд. Ва анбиёро гуфтаанд: «Каллиму-н- носа ъала қадри ъуқулиҳим» - «Бо халқ он гӯед, ки тоқати он доранд». Ва ба баъзе аз анбиё ваҳй омад, ки: «Аз сифоти мо чизе, ки халқ онро фаҳм накунанд, магӯй, ки он гоҳ инкор кунанд ва эшонро зиён дорад, он микдор гӯед, ки бидонанд». Мақсуд аз ин ҷумла он аст, ки касе қитъаи карбосеро реш-реш ва нимсӯхта кунад, то барои гирондани оташ муҳайё шавад. Имом Ғаззолй раҳматуллоҳи алайҳи тасвия ва рост кардани гилро барои қобилияти қабули рӯҳ, чун сӯхта кардани карбос барои қобилияти қабули оташ донистааст. Ва маънии марг на нестии вай аст, балки маънии он инқитоъи тасарруфи вай аст аз қолаб. Ва маънии ҳашру нашр ва баъсу иода на он аст, ки вайро пас аз нестӣ бо вуҷуд 1 оваранд, балки он аст, ки вайро қолаб диҳанд, бад-он маънй ки қолаберо муҳайёи қабули тасарруфи вай кунанд як бори дигар, чунон ки дар ибтидо карда буданд ва ин бор осонтар бувад, ки аввал ҳам қолаб мебоист офарид ва ҳам рӯҳ ва ин бор худ рӯҳ бар ҷои хеш аст - аъне рӯҳи инсонӣ - ва аҷзои қолаб низ бар ҷои хеш аст ва ҷамъи он осонтар аз ихтироъи он - аз он ҷо, ки назари мост; ва аз он ҷо ки ҳақиқат аст, сифати инсониро ба феъли илоҳй роҳ нест, ки он ҷо ки сифати душворӣ набошад, осонйҳам нест. Ва шарти иодат он нест, ки ҳам он қолаб, ки доштааст, бо вай диҳанд, ки қолаб маркаб аст ва агарчи асб бадал афтад, савор ҳамон бошад. Ва аз кӯдакй то пирии худ бадал афтода бошад аҷзои вай бо аҷзои ғизоии ди- гар ва вай ҳамон бувад. Пас, касоне, ки ин шарт карданд, то бар эшон ишколҳо хост ва аз он ҷавобҳои заиф доданд, аз он такаллуф мустағнӣ буданд, ки эшонро гуфтанд, ки: «мардуме мардуме бихӯрад, ҳамон аҷзо аҷзои ин дигар шавад, аз ин ду бо кадом диҳанд? Ва агар узве аз вай би- буранд ва он гоҳ тоате кунад, чун савоб ёбад, ин узви бурида ҳам бо вай бошад ё на? Агар бо вай набошад, дар биҳишт бе чашму бе даст ва бе по чӣ гуна бувад? Ва агар бо вай бошад, он аъзоро дар ин олам анбозе набу- вад дар тоату амал, дар савоб чи гуна анбоз бувад? » Ва аз ин ҷинс турраҳот суханони беҳуда ва ҳарза гӯянд ва ҷавоб таклиф кунанд. Ва бад-ин ҳама ҳоҷат нест, чун ҳақиқат иодат нест, ки ба ҳама қолаб ҳоҷат нест ва ин ишкол аз он хост, ки пиндоштанд, ки туии ту ва ҳақиқати ту қолаби туст, чун он биъайниҳи бар ҷой набошад, он на ту бошй, бад-ин сабаб дар ишкол афтад ва асли ин сухан ба халал ботил аст. Бидон, ки ҳар ки аз паси сухани дигарон шавад, нобино бошад. Ва ин касе гӯяд, ки на аз аҳли такдид бошад ва на аз аҳли басират; ки агар касе аз аҳли басират будӣ, бидонистй, ки марги қолаб ҳақиқати одамиро нест накунад ва агар аз аҳли такдид - будй, аз Қуръону ахбор бишинохтй, ки рӯҳи одамй пас аз марг ба ҷои хеш бувад, ки арвоҳ пас аз марг ду қисм аст: арвоҳи ашқиё ва арвоҳи суадо. Аммо дар арвоҳи суадо Қуръони маҷид мефармояд: «Ва ло таҳсаббана-л-лазина қутилу фӣ сабилиллоҳи амвотан, бал аҳйоун ъинда Раббиҳим йурзақуна. Фариҳина би мо отоҳумуллоҳу мин фазлиҳи» Мефармояд: «Мапиндоред, ки касоне, ки дар роҳи Ҳақ кушта шуданд, эшон мурдаанд, балки зиндаанд ва шодмо- нанд, ба хилъатҳо, ки аз ҳазрати Рубубият ёфтаанд; ва бардавом аз Он ҳазрат рӯзии хеш меситонанд». Аммо дар ҳаққи ашқиёи кофирони Бадр 2 , чун расул - саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳоб эшонро бикуштанд, як- як эшонро овоз медод ва нидо мекард - ва эшон кушта - ва мегуфт: «Е фалон, ё фалон! Ваъдаҳо ки аз Ҳақ таъоло ёфта будам, дар қаҳри душма- нони Вай, ҳамаро ҳақ ёфтам ва Ҳақ таъоло таҳқиқ кард он ваъдаҳо, ки шуморо дода буд ба уқубат, пас аз марг ҳақ ёфтанд ё на! Бо вай гуфтанд: «Эшон муште мурдоранд, бо эшон чаро сухан мегӯй? » Гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: « Бад-он Худой, ки нафси Муҳаммад ба дасти қудрати Вай аст, ки эшон ин суханро шунавотаранд аз шумо, валекин аз ҷавоб оҷизанд». Ва ҳар ки тафаҳҳус кунад аз ахбор, ки дар дар ҳаққи мурдагон омадааст ва огоҳ будани эшон аз аҳли мотаму зиёрат; ва он чи дар ин олам равад, ба қатъ донад, ки нестии эшон дар шаръ на- ёмадааст, балки он омадааст, ки сифат бигардад ва манзил бигардад тағйир кунад, иваз шавад ва гӯр, ё ғоре аст аз ғорҳои дӯзах, ё равзае аз равзаҳои биҳишт. Пас, ба ҳақиқат бидон, ки ба марг ҳеч чиз аз зоти ту ва аз хавоси сифо- ти ту ботил нашавад, лекин ҳавосу ҳаракот ва тахйилоти ту, ки он ба во- ситаи димоғ аст ва ба васоити аъзо, ботил шавад ва ту он ҷо бимонӣ фарду муҷаррад, ҳамчунон ки аз ин ҷо бирафтай. Ва бад-он ки асб би- мирад, агар савор ҷавлоҳ бувад, фақеҳ нагардад ва агар нобино бувад, бино нагардад, балки пиёда гардаду бас. Ва қолаб маркаб аст - чун асб - 1 Ҳамоно ки гуи - ба ҷои «ин қулта»-и араби аст, ки собиқан зиёд истеъмол мешуда. Ва бад-ин сабаб аст, ки касоне, ки аз худ ва аз маҳсусот ғоиб шаванд ва ба худ фурӯ шаванд ва ба зикри Худои таъоло мустағрақ шаванд, чунон ки бидоятро тасаввуф аст, аҳволи охират эшонро ба завқ мушоҳида би- бошад, ки он рӯҳи ҳайвонии эшон агарчи аз эътидоли мизоҷ барнагар- дида бошад, лекин тосида шуда бошад ва чун хадаре 1 дар вай падид омада бошад, то аз ҳақиқати зот эшонро ба худ ҳеч машғул надорад, пас, ҳоли эшон ба ҳоли мурда наздик бошад. Пас, он чи дигаронро ба марг макшуф хоҳад шуд, эшонро ин ҷо макшуф шавад. Он гаҳ чун бо хештан оянд ва бо олами маҳсусот афтанд, бештар он бошад, ки аз он чизе бар ёди вай бинамонда бошад, валекин асаре аз он бо вай бимонда бошад. Агар ҳақиқати биҳишт бо вай намуда бошанд, равҳу осоиш, шодӣ роҳат ва нишоту шодии он бо вай бошад; ва агар дӯзах бар вай арз карда бошанд, кӯфтагиву хастагии он бо вай бошад ва агар чизе аз он дар зик- ри ёд, хотир вай бимонда бошад, аз он хабар боз диҳад; ва агар хизонаи хаёл он чизро муҳокоте такдид карда бошад, бар мисоле бошад, ки он мисол беҳтар дар ҳифз бимонда бошад ва он хабар боз диҳад. Чунон ки расул алайҳиссалом дар намоз даст фарохту гуфт: «Хӯшае аз ангури биҳишт бар ман арза карданд, хостам, ки бад-ин ҷаҳон оварам»; ва гумон мабар, ки ҳақиқате, ки хӯшаи ангур муҳокоти он карда бошад, бад-ин ҷаҳон тавон овардан; балки ин худ муҳол бошад ва агар мумкин будӣ, биёвардй, валекин вайро кашф афтода буд ба мушоҳида. Ва ҳақиқати истиҳолати муҳол будани ин шинохтан дароз аст ва туро талаб кардани ин ҳоҷат нест. Ва тафовути мақомоти уламо чунин бувад, ки якеро ҳамагй он гирад, то бидонад, ки он хӯшаи ангур аз биҳишт чй буд ва чаро буд, ки вай би- дид ва дигарон надиданд. Ва дигаронро насиб аз ин воқеа, беш аз он на- буд, ки вай даст биҷунбонид: 2 «Ал-фиълу-л-қалилу ло йубтилу-с-салота» - «кирдори андак ботил накунад намозро». Ва андар тафсили ин назар дароз кунад ва пиндорад, ки илми аввалину охирини худ ин аст. Ва ҳар ки ин бидонист ва бад-он қаноат накард ва бад-он дигар машғул шуд, вай худ муаттал аст ва аз илми шариат муъриз дурикунанда. Ва мақсуд он аст, ки гумон мабарй, ки расул алайҳиссалом аз биҳишт хабар боз- дод, ба такдиду ба самоъ аз Ҷабраил, чунон ки ту маънии самоъ донӣ аз Ҷабраил, ки он маънӣ низ ҳамчун дигар корҳо шинохтаӣ! Лекин расул 1 Сустиву беҳаракатӣ ва бехудӣ; хоб рафтани дасту по. Лекин ғоиб шудан бар ду ваҷҳ аст: яке ба мурдани рӯҳи ҳайвонй ва дигар ба тосидани рӯҳи ҳайвонй. Аммо дар ин олам биҳиштро натавон дид. Чунон ки ҳафт осмону ҳафт замин дар пӯсти пистае нагунҷад, заррае аз биҳишт дар ин ҷаҳон нагунҷад, бал чу- нон ки ҳоссаи самъ маъзул аст аз он ки сурати осмону замин дар вай па- дид ояд, чунон ки дар чашм, ҳама ҳавоси инҷаҳонӣ аз ҳама лаззоти биҳишт маъзул аст ва ҳавоси онҷаҳонй худ дигар аст. Аммо ҷисмонӣҳама касе бишиносад ва рӯҳонӣ нашиносанд, илло касе, ки худро бишинохта бошад ва ҳақиқати рӯҳ вай бидониста, ки вай қоим аст ба зоти хеш ва аз қолаб мустағнй аст дар қавоми хеш ва пас аз марг вай боқй аст, ки марг вайро нест нагардонад, чашму даст ва пою гӯш ва ҷумлаи ҳавос аз вай марг бозситонад. Ва чун ҳавос аз вай бозситад, зану фарзанд ва молу зиёъ мулк, дороӣ ва сарой ва бандаву сутур ва хешу пайванд, балки ос- мону замин ва ҳар чи онро ба ҳавос метавон ёфт, аз вай бозситад. Агар ин чизҳо маъшуқ буд ва ҳамагии хеш бад-он дода буд, дар азоби фироқ бимонад, ба зарурат; ва агар аз ҳама фориғ буд ва ин ҷо ҳеч маъшуқ на- дошт, балки орзуманди марг буд, ба роҳат афтод; ва агар дӯстии Худои таъоло ёфта буд ва унс ба зикри Вай ҳосил карда ва ҳамагии хеш бад-Ӯ дода буд ва асбоби дунё он бар вай мунағғас мукаддар, зоеъ ва шӯлида парешон медошт, чун бимурд, ба маъшуқ расид ва музоҳиму мушав- виш асбоби ташвишу парешонй аз миён бархост ва ба саодат расид. Акнун андеша кун, то мумкин шавад, ки касе худро бидонад ва биши- носад, ки вай боқй хоҳад буд, ки ҳама мурод ва маъшуқи вай дар дунёст ва он гоҳ дар шак бошад, ки чун аз дунё бишуд, дар ранҷу азоб хоҳад буд - дар фироқи маҳбуботи хеш - чунон ки расул алайҳиссалом гуфт: «Аҳбиб мо аҳбабта фа иннака муфориқуҳу» 1. Ва ё чун бидонад, ки маҳбуби вай ҳама Ҳақ таъоло аст ва дунёро ва ҳар чи дар вай аст, душман дорад, илло он микдор, ки зоди вай аст, дар шак тавонад буд, ки чун аз 1 Ҳар чиро мехоҳӣ, дӯст бидор, ҳароина бояд аз он дурӣ гузинӣ. Пас, ҳар ки ин шиносад, вайро дар азобу-л-қабр ҳеч шак намонад, ки ҳаст ва муттақиёнро нест, балки дунёдоронрост ва касоне, ки ҳамагии хеш ба дунё додаанд ва бад- ин маънӣ ин хабар маълум шавад, ки: «Ад-дунйо сиҷну-л-муъмини ва ҷаннату-л-кофири» 1. Пас, азоби он, ки дар ҳама дунё бештар аз як чиз надорад, ки дил дар он бастааст, на чунон бошад, ки азоби касе, ки зиёъу асбоб ва бандаву сутур ва ҷоҳу ҳишмату ҳама неъматҳои дунё дорад ва дил дар ҳама баста бошад. Балки агар дар ин ҷаҳон касеро хабар оваранд, ки асбе аз они вай бурданд, азобу ранҷ бар дили вай камтар аз он бошад, ки гӯянд: даҳ асб бурданд; ва агар ҳама моли вай биситонй, ранҷ бештар аз он бувад, ки як ним ва камтар аз он бувад, ки бо мол ба ҳам зану фарзандро ба ғорат баранд ва аз вилоят маъзул кунанд ва вайро танҳо бигузоранд. Ва марг он аст, ки молу зану фарзанду ҳар чи дар дунёст, ҳамаро ғорат кунад ва вайро танҳо бигузо- рад; ва маънии марг ин бувад. Пас уқубат ва роҳати ҳар касе бар қадри гусастагӣ ва бастагии вай ба дунё бувад. Ва он ки асбоби дунё вайро аз ҳама ҷиҳате мусоидат кунад ва ҳамагии худ ба вай диҳад, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Золика би аннаҳуму-стаҳаббу-л-ҳайота-д-дунйо ъала-л-охирати» 2 , азоби вай сахт азим бувад ва иборат аз он чунин омад, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Донӣ, ки дар чӣ маънӣ фуруд омад ин оят: «Фа инна лаҳу маъишатан занкан» 3. Гуфтанд, ки «Худой азза ва ҷалла ва расул алайҳиссалом беҳтар донад». Гуфт: «Азоби кофир дар гӯр аст, ки наваду нӯҳ аждарҳо ба вай мусаллат кунанд. Донй, ки аждарҳо чй бувад? Наваду нӯҳ мор бувад, ҳар мореро нӯҳ сар! Ва вайро мегазанд ва мелесанд ва дар вай медаманд, то он рӯз, ки вайро ҳашр кунанд». Ва аҳли басират ин аждарҳоро ба чашми 1 Дунё зиндони мӯъмин аст ва фирдавси кофир. Ҳамон тавр ки дар ин ҷо низ мушоҳида мешавад, мақсуд аз «маишати занк»-ро азоби қабр донистаанд. Ин аҳмақ бояд ки бидонад, ки ин аждарҳо дар зоти рӯҳи мурда аст ва аз ботини ҷони вай берун нест, то дигаре бибинад, балки ин аждарҳо дар даруни вай буд - пеш аз марг - ва вай ғофил буд аз он ва намедонист. Ва бояд бидонад, ки ин аждарҳо мураккаб аст аз нафси сифоти вай ва адади сарҳои вай ба қадри адади он шохҳои ахлоқи мазмуми вай аст ва асли тинати он аждарҳо аз ҳубби дунёст; ва он гоҳ сарҳо аз вай муншаиб мешавад ба адади он ахлоқи бад, ки аз дӯстии ду- нё муншаиб шавад, чун: ҳиқду ҳасад ва кибру шараҳ ва макру хидоъ ва адовату дӯстии ҷоҳу ҳишмат ва ғайри он. Ва асли он аждарҳо ва бисёрии сарҳои вай ба нури басират метавон шинохт; аммо микдори адади он ба нури нубувват тавон шинохт, ки бар қадри адади ахлоқи мазмум муҳит аст ва моро адади ахлоқ маълум нест. Пас, ин аждарҳо, андар миёни ҷони кофир мутамаккин аст ва пӯшида, на ба сабаби он ки ҷоҳил аст ба Худой ва ба расулу бас, бал ба сабаби он ки ҳамагии хеш ба дунё додааст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Золика би аннаҳуму-стаҳаббу-л-ҳайота-д- дунйо ъала-л-охирати» ва гуфт: «Азҳабтум таййиботикум фйҳайотикуму-д-дунйо ва-стамтаътум биҳо» 1. Ва агар чунон будй, ки ин аждарҳо беруни вай будй, чунон ки марду- мон пиндоранд, осонтар будӣ, зеро ки будй, ки як соат даст аз вай бидоштӣ, лекин чун мутамаккин аст дар миёни ҷони вай, ки он худ аз айни сифоти вай аст, аз вай чӣ гуна бигурезад? Ва чунон ки касе канизаке бифурӯшад ва он гоҳ ошиқ ояд, он аждарҳо, ки дар миён ҷони вай ҳамегазад, ҳам ишқи вай аст, ки дар дили вай пӯшида буд ва намедонист, то кунун, ки фаро захм афтод. Ҳамчунин ин наваду нӯҳ аждарҳо дар даруни вай буд, пеш аз марг ва вайро хабар на- буд, то акнун, ки захми вай падид омад. Ва чунон ки айни ишқ сабаби роҳати вай буд, то бо маъшуқ ба ҳам буд, ҳамон сабаби ранҷ гашт ба вақти фироқ, ки агар ишқ набудӣ, дар фироқ ранҷ набудӣ. Ҳамчунин ҳубби дунё ва ишқи вай, ки сабаби роҳат аст, ҳамон сабаби азоб шавад: ишқи ҷоҳ дили вайро мегазад чун аждарҳое ва ишқи мол чун море ва ишқи сарою хона чун каждуме; ва ҳам бар ин қиёс медон. Ва чунон ки ошиқи канизақ ки дар фироқ хоҳад хештанро дар обу оташ афканад ва хоҳад, ки вайро каждуме даргазад, то аз он дард бираҳад, ҳамчунин он, ки вайро дар гӯр азоб хоҳад буд, хоҳад, ки бадали он ранҷ каждуму мор будй, ки дар ин ҷаҳон мардумон донанд, ки ин захм бар тан 1 Бурдед хушиҳои худро дар зиндагонии дунёи худатон ва аз он баҳраманд шудед. Пас, ба ҳақиқат ҳар кас сабаби азоби хеш бо худ мебарад, аз ин ҷо ва он дар андаруни эшон аст ва барои ин гуфт Мустафо салавотуллоҳи алайҳи: «Иннамо ҳийа аъмолукум турадду илайкум». Гуфт: «Ин уқубат беш аз он нест, ки ҳам аз они шумо фаро пеши шумо ниҳад». Ва барои ин гуфт азза ва ҷалла: «Агар шуморо илми яқин астй, худ дӯзахро мебинӣ». «Калло лав таъламуна ъилма-л-йақини. Ва барои ин гуфт: «Ва инна ҷаҳаннама ла муҳитатун би-л-кофирина» - «дӯзах бо эшон муҳит аст ва бо эшон ба ҳам аст»; ва нагуфт: «Муҳит хоҳанд буд». Бидон, ки ин аждарҳо диданӣ аст, валекин ҳам мурда бинад ва касоне, ки дар ин олам бошанд, набинанд, ки чизеро, ки аз он олам бошад, ба чашми ин олам натавон дид. Ва ин аждарҳо мурдаро мутамассил 1 , то ҳамчунон ме- бинад, ки дар ин ҷаҳон мебинад. Валекин ту набинӣ, чунон ки хуфта би- сёр бинад, ки вайро мор мегазад ва он ки дар бари вай нишаста бошад, набинад. Ва он мор хуфтаро мавҷуд аст ва ранҷ вайро ҳосил ва дар ҳаққи бедор маъдум аст. Ва аз он ки бедор вайро намебинад, аз ранҷи вай ҳеч чиз камтар нашавад. Ва чун хуфта ба хоб бинад, ки мор вайро мегазад, он захми душмане аст, ки бар вай зафар хоҳад ёфт. Ва он ранҷи рӯҳонӣ бувад ва бар дил бошад, валекин мисоли он чун аз ин олам ба орият хоҳанд, море бошад; ва бошад ки чун он душман бар вай зафар ёбад, гӯяд: «Таъбири хоби хеш бидидам». Пас гӯяд: «Кошки маро мор бигазидй ва ин душман бар ман коми хеш нарондй», ки ин азоб бар дили вай аз он чи ки бар тан бошад ва аз мор азимтар бувад. Пас агар гӯӣ, ки ин мор маъдум аст ва он чи вайро мегазад хаёле аст! Бидон, ки ин ғалате азим аст, балки он мор мавҷуд аст. Ва маънии мавҷуд «ёфта» бувад ва маънии маъдум «ноёфта» бувад. Ва ҳар чи ёфтаи ту шуд дар хоб ва ту онро мебинй, он мавҷуд аст, дар ҳаққи ту, агарчи ҳеч каси дигар онро натавонад дид. Ва ҳар чи ту онро 1 Барои мурда қобили эҳсос ва қобили тасаввур аст. Ва чун азоб ва сабаби азоб ҳар ду мурда ва хуфтаро ёфтааст, аз он ки ди- гаре набинад, дар он чи нуқсон ояд? Аммо ин ҳаст, ки хуфта зуд бедор шавад ва аз он бираҳад. Пас, онро хаёле ном кунанд. Аммо мурда дар он бимонад, ки маргро охир нест, пас бо ӯ бимонад ва ҳамчун маҳсусоти ин олам бошад дар сабот. Ва дар Қуръон ва дар шариат нест, ки он мору каждум ва аждарҳо, ки дар гӯр бошад, бад-ин чашми зоҳир умуми халқ битавонад дид, то дар олами шаҳодат бошанд. Аммо агар касе аз ин олам дур шавад, бад-он ки бихусбад ва ҳоли ин мурда вайро кашф кунанд вайро дар миёни мору каждум бинад. Ва анбиё ва авлиё низ дар бедорӣ бибинанд, ки он чи ди- гаронро дар хоб бошад, эшонро дар бедорӣ бошад ва олами маҳсусот эшонро аз мушоҳидаи корҳои он ҷаҳон ҳиҷоб накунад. Пас ин итноб дароз кардани сухан бар он меравад, ки гурӯҳе аз аҳмақон, бад-он микдор, ки дар гӯр нигаранд ва чизе набинанд - бад-ин чашми зоҳир - азобу-л-қабрро инкор кунанд ва ин аз он аст, ки роҳи фа- ро кори он ҷаҳон надонанд. Пас ҳамаро азобу-л-қабр хоҳад буд ва ҳеч кас аз ин нараҳад. Ҷавоб он аст, ки на чунин аст, ки касоне бошанд, ки аз дунё сер шуда бошанд ва эшонро дар дунё ҳеч масарратгоҳ ва ҳеч осоишҷой намонда бошад ва орзуманди марг бошанд. Ва бисёре аз мусалмонон, ки дарвеш бошанд, чунин бошанд. Он қавм, ки тавонгар бошанд, низ бар ду гурӯҳ мебо- шанд: гурӯҳе боз он ки бо он ки ин асбобро дӯст доранд, Худойро азза ва ҷалла низ дӯст доранд, эшонро низ азобе набувад. Ва мисоли эшон чун касе бувад, ки сарое дорад ва шаҳре дорад, ки онро дӯст дорад, вале- кин риёсат ва салтанату кӯшку боғ аз он дӯсттар дорад; чун вайро ман- шури фармони султон ба риёсати шаҳре дигар расад, вайро берун шу- дан аз он ватан ҳеч ранҷ набошад, ки дӯстии хонаву сарою шаҳр дар он дӯстии риёсат, ки ғолибтар аст, ночиз гардад ва нопайдо шавад ва ҳеч асар бинамонад. Пас анбиё ва авлиё ва порсоёни мусалмонон агарчи ди- ли эшонро ба зану фарзанд ва шаҳру ватан илтифоте бошад, чун дӯстии 92 Худо пайдо ояд ва лаззати унс ба Вай пайвандад, он ҳама ночиз гардад ва ин лаззат ба марг пайдо ояд, пас эшон аз ин эмин бошанд. Аммо касоне, ки шаҳавоти дунёро дӯсттар доранд, аз ин азоб нараҳанд - ва бештар ин бошанд; ва барои ин гуфт Эзад азза ва ало: «Ва ин минкум илло воридуҳо кона ъало Раббика ҳатман мақзиййо. Сумма нунаҷҷӣ-л- лазина-ттақу ва назару-з-золимина фиҳо ҷисиййо» 1. Ин қавмро муддате азоб кунанд, пас чун аҳди эшон аз дунё дароз шавад, фаромӯш кунанд лаззати дунёро ва асли дӯстии Худои таъоло, ки дар дил буда бошад, боз падидор омадан истад. Ва масали вай чун касе бувад, ки вай сароеро дӯсттар дорад аз сарои дигар, ё шаҳреро аз шаҳре, ё занеро аз зани ди- гар, валекин он дигарро низ дӯст дорад; чун вайро аз дӯсттарин дур ку- нанд ва бад-он дигар уфтад, муддате дар фироқи он ранҷур бошад, он гоҳ онро фаромӯш кунад ва хӯй фаро он дигар кунад ва асли он дӯстй, ки дар дил будааст, ба муддати дароз подидор ояд. Аммо он касе, ки Худои таъолоро аслан дӯст надорад вай андар он азоб бимонад, ки дӯстии вай ҳама боз он буд, ки аз вай бозситаданд, ба чй салват тасаллй аз он халос ёбад; ва яке аз асбоби он ки азоби кофир мухаллад абадӣ аст, ин аст. Ва бидон, ки ҳар касе даъво мекунад, ки ман Худойро азза ва ҷалла дӯст дорам, ё аз дунё дӯсттар дорам - ва ин мазҳаби ҳама ҷаҳон аст ба забон - валекин инро маҳаке санги тиллоозмоӣ ва меъёре асбоби санҷиши микдори зари холис ҳаст, ки бад-он бишиносанд; ва ин он бу- вад, ки ҳар ки нафсу шаҳват вайро чизе фармояд ва шаръи Худой хило- фи он фармояд, агар дили худро ба фармони Худой моилтар бинад, худ Вайро дӯст медорад. Чунон ки касе, ки ду касро дӯст дорад ва якеро дӯсттар дорад, чун миёни эшон хилоф афтад, худро ба ҷониби дӯсттар моилтар бинад ва худро бад-ин бишиносад, ки вайро дӯст медорад. Ва чун чунин набувад, гуфт ба забон ҳеч суд надорад, ки он гуфт дурӯғ бу- вад. Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: «Ҳамеша гӯяндагони «ло илоҳа иллаллоҳу» худро аз азоби Худой азза ва ҷалла ҳимоят мекунанд, то он гоҳ ки сафқаи муомилаи дунё бар сафқаи дин ихтиёр кунанд. Чун ин бикунанд, Худой азза ва ҷалла эшонро гӯяд: «Дурӯғ мегӯед, ки гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳу» боз ин муомилат дурӯғ бувад». Пас, аз ин ҷумлат бишинохтй, ки аҳли басират ба мушоҳидати ботин 1 Ва нест аз шумо касе, магар вориди он дӯзах шавад. Ин корест, ки ҳатман ба иродаи Парвардигори ту анҷом мешавад. Пас аз он раҳоӣ бахшем касонеро, ки парҳезкоранд ва ситамгаронро ба зону даромада дар он мегузорем. Ва ин даъвии муҳол бошад ва то наёзмояд, бинадонад. Агар чунон аст, ки ҳар чи вайро ҳаст, ҷумла дузд бибарад; ва ҳар қабул, ки вайро ҳаст, ба дигаре шавад, аз ақрони вай; ва ҳар мурид, ки вайро бошад, аз вай бигардад ва вайро мазаммат кунад, аз он дар ди- ли вай ҳеч асаре накунад ва ҳамчунон бошад, ки моли дигаре бидузданд ва қабули дигаре ботил шавад, он гоҳ ин даъвии вай рост бувад. Ва бо- шад ки гӯяд, ки ман бар ин сифатам; ва мағрур бувад, то бинадузданд ва аз вай барнагарданд, бинадонад. Пас бояд, ки мол аз хештан ҷудо кунад ва аз қабул бигурезад ва худро биёзмояд, он гоҳ эътимод кунад, ки бисёр кас бувад ки пиндошт, ки вай бо зану канизак ҳеч алоқате надорад, чун талоқ дод ва бифурӯхт, оташи ишқ, ки дар дили вай пӯшида буд, пади- дор омад ва девонаву сӯхта гашт. Пас, ҳар ки хоҳад, ки аз азобу-л-қабр раста бошад, бояд ки вайро бо дунё ҳеч алоқате набувад, илло ба зарурат - чунон ки касеро ба таҳоратҷой ҳоҷат бувад, вайро дӯст дорад - ба зарурат ва бихоҳад, ки аз он бираҳад; пас, бояд ки ҳирси вай ба таом ба меъда расонидан ҳамчунон бувад, ки бар фориғ кардани меъда аз таом, ки ҳар ду зарурат аст; ва ҳама корҳои бигар ҳамчунин. Пас, агар дил аз ин алоқа холй ната- вонад кард, бояд ки бо мувозибат бар ибодат ва бар зикри Худои таъоло унси зикр бар дили хеш ғолиб гардонад, чунон ки ғолибтар шавад ин дӯстй бар дӯстии дунё. Ва аз хештан ҳуҷҷату бурҳон мехоҳад бар ин маънӣ, ба мутобиати шариат ва такдими фармони Ҳақ бар ҳавои хеш, агар нафси вай вайро итоат дорад, бар ин маънӣ худ эътимод кунад, ки аз азобу-л-қабр раст; ва агар на чунин бувад, тан ба азобу-л-қабр биниҳад, магар ки афви Эзад даррасад ва ӯро дарёбад. Ва он оташ, ки дар тан овезад, онро ҷисмонӣ гӯянд. Пас, бидон, ки дар дӯзахи рӯҳонӣ се ҷинс оташ бувад: яке оташи фироқи шаҳавоти дунёвӣ ва дуввум оташи ташвир шармандагӣ ва хиҷлати расвоиҳо ва саввум оташи маҳрум мондан аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият ва навмед гаштан аз вай. Ва ин ҳар се оташро кор бо ҷону дил бошад, на бо тан. Ва лобуд аст шарҳи сабаби ин ҳар се оташ, ки аз ин ҷо бо хештан чи гуна баранд ва маънии вай ба мисоле, ки аз ин олам ба ория хоҳем намудан, маълум шавад. Аммо сифати аввал оташи фироқи шаҳавоти дунёст. Ва сабаби ин дар азобу-л-қабр гуфта омад, ки ишқу боист 2 биҳишти дил аст ва дӯзахи дил: биҳишт аст, то бо маъшуқ бувад ва дӯзах аст, чун бе маъшуқ бувад. Пас, ошиқи дунё бо дунё дар биҳишт аст: «Фа-д-дунйо ҷаннату-л-кофири» 3. Ва дар охират дар дӯзах аст, ки маъшуқи вайро аз вай бозситаданд. Пас, як чиз ҳам сабаби лаззат аст ва ҳам сабаби ранҷ, валекин дар ду ҳоли мухталиф. Ва мисоли ин оташ дар дунё он бувад, масалан, ки подшоҳе бувад, ки ҳама рӯи замин дар тоату фармони вай бувад ва ҳамеша ба таматтӯъи некӯрӯён машғул бувад аз канизакону ғуломону занон; ва ҳамеша дар тамошои боғҳо ва кӯшкҳои зебо. Пас, ногоҳ душмане биёяд ва вайро би- гирад ва ба бандагй гирад ва дар пеши аҳли мамлакат вайро сагбонй фармояд ва дар пеши вай аҳлу канизакони вайро ба кор медорад ва гуломони вайро мефармояд, то ба кор медоранд ва ҳар чи дар хизонаи вай бар вай азизтар бувад, ба душманони вай медиҳад. Нигоҳ кун, ин мардро бар тан ҳеч ранҷ бошад? Ва оташи фироқи зану фарзанду вило- ят ва канизаку хизонаву неъмат дар миёни ҷони вай афтода, вайро месӯзад ва ӯ мехоҳадй, ки вайро ба як роҳҳалок кунандӣ, ё бисёрии азоб бар тани вай муваккал кунандӣ, то аз ин ранҷ бираҳадй. Ин мисоли як оташ аст. Ва ҳарчанд неъмат бештар дошта бошад ва вилоят софитар ва муҳанно гуворотар буда бошад, ин оташ тезтар бу- вад. Пас ҳар киро ҳадди таматтӯъ дар дунё бештар бувад ва дунё вайро 1 Оташи афрӯхтаи Худой, ки тулӯъ мекунад бар дилҳо. Ва мумкин нагардад, ки ми- соли он оташ дар ин ҷаҳон тавон ёфт, ки ранҷи дил, ки дар ин ҷаҳон бу- вад, тамом аз дилу ҷон мутамаккин ҷогирифта нашавад, ки ҳавос ва машғалаи ин ҷаҳон дилро машгул медорад. Ва шуғл чун ҳиҷобе бувад дилро, то азоб дар вай мутамаккин нашавад. Ва барои он бошад, ки ин кас агар чашму гӯш ба чизе машгул бикунад, он ранҷ аз вай камтар ша- вад ва чун фориғ шавад зиёдат гардад. Ва бад-ин сабаб бувад, ки соҳиби мусибат, чун аз хоб дарояд, захми мусибат бар дили вай азимтар бувад, ки ҷон софй шуда бошад дар хоб, пеш аз он ки бо маҳсусот муовадат ку- над, ҳар чи ба вай расад, асар беш кунад, то агар овози хуш шунавад, ки аз хоб дарояд, асар дар вай беш кунад. Ва сабаби он сафои дил бошад аз маҳсусот ва ҳаргиз тамом софӣ нагардад дар ин ҷаҳон; ва чун бимирад, муҷарраду софй шавад аз асари маҳсусот, он гоҳ ранҷу роҳати вай азим мутамаккин бошад дар вай, то гумон набарй, ки он оташ хоҳад буд, ки дар дунёст, балки ин оташро ба ҳафтод об бишустаанд, он гоҳ ба дунё фиристода. Ва он оташи шарму ташвир бошад аз расвоиҳо. Ва мисоли ин оташ он бувад, ки подшоҳе марди ҳақиру хасис- ро баркашад ва баргузинад ва ниёбати мамлакати хеш бад-ӯ диҳад ва вайро дар ҳарими хеш роҳ диҳад, то ҳеч кас аз вай ҳиҷоб накунад ва хи- зонаи хеш бар вай супорад ва ба ҳама корҳо бар вай эътимод кунад. Пас, чун он неъматҳо биёбад, дар ботин ёғй саркаш, нофармон ва тоғӣ си- тамгар шавад ва дар хизонаи вай тасарруф кунад ва бо аҳлу ҳарами вай хиёнат ва фасод мекунад ва ба зоҳир амонат фаро подшоҳ менамояд. Пас, як рӯз дар миёни он фасод, ки бо ҳарами вай мекунад, нигоҳ кунад ва подшоҳро бибинад, ки аз равзане менигарад ва вайро мебинад; ва би- донад, ки ҳар рӯз ҳамчунин медидааст ва таъхир барои он кардааст, то хиёнати вай азимтар шавад, то вайро ба як роҳ наколе 1 гардонад ва ҳалок кунад. Такдир кун, ки андар ин ҳол чй оташи ташвир аз ин расвоӣ дар дилу ҷони мард ояд ва тани вай ба саломат, ки хоҳадй, ки андар ин ҳол ба замин фурӯ шавадй, то аз оташи ин ташвир ва хиҷлату фазиҳат бираҳадй! Пас ҳамчунин ту дар ин олам корҳо мекунӣ - ба одат, ки зоҳири он некӯ намояд ва рӯҳу ҳақиқати он зишт ва расвост. Чун рӯҳу ҳақиқати он чиз дар қиёмат туро макшуф шавад ва расвоии ту ошкоро шавад, ту ба оташи ташвир сӯхта гардй. Масалан, имрӯз ғайбат мекунй ва фардо дар 1 Уқубату азобест, ки барои ибрати дигарон бар касе ворид месозанд. Бинигар, ки чй гуна расво гар- дад ва чи оташ ба дили вай расад. Ва рӯху ҳақиқати ғайбат ин аст ва ин рӯҳ аз ту пӯшида аст, фардо ошкоро шавад. Ва барои ин аст, ки касе ба хоб бинад, ки гӯшти мурда мехӯрад, таъбир ин аст, ки ғайбат кунад. Ва агар ту имрӯз санге дар деворе меандозй, касе туро хабар диҳад, ки он санг аз девор ба хонаи ту меафтад ва чашми фарзандони туро кӯр ме- кунад, дар хона шавй, чашми фарзандони азиз бинй аз санги ту кӯр шу- да, донй, ки чй оташ дар дили ту афтад ва чй гуна расво гардӣ. Касе, ки дар ин ҷаҳон мусалмонеро ҳасад кунад, дар қиёмат хештанро бар ин си- фату сурат бинад, ки ҳақиқати ҳасад ва рӯҳи вай он аст, ки ту қасд мекунӣ ба душмане, ки вайро зиён намедорад ва зиён бо ту меояд ва ди- ни ту ҳалок мекунад ва тоатҳои ту, ки нури чашми ту дар он хоҳад буд, бо девони дафтар, номаи амал вай накд мекунанд, то ту бетоат бимонӣ. Ва тоат туро фардо ба кор омадатар хоҳад буд аз чашми фарзандони ту имрӯз, ки он сабаби саодати туст ва фардо фарзандон сабаби саодати ту наанд. Пас фардо, ки суратҳо табаъи арвоҳ ва ҳақоиқ шавад, ҳар чизе, ки бибинанд, ба сурате бинанд, ки дархӯри маънии вай бошад. Фазиҳату ташвир он ҷо хоҳад буд. Ва бад-он сабаб, ки хоб бад-он олам наздиктар аст, корҳо дар хоб ба сурате бошад мувофиқи маънӣ. Чунон ки яке наздики Ибни Сирин рафт, гуфт: «Ба хоб дидам, ки ангуштарй буд дар дасти ман ва мӯҳр бар фарҷи занон ва даҳони мардон мениҳодаме! » Гуфт: «Ту муаззинй, дар моҳи рамазон, пеш аз субҳ бонги намоз мекунӣ? » Гуфт: «Чунин аст». Ак- нун нигоҳ кун, ки дар хоб чй гуна рӯҳ ва ҳақиқати муомилаи вайро бар вай арза карданд, ки бонги намоз ба сурати овозе аст ва зикре аст ва дар моҳи рамазон рӯҳу ҳақиқати вай манъ кардан аст аз хӯрдан ва мубошират кардан. Ва аҷаб он, ки дар хоб ин ҳама намудгор аз қиёмат ба ту намуда- анд ва туро аз ҳақиқати дунё ҳеч огоҳй нест. Ва аз ин маонй аст, ки дар хабар чунин аст, ки «рӯзи қиёмат дунёро биёваранд ба сурати пирзане чунину чунин, ҳар ки вайро бибинад, гӯяд: «Наъузу биллоҳи минка» 1. Гӯянд: «Ин он дунёст, ки ту дар талаби вай хештанро ҳалок мекардӣ! Чандон ташвир хӯранд - ҳар он ки вайро би- нанд, ки хоҳанд, ки эшонро ба оташ баранд, то аз шарми он бираҳанд». Ва мисоли ин расвоиҳо чунон аст, ки ҳикоят кунанд, ки яке аз мулук писари хешро зан дода буд. Писар он шаби пешин шароб хӯрда буд, чун 1 Паноҳ мебарем ба Худо аз ту. Чун даршуд, қавмеро дид хуфта, ҳарчанд овоз дод, касе ҷавоб надод; пиндошт, ки дар хобанд. Якеро дид чодари наве даркашида; гуфт: «Ин арӯс аст». Дар ба- ри вай бихуфт ва чодар аз вай боз кард, бӯе хуш ба бинии вай расид, гуфт: «Бешак арӯс аст, ки бӯе хуш ба кор доштааст». То рӯз бо вай му- бошират мекард ва забон дар даҳони вай мекард ва рутубатҳо аз вай ба вай мерасид, мепиндошт, ки вайро мардумй лутфу марҳамат ва рафто- ри инсонй мекунад ва гулоб бар вай мезанад. Чун рӯз баромад ва бо ҳуш омад, нигоҳ кард он гӯристони габракон буд. Ва он хуфтагон мурда- гоне буданд ва он, ки чодари нав дошт, ки пиндошт, арӯс аст - пирзане буд зишт, ки дар он наздикй мурда буд ва ин бӯе хуш аз ҳанути хушбӯие, ки ба бадани мурда мемоланд вай меомад ва он рутубатҳо, ки бар вай падид мешуда буд, ҳама наҷосатҳои вай буд. Ва чун нигоҳ кард ҳафт, андоми хеш дар наҷосат дид ва дар даҳони хеш ва гулӯ аз оби даҳони вай талхй ва нохушӣ ёфт, хост, ки аз ташвиру расвоӣ ва олудагии он ҳалок шавад ва тарсид, ки набошад мабодо , ки подшоҳ ва лашкар вайро бибинанд. То дар он андеша буд, подшоҳ ва мӯҳташамони лашкар дар талаби вай биёмада буданд ва вайро дар миё- ни он фазиҳат бидиданд. Ва ӯ мехост, ки ба замин фурӯ шудй, то аз он фазиҳат бирастӣ. Пас, фардо ҳама аҳли дунё, лаззатҳо ва шаҳватҳои дунё ҳам бар ин си- фат бинанд. Ва асаре, ки аз мулобисати пӯшидан, алоқа ва майли ша- дид доштан шаҳавот дар дили эшон монда бошад, ҳамчун асари он наҷосатҳо ва талхиҳо бувад, ки дар гулӯ ва забону андоми вай монда бу- вад ва расвотару азимтар! Ки тамомӣ ва саъбии кори он ҷаҳон мисоле наёрад, валекин ин намудгоре андак аст шарҳи як оташро, ки дар дилу ҷон афтад ва колбад аз он бехабар, ки онро оташи шарму ташвир гӯянд. Сифати оташи саввум ҳасрати маҳрум мондан бувад аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият ва навмед шудан аз ёфтани он саодат. Ва сабаби он нобиноӣ ва ҷаҳл бошад, ки аз ин ҷаҳон бурда бувад, ки маърифат ҳосил накарда бувад, ба таълим ва муҷоҳида; ва низ дилро софӣ накарда бо- шад, то ҷамоли ҳазрати Илоҳият дар вай бинамояд, пас аз марг, чунон ки дар оинаи равшан намояд, ки зангори маъсият ва шаҳавоти дунё ди- ли вайро торик гардонида бошад, то дар нобиной бимонад. Ва мисоли он оташ чунон бувад, ки такдир кунӣ ту, ки бо қавме ба шаби торик ҷое расй, ки он ҷо сангреза бисёр бувад, ки лавни вай ната- 98 вон дид. Ёрони ту гӯянд, ки: «Чандон ки тавонй, аз ин бардор, ки мо шу- нидаем, ки дар ин манфиати бисёр бувад». Ва ҳар кас аз эшон чандон ки тавонанд, баргиранд ва ту ҳеч барнагирӣ, гӯӣ: «Ҳамоқати тамом бошад, ки ба накд ранҷ бар хештан ниҳам ва бори гарон мекашам ва худ надо- нам, ки фардо ин ба кор ояд ё на? » Пас эшон ин бор мекашанд ва аз он ҷо бираванд ва ту тиҳидаст бо эшон ҳамеравӣ ва бар эшон ҳамехандӣ ва эшонро ба аҳмақӣ гирифта, бар эшон афсӯс медорӣ ва мегӯӣ: «Ҳар киро акд бувад ва зиракӣ бошад, осону осуда меравад, чунин ки ман меравам; ва ҳар ки аҳмақ бувад, аз хештан харе созад ва бор мекашад бар тамаъи муҳол». Чун ба рӯшноӣ расад, нигоҳ кунад, он ҳама гавҳару ёқути сурх бошад ва қимати ҳар яке аз он - сад ҳазор динор. Он қавм ҳасрат хӯранд, ки чаро бештар барнагирифтем ва ту аз ғабни зиёни он, ки ҳеч барнагирифтӣ, ҳалок шавӣ ва оташи он ҳасрат дар ҷони ту афтад. Пас, эшон он бифурӯшанд ва вилояти рӯи замин бад-он бигиранд ва неъматҳо, чунон ки мехоҳанд, мехӯранд ва он ҷо, ки мехоҳанд, мебошанд ва туро гуруснаву ташна ва бараҳна доранд ва ба бандагӣ гиранд ва кор мефармоянд. Ҳарчанд ту гӯӣ: «Аз ин неъмати хеш маро насибе кунед» - «Афизу ъалайно мина-л-мои ав миммо разақакумуллоҳу. Қолу инналлоҳа ҳаррамаҳумо ъала-л-кофирин» 1 , гӯянд: «ту дӯш на бар мо механдидӣ, мо имрӯз бар ту механдем» - «Ин тасхару минно фа инно на- схару минкум камо тасхаруна» 2. Пас, мисоли ҳасрати фавт шудани неъмати биҳишт ва дидори Ҳақ азза ва ҷалла ин аст. Ва ин ҷавоҳир мисоли тоатҳост. Ва ин торикй мисоли дунёст. Ва касоне, ки ҷавоҳири тоат барнадоштанд, ки гуфтанд: «Дар ҳол ранҷи накд чаро кашем барои неъмати нася, ки дар шак аст? » Фардо фарёд ҳамекунанд: «Афизу ъалайно мина-л-мои... » Ва чаро ҳасрат наба- ранд, ки фардо чандоне анвои саодат ва неъмати Эзад азза ва ало бар аҳли маърифату тоат резад, ки ҳама неъматҳои дунё дар муқобилаи як соати он набошад. Балки охир касеро, ки аз дӯзах берун оваранд, чандон ба вай диҳанд, ки даҳ бор мисли ин дунё бувад.

Last updated